Дар бораи хадамот

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи такмили минъбадаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 марти соли 2010 № 832 таъсис ёфтааст.

Тибқи низомнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 227 тасдиқгадида, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамояд.

Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ мақомоти идоракунӣ буда, барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи инкишофи бозорҳо ва рақобати соҳибкорӣ, танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ масъул мебошад.

Ба вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дохил мешаванд:

- пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;

- назорати давлатӣ ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ.

- таъмини асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлати оид ба монополияҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ба даст овардани мувозинаи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъектҳои монополияҳои табиӣ, ки дастрасии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаи ин субъектҳоро ба истеъмолкунандагон ва фаъолияти самараноки субъектҳои монополияҳои табиӣ;

- ба танзим даровардани муносибатҳои соҳаи реклама (ба истиснои рекламаи сиёсӣ), ҳифз аз рақобати бевиҷдонона ва рекламаи номуносиб, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин пешгирӣ ва манъи таҳдид ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ;

Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод - Сардори Хадамот

Одиназода Назар Санг - Муовини якуми сардор

Саидмуродзода Абдусамади Абдуваҳоб -Муовини сардор 

Зарифзода Сайдалӣ Зардак - сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобат 
Тел. 236-50-19

Азизов Абруразоқ Мирзоалиевич  - Сардори Раёсати танзими монополияҳои табиӣ
Тел. 236-50-29

 - сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ 
Тел. 236-50-17

Табарова Дилором Холовна - Сардори Шуъбаи корҳо  
Тел.236-50-08

ҳамидзода ҳусейн Халифабобо - Сардори Бахши таъминоти ҳуқуқӣ
Тел.

Хаитзода Неъматулло - Сардори Бахши кор бо кадрҳо ва корҳои махсус 

Сардори Бахши муҳосибот