Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2010 №227 тасдиқ карда шудааст

Низомномаи

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз  02.10.2010 № 534,

аз 01.08.2012 № 397, аз 13.09.2012 № 489)

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

1) Хадамоти  зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд  -  Хадамот)  мақомоти  ваколатдори ҳокимияти  иҷроия  буда, сиёсати  ягонаи  давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат,  пешгирӣ, маҳдудкунӣ,  қать намудани  фаъолияти  инҳисорӣ, танзими  давлатӣ  ва назорат  дар  соҳаи  фаъолияти  субъектҳои монополияҳои табиӣ,  ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон  ва  назорати фаъолияти  рекламавӣ  амалӣ менамояд.

2) Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Қонуни   Ҷумҳурии   Тоҷикистон  "Дар бораи  рақобат  ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ  дар  бозорҳои мол",  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ",  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар  бораи  ҳимояи  ҳуқуқи   истеъмолкунандагон", Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар  бораи  реклама"  ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  эътирофшуда  ва  ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3) Хадамот  вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо бевосита ва тариқи мақомоти маҳаллии худ амалӣ менамояд.

4) Хадамот фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳотро  оид ба  масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ,  ҳимоя ва рушди рақобат,  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва  назорати  фаъолияти рекламавӣ  ҳамоҳанг месозад.

 

2. Ваколатҳо

 

5) Хадамот   дар  соҳаҳои  муқарраргардидаи фаъолият  ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:

- татбиқи  сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии фаъолияти инҳисорӣ, ҳимоя ва рушди  рақобат,  танзими  фаъолияти субъектҳои  монополияҳои табиӣ,   ҳимояи   ҳуқуқи   истеъмолкунандагон  ва назорати  фаъолияти рекламавӣ;

- таҳия  ва  татбиқи  тадбирҳо  оид ба таъмини ҳимояи рақобат дар кишвар,  фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ  ва дигар  шароит,  ки  ба ташаккули  рақобати  солим  дар  бозорҳои  мол  ва рушди  он мусоидат менамояд;

- таҳияи  пешниҳодот  оид ба татбиқи чорабиниҳое,  ки ба пешгирии фаъолияти  инҳисорӣ,  ҳимоя  ва  рушди  рақобат, танзими   фаъолияти субъектҳои  монополияҳои  табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ нигаронида шудааст;

- ба   мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои субъектҳои  хоҷагидор  оид  ба  гузаронидани чорабиниҳои ба мусоидати ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирии маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ  ва  рақобати  бевиҷдонона нигаронидашуда,  танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ва назорати фаъолияти рекламавӣ тавсияҳо медиҳад;

- андешидани чорахо оид  ба  ғайриинҳисорӣ кардани  истесол  ва муомилоти мол, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

- таъмини   иҷрои   қонунгузории зиддиинҳисорӣ  ҳангоми  таъсис, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор  ва  иттиҳодияҳои онҳо;

- муқаррар намудани  мавқеи  ҳукумфармоии субъектҳои  хоҷагидор, инчунин муайян ва тасдиқ намудани тартиби пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукумфармо ва инҳисорӣ доранд;

- тибқи   қонунгузории   ҷорӣ  ба  мувофиқа расонидани  тарифҳои хизматрасонии пулакии мақомоти  ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба доираи идоракунии онҳо дохиланд;

- вазъияти  иқтисодии  ба миёномадаро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди  татбиқи  тадбирҳои  танзими  давлатии фаъолияти   субъектҳои монополияи  табиӣ таҳлил ва пешбинӣ намуда, пешниҳодотро оид ба рушду такмили муносибатҳои  рақобати  солим  дар  бозори молҳои  муайян  ва тағйири  низоми танзими давлатии субъектҳои монополияи табииро,  ки ба таъмини болоравии самаранокии фаъолияти иқтисодии субъектҳои мазкур ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, омода месозад;

- татбиқи чораҳо оид ба қатъ намудани амалҳои мувофиқашуда ва (ё) қатъ  намудани  иштирок  дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қать кардани суистифодаи субъекти хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин  иҷрои  амалҳое,  ки  ба  таъмин  намудани ҳимояи  рақобат ва пешгирии рақобати бевиҷдонона нигаронида шудааст;

