ШАРТНОМА

дар бораи самтҳои асосии ҳамкории

давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо

 

Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчиёни Шартномаи мазкур, минбар Ҷонибҳо,

бо назардошти зарурати фаъолсозии муносибатҳои тиҷоратӣ миёни давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

бо мақсади рушди  интегратсияи иқтисодии давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳод,

дар самти татбиқи Шартнома дар бораи бунёди минтақаи озоди тиҷоратӣ аз 15 апрели соли 1994 ва Протокол дар бораи воридсозии тағйироту иловаҳо ба он аз 2 апрели соли 1999 амал карда,

ба пайваста баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишварҳои худ кӯшида,

муҳимии ҳамкории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳодро дар таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо аз молҳо, корҳо, хизматрасониҳои бесифат дарк карда,

аҳамияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо ба эътибор гирифта,

меъёрҳои амалкунандаи байналмилалии ҳуқуқ, аз ҷумла Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 9 апрели соли 1985 «Дар бораи меъёрҳои асосии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо»-ро эътироф карда ва ба эътибор гирифта,

бо мақсади пешбурди сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо ба мувофиқаи зерин расиданд:

 

Моддаи 1

Барои мақсадҳои Шартномаи мазкур муқаррароти зерин истифода мешаванд:

қонунгузории миллӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо – маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар кишвар амал ва муносибатҳоро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо танзим менамоянд;

истеъмолкунанда - шаҳрванде, ки ният дорад мол (иҷрои кор,  хизматрасонӣ)- ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд,  ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ (маишӣ),  ки  бо  анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;

истеҳсолкунанда -  ташкилоте,  ки  новобаста аз  шакли  моликият,  инчунин соҳибкори инфиродие,  ки молро ҷиҳати фурӯш ба истеъмолкунандаҳо истеҳсол мекунанд;

иҷрокунанда - ташкилоте,  ки новобаста аз шакли моликияташ, инчунин соҳибкори инфиродие, ки барои истеъмолкунандагон кор иҷро мекунанд ё хизмат мерасонанд;

 

фурӯшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликияташ, инчунин соҳибкори инфиродие,  ки молро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба истеъмолкунандаҳо мефурӯшанд;

субъектҳои хоҷагидори бевиҷдон - фурӯшандаҳо, истеҳсолкунандаҳо, иҷрокунандаҳое, ки дар фаъолияти худ қонунгузориро дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо, таомули муомилоти тиҷоратиро вайрон мекунанд, агар ин вайронкуниҳо ба шаҳрвандҳо-истеъмолкунандаҳо ва/ё ба муҳити атроф зарари мулкӣ ё ғайримулкӣ расонда метавонанд ё расондаанд;

иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандаҳо, мувофиқи қонунгузориҳои миллии давлатҳои иштирокчиёни Шартномаи мазкур ба қайд гирифта шудаанд - иттиҳодияҳо (ташкилотҳои) ғайритиҷоратии шаҳрвандон ё ашхоси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои истеъмолкунандаҳо бунёд карда шудаанд, инчунин созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ, ки дар ҳудуди ҳама ё якчанд давлатҳои иштирокчиёни Шартномаи мазкур амал мекунанд;

Моддаи 2

Мақсади Шартномаи мазкур бунёди асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкории Ҷонибҳо доир ба пешбурди сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо мебошад, ки ба ташаккули шароитҳои баробар барои шаҳрвандони давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳод доир ба ҳимояи манфиатҳои онҳо аз фаъолияти бевиҷдонона, ки дар ҳудуди давлатҳои иштирокчиёни Шартномаи мазкур амал мекунанд, равона карда шудааст.

Моддаи 3

Ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо ва ҳимояи онҳо бо қонунгузории миллӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо, инчунин Шартномаи мазкур кафолат дода мешавад.

Шаҳрвандони ҳар давлати иштирокчии ИДМ, инчунин дигар ашхоси дар ҳудуди он истиқоматкунанда дар ҳудуди дигар давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳод нисбати ҳуқуқҳои истеъмолии худ аз айни ҳимояи ҳуқуқие, ки шаҳрвандони ин давлатҳо доранд, истифода мебаранд ва дар айни шароитҳое, ки шаҳрвандони ин давлатҳо доранд, ҳуқуқи муроҷиат кардан ба ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба ҳимояи ҳуқуқхои истеъмолкунандаҳо, дигар созмонҳо доранд, ба судҳо даъво пеш оран два дигар амалҳои мурофиавӣ анҷом диҳанд.

