Натиҷаи санҷиши нақшавии фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ»

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти реқламавӣ дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 9 апрели соли 2018, №40 бо мақсади таъмини иҷрои банди 28 «Санҷиши нақшавии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ҷиҳати риояи талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» аз 16 то 20 апрели соли 2018 санҷиши нақшавӣ гузаронид.

Муфассал...
 
ҳисобот оид ба фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018

Фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 деқабри соли 2017 зиқр гардидаанд, қарору супоришҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, протоқолҳои маҷлисҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, нигаронида шуда буд.

Муфассал...
 
Маълумотнома оид ба натиҷаи санҷиши нақшавии фаъолияти Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе

Дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2018, №17 бо мақсади таъмини иҷрои банди 25 «Санҷиши нақшавии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ҷиҳати риояи талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе аз 12 то 16 феврали соли 2018 санҷиши нақшавӣ гузаронида шуд.

Муфассал...
 
Уфуқҳои нави рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сайёҳӣ дар замони муосир аз муҳимтарин соҳаҳои бо кор таъмин сохтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Даҳсолаҳои охир сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти бисёр кишварҳои дунё нақши муассир мебозад, зеро аксари давлатҳо судмандии соҳаи мазкурро дарк намудаанд ва барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешанд

Муфассал...
 
15 март - Рўзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон

Мафҳуми муосири «ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» аз эътирози расмии шаҳрвандони амрикоӣ нисбат ба фурўшандаҳои хўроквории вайронгашта дар иёлати Массачусетс соли 1775 ибтидо гирифтааст. Тадриҷан ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ИМА диққат дода, ҷиҳати ташаккули қонунгузорӣ дар ин соҳа замина гузошта шуд ва соли 1890 аввалин маротиба қонуни зидддиинҳисории Шерман қабул гардид. Соли 1960 Созмони байналмилалии ҷамъиятҳои истеъмолгарон арзи ҳастӣ кард, ки айни замон ба он беш аз 200 ташқилоти миллии давлатӣ, ҷамъиятӣ, минтақавии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон шомил аст.

Муфассал...
 
<< Начало < Предыдущий 1 2 3 4 5 6 7 8 Далее > Конец >>

Сах 1 аз 8