- мусоидат  ба  ташаккули  муносибатҳои бозори дар асоси омилҳои ҳимоя ва рушди рақобат ва муҳайё намудани шароити мусоид  барои  рушди соҳибкорӣ;

- оид ба тағйир  додан  ва  бекор  намудани шартнома-                                         ҳое,  ки  ба қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол, монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ мухолифат мекунанд, амрияҳо қабул намояд;

- дар сурати вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рақобат ва маҳдудкунии  фаъолияти  инҳисорӣ дар  бозорҳои  мол, монополияҳои  табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ва фаъолияти рекламавӣ андешидани чораҳои  дахлдор  нисбати субъектҳои  хоҷагидор, роҳбарони онҳо,  шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони  мансабдори  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти   иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- Феҳристи субъектҳои  монополияҳои табииеро,  ки  нисбати  онҳо танзими  давлатӣ  ва  назорат  татбиқ  мегардад, тартиб медиҳад,  пеш мебарад ва барои аз он хориҷ кардан қарор қабул мекунад;

- усулҳои танзимро,  ки барои субъекти мушаххаси монополияи табиӣ истифода мегарданд, муайян месозад;

- шартномаҳои  намунавиро,  ки  аз ҷониби субъектҳои монополияҳои табиӣ бо истеъмолкунандагон баста мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд;

- мувофиқи   тартиби   муқарраргардида   оид ба  такмил  додани қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ пешниҳодҳо ирсол менамояд;

- таҷрибаи  татбиқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монополияҳои табииро ҷамъбаст карда,  хулоса мебарорад ва дар асоси он тавсияҳои методӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;

- қарорҳои барои субъектҳои монополияҳои табиӣ  иҷрояшон  ҳатмиро доир  ба  ҷорӣ  намудан,  тағйир додан ё қатъ кардани танзим,  доир ба истифодаи усулҳои танзим,  аз ҷумла доир ба муқаррар  кардани  тарифҳо қабул менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ нисбат ба қонунвайронкунии мавҷудбудаи соҳаи  монополияҳои  табиӣ  оид  ба  пешгирии вайронкунӣ  ва бартараф намудани оқибатҳои он қарор қабул менамояд; тарифҳои молҳои  (корҳои, хизматрасонии)  танзимшавандаи  субъектҳои монополияҳои табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот  ба  сифати онҳо,  ки  аз  ҷониби мақомоти  давлатӣ  дар доираи салоҳияти онҳо муқаррар шудаанд,  тасдиқ менамояд;

- дар  мавриди  тағйири  хароҷот  оид  ба тағйир додани тарифҳои молҳои (корҳои,  хизматрасонии) субъектҳои монополияҳои табиӣ ташаббус зоҳир менамояд;

- дар  мувофиқа  бо  мақомоти  ваколатдор дар  соҳаи   фаъолияти нархгузорӣ,  тартиб ва шартҳои гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои асосии субъекти монополияҳои табииро тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ медиҳад;

- таъмини назорати давлатӣ вобаста  ба сармоягузориҳои  субъекти монополияи    табиӣ    дар    истеҳсоли   (фурӯши) молҳое   (корҳое, хизматрасоние),  ки нисбат ба  онҳо  мутобиқи қонунгузорӣ  дар  бораи монополияи табиӣ танзим сурат намегирад;

- назорати давлатиро барои ҳама гуна аҳдҳое, ки дар  натиҷаи  он субъекти  монополияи  табиӣ  ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ,  ки барои  истеҳсоли  (фурӯши)  молҳои  (корҳо, хизматрасонӣ)   мутобиқи қонунгузории  монополияҳои табиӣ танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, соҳиб мегардад, таъмин менамояд;

- назоратро  ҳангоми  аз  ҷониби  субъекти хоҷагидор  ё субъекти монополияҳои табиӣ фурӯхтан,  иҷора додан ва ё бастани аҳди дигаре, ки дар  натиҷаи  он  субъектҳои  мазкур  ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифода ё ҳуқуқи моликиятро ба қисми воситаҳои асосии субъекти монополияи табиӣ, ки  барои  истеҳсоли  (фурӯши)  молҳои (корҳо, хизматрасонӣ) мутобиқи қонунгузори танзимшаванда истифода бурда  мешаванд ё  истифода  бурда намешаванд пайдо мекунад, таъмин менамояд;