Моддаи 4

Ҷонибҳо ҳамкориро доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо бо назардошти қонунгузории миллӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо, меъёрҳои умумии эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин соҳа дар самтҳои зерин ба роҳ мемонанд:

таъмини истеъмолкунандаҳо, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандаҳо бо маълумоти оперативӣ ва мӯътамад дар бораи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), истеҳсолкунандаҳо (фурӯшандаҳо, иҷрокунандаҳо);

андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии фаъолияти субъектҳои хоҷагидори бевиҷдон ва даромадани молҳои (хизматрасониҳои) бесифат ба ҳудуди давлатҳои иштирокчиёни Шартномаи мазкур;

фароҳамсозии шароит барои истеъмолкунанда, ки ба интихоби озоди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бо роҳи рушди рақобати бовиҷдонона мусоидат мекунад;

татбиқи барномаҳои маърифатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо чун қисми таркибии таълими шаҳрвандон дар системаҳои маорифи давлатҳо;

ҷалбсозии васоити ахбори омма, аз он ҷумла  радио  ва телевизион ба тарғиб ва инъикоси муттасили масоили ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо;

наздиксозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо ба ҳадде, ки он барои татбиқи Шартномаи мазкур зарур аст.

Моддаи 5

Ҷонибҳо ба фароҳамории шароитҳо, аз ҷумла, ҳуқуқӣ барои фаъолияти иттиҳодияҳои мустақили ҷамъиятии истеъмолкунандаҳо, иштироки онҳо дар ташаккули сиёсат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои истеъмолкунандаҳо ва тартиби баррасии шикояти истеъмолкунандаҳо дахл мекунанд, инчунин ба бунёди системаи мубодилаи ахбори истеъмолӣ миёни Ҷонибҳо мусоидат мекунанд.

Моддаи 6

Шартномаи мазкурро мақомоти дахлдори миллии давлатҳои иштирокчиёни Шартномаи мазкур дар ҳудуди ваколатҳояшон, ки қонунгузории миллиии онҳо муқаррар кардааст, ба амал мебароранд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти Ҷонибҳоро доир ба татбиқи Шартномаи мазкур Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ба амал мебарорад.

Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандаҳо дар раванди татбиқи Шартномаи мазкур ҳамкорӣ мекунад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандаҳо дар татбиқи Шартномаи мазкур тибқи оинномаҳои худ ва қонунгузориҳои миллӣ иштирок карда метавонанд.

Моддаи 7

Муқаррароти Шартномаи мазкур ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки Ҷонибҳо тибқи дигар шартномаҳои байналмилалӣ қабул кардаанд, дахл намекунад.

Моддаи 8

Шартномаи мазкур аз лаҳзаи ба имзо расондан мавриди амал мешавад, барои давлатҳое, ки қонунгузории онҳо иҷрои тартиби дохилидавлатии барои ба ҳукми амал даромаданаш зарурро тақозо мекунад – аз рӯзи ба нигоҳдорӣ ба депозитарий супурдани асноди дахлдор.

Моддаи 9

Ба Шартномаи мазкур метавонанд бо ризоияти Ҷонибҳо тағйироту иловаҳо ворид созанд, ки онҳо бо протоколҳои алоҳида таҳия мегарданд ва қисми таркибии Шартнома маҳсуб мешаванд.

Моддаи 10

Масоили баҳснок, ки бо истифода ва тавзеҳи Шартномаи мазкур алоқаманданд, бо роҳи машварат ва гуфтушуниди Ҷонибҳои манфиатдор ҳал карда мешаванд.

Моддаи 11

Шартномаи мазкур ба муддати панҷ сол аз рӯзи мавриди амал шуданаш амал мекунад. Баъди ба охир расидани ин мӯҳлат Шартномаи мазкур ба таври автоматӣ ҳар дафъа барои панҷ сол тамдид карда мешавад, агар Ҷонибҳо қарори дигар қабул накунанд.

Моддаи 12

Ҳар Ҷониб метавонад аз Шартномаи мазкур хориҷ шавад, бо фиристодани огоҳии хаттӣ аз ин хусус ба депозитарий на дертар аз шаш моҳ то санаи хориҷшавӣ.

Моддаи 13

Шартномаи мазкур барои дигар давлатҳо, ки бо мақсаду принсипҳои он ҳамрайъ мебошанд, кушода аст, тавассути ба депозитарий ирсол кардани аснод дар бораи чунин ҳамроҳшавӣ.

Дар шаҳри  Москва 25 январи соли 2000 дар як нусхаи асл ба забони русӣ содир шудааст. Нусхаи асл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳфуз дошта мешавад, ки он ба ҳар давлати Шартномаи мазкурро имзокарда нусхаи тасдиқнамударо мефиристад.