Вохўрӣ бахшида ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март бо соҳибкорони шаҳри Душанбе

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2018” рўзи 12 марти соли 2018 дар долори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо соҳибкорон ва истеъмолкунандагон вохўрӣ гузаронид.


Мақсади асосии баргузории чорабиниҳои мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардошдани сатҳи маърифатнокӣ ва савияи дониши соҳибқорон ва истеъмолқунандагон оид ба риояи талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолқунандагон мавриди хариди мол ва пешниҳоди кору хизматрасониҳо ба ҳисоб меравад.

Дар вохўрии мазкур намояндагони мақомотҳои ваколатдори соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертифиқатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонқи миллии Тоҷикистон, истеъмолкунандагон, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Сараввал дар вохўрӣ Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон С. қодирзода баромад намуда, оид ба ваколатҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, моҳияти таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои соҳибкорон ҳангоми фурўши мол (кору хизматрасонӣ) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда суханронӣ намуд.

қайд гардид, қи дар Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 деқабри соли 2017 оид ба ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст, изҳори нигаронӣ карда шуд.

ҳамчунин, тибқи банди 28 қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» аз 23 январи соли 2018, №34 сохторҳои ваколатдор, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ѓайристандартӣ, инчунин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Аз ин лиҳоз, масъулини мақомотҳои вақолатдорро водор месозад, ки назорати ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ҳангоми харидани моли (қабули кор, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии онҳо бехатар пурзўр намоянд.

Сипас, оид ба моҳияти талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» сармутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисорӣ қурбонов Р. П., тариқи намоиш-слайд баромад намуд.

Инчунин, ба иштирокчиёни вохўрӣ маводҳои таблиѓотӣ дар мавзўи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолқунандагон тақсим қарда шуд.

Дар хотима, Сардори Шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қурбонов Д. М., низ баромад намуда, ба соҳибкорон тавсия дод, ки ҳангоми воридот, фурўши мол ва иҷрои кору хизматрасонӣ фаъолияташонро дар доираи талаботҳои қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба роҳ монанд.