Муносибатҳои байналмиллали

25 январи соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи дар бораи амалӣ намудани сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни ИДМ-ро ба имзо расонид. Мақсади Созишномаи мазкур ин ташкили асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои давлатҳои иштирокчиёни ИДМ доир ба гузаронидани сиёсати зиддиинҳисории мутобиқкардашуда ва рушди рақобат, инчунин бартараф кардани омилҳои манфӣ барои савдо ва рушди иқтисод, к ибо сабаби фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона ба манфиатҳои иқтисодии давлатҳои иштирокчиёни ИДМ зараровар аст, дар  бар мегирад;

Вазифаҳои асосии Созишнома:

- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак барои огоҳ намудан, маҳдудкунӣ ва пешгирии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

- мутобиқ гардонидани қонунгузории инҳисорӣ дар сатҳи зарурӣ, ҷиҳати татбиқ намудани Созишнома;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои молӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- Барои амалӣ намудани Созишномаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории (ШБСЗ) давлатҳои иштирокчиёни ИДМ ташкил дода шудааст, ки вазифаҳои он таҳия ва усулҳои баҳодиҳӣ ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона, тартиби тафтишоти вайронкунии қоидаҳои рақобат, инчунин таҳия кардани қоидаҳо ва тартиби таъсиррасонӣ ба субъектҳои хоҷагидор, мақомотҳои ҳукуматӣ ва идоракунӣ, ки ба вайронкунии қоидаҳои рақобат дар бозори мол роҳ медиҳанд ва ба мувофиқарасонии онҳо бо аъзоёни давлатҳои иштирокчиёни ШБСЗ мебошад.

Ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатӣ на дертар аз 2 маротиба дар як сол гузаронида мешаванд, дар ҳолати зарурӣ ҷаласаҳои ѓайринавбатӣ баргузор мегарданд.

Ҷаласаҳо бо навбат дар давлатҳои иштирокчиён гузаронида мешаванд.

Дар арафаи 20 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Протоколи ҷаласаи махсуси 33-юми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, ҷаласаи навбатии 34-ӯми Шӯрои мазкур ва ҷаласаи 17 –ӯми Ситоди корӣ оид ба тафтишоти муштарак дар самти баррасии қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ 15 – 16 –ӯми июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе багузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ як қатор масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз он ҷумла:

- оиди иҷрои қарорҳои 33-юми ҷаласаи Шӯро;

- оиди рушди сиёсати рақобатнокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳила;

- оиди натиҷаҳои тафтишоти муштарак дар самти баррасии қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ дар давлатҳои иштирокчиёни ИДМ;

- оиди рушди рақобат ѓайри инҳисорӣ намудани бозори таъминоти сузишворӣ дар фурӯдгоҳҳо;

- оиди таҷрибаи танзими зиддиинҳисорӣ дар бозори фармасефтӣ дар давлатҳои иштирокчиёни ИДМ;

- оиди масъалаҳои сиёсати рақобатнокӣ дар доираи Итиҳоди гумрукӣ.

Қобили қайд аст, ки нисбати дар сатҳи ташкилии баланд гузаронидани чунин маърака аз тарфи Роҳбари Шӯро мактуби миннатдорӣ ба унвони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ирсол гардид.