Бо  фармоиши Хадамот

аз 31 январи соли 2014 №10

тасдиқ карда шудааст

Низомномаи

Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

 

1. Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат (минбаъд Раёсат) воҳиди сохтории Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) буда, вазифаҳоро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи пешгирии сиёсати инҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат ва фаъолияти худро таҳти роҳбарии умумии Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва муовини аввали Сардор - сарпарасти Раёсат  амалӣ менамояд.

2. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №227 тасдиқ шудааст, қарорҳои Ҳайати мушовараи Хадамот, фармоишҳои Хадамот ва Низомномаи мазкурро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

3. Раёсат ба фаъолияти мақомоти маҳаллии зиддиинҳисорӣ оид ба масъалаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур пешбинишуда назорат намуда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад.

4. Раёсат аз рӯи нақшаи кории аз ҷониби роҳбарияти Хадамот тасдиқшуда кор мебарад.

5. Сохтор ва воҳидҳои кории Раёсат аз рӯи ҷадвали воҳиди кории Хадамот муайян карда мешавад.

 

II. Ваколатҳои Раёсат

 

6. Раёсат дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

-татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии фаъолияти инҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат;

- таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини ҳимояи рақобат, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва дигар шароит, ки ба ташаккули рақобати солим дар бозорҳои мол ва рушди он равона гаридааст;

- таҳияи пешниҳодот оид ба татбики чорабиниҳое, ки  ба пешгирии фаъолияти инҳисорӣ, ҳимоя ва рушди рақобат, танзими фаъолияти субъектҳои хочагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд;

- ба мақомоти хокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои субъектҳои хочагидор оид ба гузаронидани чорабиниҳои ба мусоидати ҳимоя ва рақобати солим нигаронидашуда тавсияҳо медиҳад;

- андешидани чораҳо оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол, пешгирӣ, махдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

- таъмини иҷрои қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияи онҳо;

- таҳия ва тасдиқи Низомнома оид ба танзими нарх ба маҳсулот ва моли тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор ва доминантҳо;

- таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, тартиби танзими муайян намудани нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо, ки дар бозорҳои молӣ мавқеи ҳукмфармо ё инҳисорӣ доранд;

- назорати хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор, ки метавонанд боиси ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гарданд  ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;

- таъмини назорати давлатӣ аз рӯи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ оид ба риояи қонунгузории зиддииинҳисорӣ;

- бо мақсади пешгирӣ, маҳдудсозӣ ва бартараф намудани рақобати носолим иштирок намудан дар савдоҳо ва музоядаҳо ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ;

-  ирсол намудани пешниҳодот ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот оид ба ҷорӣ ва ё бекор намудани иҷозатномаҳо, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди дастгирии давлатӣ;

- додани иҷозати пешакӣ барои фароҳам овардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

- додани хулосаҳо вобаста ба вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ;

- таҳлил намудани ҳолати рақобат дар бозорҳои мол;

- муқаррар намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаяйн ва тасдиқ намудани тартиби пешбурди Феҳристи субъекҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд;

- ба мувофиқа расонидани тарифҳои хизматрасонии пулакии мақомоти хокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худиидоракунии  шаҳрак ва деҳот ва субъекҳои хочагидоре, ки ба доираи идоракунии онҳо дохиланд;

- татбиқи чораҳо оид ба қатъ намудани амалҳои мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани суистифодаи субъекти хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амалҳое, ки ба таъмин намудани ҳимояи рақобат ва пешгирии рақобати бевиҷдонона нигаронида шудааст;

- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси омилҳои ҳимоя ва рушди рақобат, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ;

- дар сурати вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар самти сиёсати зиддиинҳисорӣ, андешидани чораҳои дахлдор нисбати субъектҳои хоҷагидор, роҳбарони онҳо, шахсони вокеӣ, аз чумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони мансабдори мақомоти хокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- оид ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии вобаста ба кори бозорҳои мол ва инкишофи рақобат ба Роҳбарият пешниҳодот манзур менамояд;

 

7. Раёсат ваколатдор аст аз рӯи омилҳои зерин назоратро таъмин намояд:

 

- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»;

- назорати давлатӣ оид ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилкунӣ, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;

- риояи иҷрои талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳангоми хариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо;

- назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин истифодаи он;

- риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани  озмун барои ҷойгиронии фармоишҳо ҷиҳати молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- аз рӯи санад ва амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худиидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд, аз ҷумла:

а)  беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори  нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин эҷод намудани монеъа барои амалӣ намудани шаклҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

б) барҳамдиҳии монеаҳо ба хариду фурӯши мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё бо роҳи маҳдуд намудани ҳуқуқӣ субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

в) беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;

г) баланд бардоштан, паст кардан ва тағйир додани нархҳо (тарифҳо);

д) беасос муқаррар намудани сатҳи тағйирёбандаи нархҳо барои харидорони гуногуне, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;

е) маҳдуд сохтани дастрасии бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор ;

8. Раёсат бо мақсади иҷрои ваколатҳои дар соҳаи фаъолияташ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

- мутобиқи тартиботи муқарраршуда маълумот ва иттилооте, ки барои баррасии масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дохилбуда заруранд, талаб намояд ва гирад;

- дар сурати мавҷуд будани аломатҳои вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар бораи он парванда оғоз намуда, аз рӯи натиҷаи баррасии он лоиҳаи қарор таҳия кунад ва тибқи талаботи қонугузории зиддиинҳисорӣ ба Роҳбарият пешниҳод намояд;

- ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар суд ба сифати даъвогар иштирок намояд;

- дар доираи салоҳиятҳои худ ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд, мувофиқи тартиби муқарраршуда риоя ва ҳифз намояд;

- дигар ҳуқуқҳоро дар мавриди риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт дошта бошад.

-  ҳуқуқи бемамоният дохил шуданро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои  хоҷагидор  барои шинос  шудан  ба  ҳуҷҷатҳои заруриро дорад;

9. Раёсат дар фаъолияти худ вазифадор аст:

- рафти иҷрои қарору фармоиш ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Хадамот оид ба масъалаҳои дахлдори Раёсатро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷро намояд;

- дастури кории Хадамотро иҷро намояд;

- ҳар сол маърӯзаро оиди фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд интишор намояд;

- аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахлдошта  маълумоти заруриро барои таҳия намудан ба Роҳбарият, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд саривқт тайёр намояд;

- риояи иҷрои мӯҳлатҳои  муқарраршудаи  ҷудогардидаро барои омода намудани маводҳо ва пешниҳоди онҳо ба Сардор ва мақомоти болоӣ таъмин намояд.

III. Ташкили фаъолият

10. Раёсатро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо фармони Сардори Хадамот дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти Раёсат) ба тариқи озмун ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

Сардори Раёсат барои иҷрои вазифаҳо ва корҳои ба зиммааш гузошташуда масъул буда, чунин салоҳиятҳоро дорад:

- ба кормандони Раёсат супориш ва вазифаҳои иҷрояшон ҳатмӣ медиҳад ва назорати иҷрои сифатнок ва саривақтии онҳоро таъмин менамояд.

- назоратро аз болои фаъолияти меҳнатии кормандон амалӣ менамояд, ӯҳдадориҳои вазифавии онҳоро тақсим менамояд, ҳамзамон ҳалли масъалаҳои ба миён омадаро ҳаллу фасл менамояд.

- дар мувофиқа бо Роҳбарият дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо оиди масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат таалуқдошта намояндагӣ мекунад.

- ҳамкориро бо дигар сохторҳои Хадамот таъмин ва ҳамоҳанг месозад.

Бо намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳо, инчунин намояндагони ташкилотҳои хориҷию байналхалқӣ оиди масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот дахлдошта бо мувофиқаи роҳбарият вохӯрӣ ва ҷаласаҳо гузаронад.

Назоратро аз болои интизоми меҳнатӣ ва иҷроиявии кормандон таъмин менамояд.

