вохўрӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №8 шаҳри Душанбе

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2018 санаи 23 феврали соли 2018 бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №8 ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе вохўрӣ гузаронид.


Дар вохурии мазкур намояндагони мақомотҳои вақолатдори соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, аз ҷумла, Агентии стандартизатсия, метролоғия, сертифиқатсия ва нозироти савдои назди ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷиқистон ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба фаъолияти мақомотҳои вақолатдори соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба ҳозир маълумоти муфассал доданд.

Инчунин, ба иштирокчиён моҳияти таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолқунандағон – 15 март, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолқунандагон” ва диғар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалқунанда фаҳмонида дода шуда, намоиш- слайд манзури иштирочиён карда шуд.

Сипас, ҳозирин ба саволҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла, оид ба хариди мол, хизматрасонии обу корезӣ, истифодабарӣ ва пардохти барқ, доруворӣ, хўрокворӣ, сохтмон, хизматрасонии нақлиёти мусофирбар ва ғайра ҷавобҳои мушаххас доданд. ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқҳои истеъмолии (матлуботии) донад ва ва ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳояшон ба мақомотҳои вақолатдор муроҷиат намоянд.

Инчунин, ба иштироккунандагон маводҳои таблиғотӣ дар намуди буклетҳо тақсим карда дода шуд.