- амали намудани  назорати  давлатӣ  ҳангоми азнавташкилдиҳӣ  ва барҳамдиҳии субъектҳои монополияи табиӣ;

- мувофиқакунонии қоидаҳо,  шартномаҳои намунавии  хизматрасонии гази  табиӣ,  барқ  ва гармӣ,  алоқаи барқӣ, обрасонӣ,  канализатсия, хоҷагии манзилию коммуналй,  ки батанзимдарории ҳуқуқ  ва  ӯҳдадориҳои тарафҳоро  ҳангоми  пешниҳоди хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон дар бар мегирад;

- назорати  фаъолияти  субъектҳои монополияҳои табиӣ,  субъектҳои хоҷагидоре,  ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд оид ба иҷрои шартҳои  шартномаҳои  басташудаи  онҳо бо истеъмолкунандагон дар бораи расонидани кору хизматрасонӣ;

- тасдиқи   сметаи   тарифии  субъектҳои монополияҳои  табиӣ  ва назорати иҷрои онҳо;

- ба  мувофиқа расонидани сметаи солонаи хароҷоте,  ки ба таъмири ҷорӣ ва асосии субъектҳои монополияҳои табиӣ алоқаманд мебошад;

- тасдиқи  меъёрҳои  талафоти  техникии субъектҳои  монополияҳои табиӣ;

- ба  субъектҳои  монополияҳои  табиӣ  доир ба қатъи вайронкунии қонунгузорӣ дар бораи монополияҳои табиӣ,  аз ҷумла  оид  ба  бартараф намудани оқибатҳои он, оид ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд ҳатман ба онҳо хизмат расонида шавад (маҳсулот пешниҳод  карда шавад), оид ба ворид намудани тағйирот ба шартномаҳо, инчунин барои ба буҷет гузаронидани тамоми маблағи фоидаи дар натиҷаи  амалҳои  вайрон кардани   қонунгузории   монополияҳои   табиӣ бадастомада,  амрияҳои иҷроишашон ҳатмӣ медиҳад;

- таҳия  ва  тасдиқи низомнома оид ба танзими нарх ба маҳсулот ва моли  тайёркарда,  хизматрасонии  анҷомдодаи субъектҳои  хоҷагидор доминантҳо ва инҳисорон;

- назорати хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дорои ҳуқуқи  овозҳо  дар сармояи   оинномавии   субъектҳои   хоҷагидор,  ки метавонанд,  боиси ҳукмфармоии  субъектҳои  хоҷагидор  дар  бозорҳои мол  гарданд  ё  ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;

- таъмини назорати давлатӣ  аз  рӯи фаъолияти  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти   давлатӣ,  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот,  инчунин шахсони воқеӣ  ва  ҳуқуқӣ оид   ба   риояи   қонунгузории   зиддиинҳисорӣ, қонунҳо  дар  бораи монополияҳои  табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ва  назорати фаъолияти рекламавӣ;

- бо мақсади пешгирии маҳдудсозӣ ва  бартараф намудани  рақобати носолим,   иштирок   намудан   дар   савдоҳо   ва музоядаҳо  ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ;

- ирсол   намудани  пешниҳодот  ба  мақомоти дахлдори  ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба  ҷорӣ  ё бекор намудани иҷозатномаҳо,  квотаҳо,  тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди дастгирии давлатӣ;

- тибқи  тартиби  муқарраргардида  додани иҷозати  пешакӣ  барои фароҳам овардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

- назорати талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгир  намудани  фармоишҳо   ҷиҳати   молрасонӣ, иҷрои   корҳо   ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- таҳлил намудани ҳолати рақобат дар бозорҳои мол;

- тибқи  тартиби муқарраргардида додани хулосаҳо вобаста ба вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол  ҳангоми  татбиқ, тағйир  додан  ва  қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ;

