Баргузории нишасти матбуотӣ

Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 мутобиқи амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729  рўзи 15 феврали соли ҷорӣ дар Хадамот нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рўзномаҳои «ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» АМИТ «Ховар, ҳафтавори «Азия плюс» ва дигарон доир гашт.

Дар оғоз ба ҳозирин ба таври мухтасар аз корҳои анҷомдода дар давраи сипаригашта маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Сипас ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба баланд будани нархи интернет, сўзишвории авиатсионӣ, фоизи қарзи бонкӣ, нуқтаҳои таъмири техника, ситонидани маблағи комиссионӣ аз ҷониби терминалҳои худкори алоқаи барқӣ ва вобаста ба тағйирёбии нархи хизматрасонии нақлиёти  мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҷавобҳои мушаххас дода шуд.