МСАП вазифаҳои ояндаро муайян мекунад

Дар Москва дар доираи ҳамоиши байналмилалии “Ҳафтаи рақобат дар Русия” ҷаласаи 43-юми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ (МСАП) доир гашт.

Дар кори он намояндаҳои сохторҳои рақобатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, инчунин комиссияи иқтисодии Авруосиё ва ҳамкории ғайритиҷоратии “Мусоидат ба рушди рақобат дар кишварҳои ИДМ” ширкат доштанд.

Ҷаласаро раиси МСАП – сардори Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия Игор Артемев ифтитоҳ намуд. У ба идораҳои зиддииинҳисории Иттиҳод барои корҳои анҷомдода дар бозорҳои фаромарзӣ, хоса дар бозори фарматсевтӣ ва алоқа арзи сипос намуд.

Сардори Котиботи МСАП Аъзам Усмонов зикр намуд, ки ин бинобар тақвияти ҷиддии иртиботи байни сохторҳои зиддиинҳисорӣ имконпазир гашт.

Дар ҷараёни ҷаласа сарони идораҳои рақобатии ИДМ аз муҳимтарин воқеа ва дастовардҳо дар соли равон сухан карданд.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон бо истифодаи таҷрибаи ИДМ лоиҳаи қонун дар бораи ҳимояи рақобат таҳия карда, чун дар Молдова, ҳамкориро бо дигар соторҳои марбута, аз ҷумла бо кумитаи андоз густариш доданд.

Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии МСАП баҳори соли оянда дар Арманистон доир мегардад.