вохўрӣ бо кормандони Маркази саломатии №1-и шаҳри Душанбе


Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2018 санаи 16 феврали соли 2018 бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология,

сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон вохўрӣ баргузор намуданд.



Дар вохўрӣ маъмурият ва табибон ширкат варзида, аз ҷониби ташкилкунандагони вохўрӣ ба ҳозирин моҳияти таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалқунанда фаҳмонида дода шуд.

ҳамзамон, тариқи намоиш-слайд дар мавзўи “ҳимояи ҳуқуқи истеъмолқунандагон дар ҷумҳурии Тоҷикистон ” призентатсия манзури ҳозирин гардида, аз ҷониби масъулини мақомотҳои ваколатдор ба саволҳо оид ба хариди маводҳои доруворӣ, нархномаи хизматрасонии пулакии тиббӣ ба аҳолӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, сифати молҳои озуқаворӣ ва ғайра аз ҷониби намояндагони мақомотҳои ваколатдори соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. шуд.

Инчунин, дар рафти вохўрии мазкур ба иштироккунандагон маводҳои таблиғотӣ дар намуди буклетҳо тақсим карда шуд.