Сешанбе, 13 Март 2018
Вохўрӣ бахшида ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март бо соҳибкорони шаҳри Душанбе

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон - 15 марти соли 2018” рўзи 12 марти соли 2018 дар долори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо соҳибкорон ва истеъмолкунандагон вохўрӣ гузаронид.

Read more

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ









Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

Read more

Blog Calendar