- бо  мақсади  иҷрои  масъалаҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда,  таҳияи тавсияҳои методӣ оид  ба  муайян  кардани  навъи шартномаҳо,  тартиби танзими  муайян  намудани  нархҳои  (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоии онҳо,  ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавқеи ҳукмфармо ё инҳисорӣ доранд;

- пешгирӣ ва қатъ намудани далелҳои рекламаҳои номуносиб,  ки  аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  роҳ дода шудаанд;

- қабули шаҳрвандон, пурра ва саривақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ  ва шифоҳии шаҳрвандон,  қабули қарор оид ба онҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани  ҷавоб ба аризадиҳандагон;

- дар доираи  салоҳияти  худ  ҳифзи маълумоте,  ки  дорои  сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд;

- ташкили омодагии касбии кормандони Хадамот,  такмили  ихтисос, баланд  бардоштани  тахассус  ва  таҷрибаомӯзии онҳо,  инчунин  тайёр намудани мутахассисон ва такмилдиҳии касбии онҳо дар масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Хадамот;

- дар асоси тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии   дигар   кишварҳо  ва  ташкилотҳои байналмилалӣ  дар  соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- ҷамъоварӣ,   нигаҳдошт,   баҳисобгирӣ  ва истифодаи  ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Хадамот ворид мешаванд;

- ваколатои  дигареро,  ки  санадҳои меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Хадамот вогузоштааст, иҷро менамояд.

6) Хадамот    бо    мақсади    татбиқи ваколатҳо   дар   соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- аз   мақомоти   ҳокимияти  давлатӣ, шахсони  ҳуқуқӣ  ва  воқеӣ маълумотеро, ки барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Хадамот қарордошта заруранд, дархост намуда гирад;

- дар доираи салоҳияти  худ  ва  ваколатҳои додашуда  аз  ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад,  оид ба масъалаҳои ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳамкориҳои ҳимоя ва рушди рақобат, монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ гуфтушунид доир намояд;

- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки салоҳияти (функсияи) назоратӣ ва санҷишро дар бозорҳои мол иҷро мекунанд, ҷиҳати мутобиқ гардонидани санадҳои онҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- ҷиҳати таъмини сиёсати давлатӣ оид ба ташкили  чорабиниҳои  ба ҳимояи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагон  нигаронидашуда ва  барҳам  додани рақобати бевиҷдонона иштирок  намуда,  ҳамкории мутақобилаи  мақомоти ҳокимияти   давлатӣ,  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва  деҳот  ва иттиҳодияҳои  ҷамъиятиро (ассотсиатсия   ва   иттифоқҳои   онҳо)   дар соҳаи   ҳифзи   ҳуқуқи истеъмолкунандагон таъмин намояд;

- мувофиқи  тартиби муқарраргардида оид ба бастани ҷарима нисбати мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  мақомоти  иҷроияи маҳаллии   ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо,  инчунин нисбати субъектҳои хоҷагидор, ташкилоту муассисаҳо  ва роҳбарони онҳо қарор қабул намояд;

- ба Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба масъалаҳои  такмили қонунгузррии  зиддиинҳисорӣ,  монополияҳои  табиӣ, дар  бораи  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама пешниҳодот манзур намояд;

- дар  доираи салоҳияти худ қарорҳое қабул намояд,  ки иҷрои онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ,  субъектҳои хоҷагидор ва дигар  ташкилотҳо ҳатмӣ мебошанд, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои ҳимоя ва рушди рақобат, танзими  монополияҳои  табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон   ва назорати фаъолияти рекламавӣ;

- дар доираи ваколатҳои додашуда  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҳангоми гуфтушунидҳои  мустақим  дар  соҳаи  ҳимоя  ва рушди рақобат,  танзими монополияҳои  табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ва  назорати фаъолияти  рекламавӣ намояндагӣ кунад,  шарт ва тартиби бастан ё бекор кардани санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муайян намояд,  имзо  гузорад, ба қайд гирад ва дар доираи салоҳияти худ риояи шартҳои онҳоро назорат кунад;

- дар  таҳия  ва  мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба  ҳимоя  ва  рушди  рақобат,  танзими фаъолияти  субъектҳои монополияҳои  табиӣ,  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ва  назорати фаъолияти рекламавӣ иштирок намояд;