Сардори Раёсат дар мувофиқа бо роҳбарият ҳуқуқ дорад:

- маводҳои услубӣ ва тавсиявиро оиди масъалаҳое, ки ба салоҳияти ӯ дахл дорад, пурсон шавад;

- ба роҳбарияти Хадамот оиди ба субъектҳои хоҷагидор
қабул карда шудани Таъинот, Амрияҳои иҷрояшон ҳатмӣ барои қатъ кардани
вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ, ислоҳ намудани оқибати онҳо, барои бекор кардан ва тағйирот даровардан дар созишномаҳояшон, ки ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мухолифат мекунанд, ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи қонунвайронкунӣ ба даст оварда шудааст, масъалагузорӣ намояд;

- ҷадвали иҷрои вазифаҳои мутахассисони Раёсатро назорат мебарад;

- баҳисобгирии вақти кориро амалӣ мегардонад, ҷадвали рухсатии меҳнатиро тартиб медиҳад;

-    қабули шаҳрвандон, назорат оиди пурра ва сари вақт баррасӣ гаштани муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, тайёр намудани ҷавоб ба аризадиҳандагонро амалӣ менамояд..

11. Раёсат аз сардор, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассис иборат аст.

12. Сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон бо фармони Сардори Хадамот дар асоси озмун дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти соҳа) бо пешниҳоди Сардори Раёсат таъин ва аз вазифаашон озод карда мешаванд.

Сармутахассисон дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидоро дар бозори мол меомӯзанд, таҳлил ва хулосабарорӣ менамоянд;

- аз болои фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфарморо доранд назорат мебаранд:

- таҳлили вазифаҳоеро, ки ба зиммаи Раёсат мебошанд, мегузаронад ва дар хамбастагӣ бо мутахассисони Раёсат амалӣ гаштани онҳоро таъмин менамоянд;

- оиди ба субъектҳои хоҷагидор фиристонидани амрияҳои иҷрояшон ҳатмӣ барои қатъ кардани вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ, ислоҳ кардани оқибати онҳо, барои бекор кардан ва тағйирот даровардан ба созишномаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» мухолифат мекунанд, ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи қонунвайронкунӣ дар доираи фаъолият субъектҳои хоҷагидор ба даст овардаанд, таклиф пешниход менамоянд;

- ҳамаи маводҳои ҳисоботиро оиди фаъолияти Раёсат, ки минбаъд  ба Роҳбарият пешниҳод карда мешаванд, тайёр менамоянд;

- дар мувофиқа бо Сардори Раёсат дар дигар сохторҳои Хадамот Раёсатро намояндагӣ мекунад;

- дар ҳолати набудани Сардори Раёсат, яке аз сармутахассисон дар мувофиқа бо Муовини авалли Сардор (сарпарасти соҳа) вазифаи ӯро иҷро мекунад;

- барои риояи мӯҳлатҳои иҷрои вазифаҳо ва супоришҳои Роҳбарият, барои босифат ва бовиҷдонона иҷро намудани вазифаҳои хизматии худ масъул мебошанд.

13. Мутахассиси пешбари Раёсат бо фармони Сардори Хадамот дар асоси озмун дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти Раёсат) ва бо пешниҳоди Сардори Раёсат таъин ва аз вазифааш озод карда мешавад.

Мутахассиси пешбар дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- иҷрои  вазифаҳо  ва  супоришҳои Сардори  Раёсатро дар доираи ваколатҳои хеш таъмин менамояд;

- аз болои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори  ба ӯ вобаста буда назорат мебарад;

- ҳар рӯз баҳисобгирии ахборотро оиди маводҳои дар назоратбудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳои вазорату идораҳо, шахсони ҳуқуқию инфиродӣ мебарад;

- таҳияи ҳомили электронии лоиҳаҳо ва санадҳои заруриро ба амал мебарорад;

- аз мутахассисони Раёсат иттилооти заруриро дастрас ва коркард менамояд .

- аз болои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори ба он
вобастабуда назорати доимӣ мебарад.

14. Мутахассиси Раёсат бо фармоиши Хадамот дар асоси озмун дар мувофиқа бо Муовини аввали Сардор (сарпарасти Раёсат) ва бо пешниҳоди сардори Раёсат таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

15. Мутахассис дорои чунин ваколатҳо мебошад:

-  маводҳо ва ҳуҷҷатҳои тавсиявиро аз тартиби техникӣ мегузаронад;

- масъул барои пеш бурдани коргузории Раёсат мебошад;

- мунтазам таҳлили мактубҳои воридотию содиротиро гузаронида, ба роҳбарияти Раёсат пешниҳод менамояд;