Март 2018

Чоршанбе 28 Март 2018

Суханронӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе


Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон табрик мегӯям.

Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Read more


Душанбе 19 Март 2018

ба имзо расидани ёддошти тафоҳум

Баргузории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаро шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ номида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва бо итминон иброз дошт, ки ҷониби Қазоқистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд.

Read more


Ҷумъа 16 Март 2018

Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар Остона

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Read more


Панҷшанбе 15 Март 2018

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев













Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 14 марти соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар овони 25-умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баргузор гардид, Сарони давлатҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ошкорбаёнии ҳамаҷониба дурнамои тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро, муҳокима намуданд.

Read more


Сешанбе 13 Март 2018

Вохўрӣ бахшида ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март бо соҳибкорони шаҳри Душанбе

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2018” рўзи 12 марти соли 2018 дар долори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо соҳибкорон ва истеъмолкунандагон вохўрӣ гузаронид.

Read more

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ









Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

Read more


Чоршанбе 07 Март 2018

вохўрӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №8 шаҳри Душанбе

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2018 санаи 23 феврали соли 2018 бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №8 ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе вохўрӣ гузаронид.

Read more

Blog Calendar