Шӯрои байнидавлатӣ  оид ба

сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

Дар асоси Шартнома оид ба татбиқи сиёсати мувофиқашудаи зиддиинҳисорӣ аз 23 декабри соли 1993 Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ (ШБСЗ) таъсис дода шуд, ки Низомномаи он қисми таркибии Шартнома маҳсуб мешавад.

Ба ҳайати ШБСЗ сардорони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни ИДМ дохил мешаванд. Айни замон ШБСЗ амалан ягона арсаи ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии ИДМ ба шумор меравад. 

Дар шароити афзудани манфиатдории мутақобила ба вусъат додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳои Иттиҳод зарурат ба ҳамкории мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни ИДМ боло меравад. Масоили сиёсати рақобат қариб ягона соҳаи ҳамкории байналмилалӣ мебошад, ки дар он ихтилоф дар дарки принсипҳои асосии танзими муносибатҳои рақобатӣ вуҷуд надорад.

Номгӯи масъалаҳое, ки дар доираи ШБСЗ мавриди баррасӣ қарор меёбад, пайваста зиёд мегардад ва тамоми соҳаҳои фаъолияти мақомоти рақобатии давлатҳои иштирокчиёни ИДМ-ро фаро мегирад. Ҳамкорӣ дар доираи ИДМ минбаъд метавонад заминаи ташаккули системаи фаромиллии танзими муносиботҳои рақобатнок дар бозорҳои транссарҳадӣ дар фазои ИДМ, шабеҳи амсилаи аврупоии танзими чунин муносибатҳо гардад.

Айни замон ҳамкорӣ дар доираи ШБСЗ ба марҳилаи сифатан нав
расидааст. Дар яке аз охирин ҷаласаҳои ШБСЗ қарор қабул карда шуд, ки мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои ИДМ тадқиқоти якҷояи амалияи зиддиинҳисории ширкатҳоеро гузаронанд, ки дар бозорҳои транссарҳадии ҳудуди ИДМ амал мекунанд.