- барои   интишори  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ вобаста  ба  соҳаи муқарраргардидаи  фаъолият,  эълонҳои  расмӣ, дигар  мавод   оид   ба масъалаҳои  таҳти  салоҳияти  Хадамот  ва мақомоти  маҳаллии он тибқи тартиби муқарраргардида  воситаҳои  чопии иттилооти  оммавиро  таъсис диҳад;

- барои  баррасӣ  ва  ҳалли  масъалаҳои соҳаи   муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ,  дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- дар   соҳаи  муқарраргардидаи  фаьолият мақомоти  ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо,  комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ),  аз ҷумла мақомоти байниидоравиро таъсис диҳад;

- ба  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  мақомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ,  мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  шахсони мансабдори онҳо, инчунин субъектҳои хоҷагидор, ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони  ин  субъектҳо  амрияҳое  ирсол намояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошанд;

- дар  суд  ба  сифати  даъвогар  ва ҷавобгар  ҳангоми  баррасии парвандаҳои  вобаста  ба  татбиқ  ва   вайрон кардани   қонунгузории зиддиинҳисорӣ,  аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол",  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ",  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар  бораи  ҳимояи  ҳуқуқи   истеъмолкунандагон", Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" иштирок намояд;

3. Ташкили фаъолият

7) Хадамоти  зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сардор роҳбарӣ мекунад,  ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8) Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда  ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

9) Сардор дорои муовинон,  аз ҷумла як муовини аввал мебошад,  ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифа  таъин  ва  аз вазифа озод карда мешаванд.

10) Шумораи  ниҳоии  кормандон  ва  теъдоди муовинони   Сардори Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

11) Воҳидҳои  сохтории  Хадамот,  раёсатҳо ва  шӯъбаҳои  оид  ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот мебошад.

12) Сардор:

- дар асос ва  барои  иҷрои  Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳо,  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш  қабул намуда,  онҳоро  тибқи  тартиби муқарраргардида бекор мекунад,  тағйир медиҳад ва тамдид менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 №397);

- манфиатҳои  Хадамотро  дар  мақомоти давлатӣ  ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;

- дар  доираи салоҳияти худ фармоиш ва супориш медиҳад,  ки иҷрои онҳо барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти  маҳаллии  Хадамот ҳатмӣ мебошанд;

- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои  сохтории Дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории  Дастгоҳи марказӣ  ва  мақомоти маҳаллии Хадамотро тасдиқ мекунад;

- кормандони Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида  ба  вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- барои ба вазифа таъин ва  аз  вазифа  озод намудани  роҳбарони сохтори  маҳаллии  худ  ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ розигии хаттӣ медиҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 №397);

- ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;

- тибқи  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Хадамот ҳал менамояд;

- дар  доираи  фонди   музди   меҳнат   ва шумораи   кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали штатии Хадамот ва сметаи хароҷотии  нигаҳдошти  Хадамотро  дар доираи  давраи  дахлдори маблағгузорӣ,  ки  дар  буҷети  ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст,  тасдиқ мекунад;

- ба  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Хадамот пешниҳодҳо ирсол менамояд;

- дигар  ваколатҳоро  барои  Хадамот  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

13) Маблағгузории  хароҷоти  нигоҳдории Хадамоти  зиддиинҳисории назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҳисоби маблағҳои   буҷети ҷумҳуриявӣ  ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

14) Хадамоти  зиддиинҳисории  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда,  дорои  мӯҳр  бо  сабти  Нишони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ,  мӯҳрҳои дахлдор, штампу  бланкҳо  мебошад  ва   аз   суратҳисоби ягонаи   Сарраёсати хазинадории  марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

 

 

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 227

тасдиқ шудааст

 

Сохтори

Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489)

 

Роҳбарият

Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат

Раёсати танзими монополияҳои табиӣ

Раёсати ҳифзи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагон  ва назорати фаъолияти

рекламавӣ

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи корҳо

Бахши муҳосибот

 

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2010 № 227

тасдиқ шудааст

 

Нақшаи

идоракунии Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

 

Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамоти   зиддиинҳисории   назди Ҳукумати    Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (қарор аз 2.10.2010 № 534)

Раёсати Хадамоти   зиддиинҳисории   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе