ams.tj

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ

     17 июл дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳод нишасти матбуотӣ доир гардид.
         Ҷамъомадро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ифтитоҳ намуда, ба таври мухтасар аз дастовардҳои хадамот дар роҳи татбиқи ҳидояту супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, мушкилоти мавҷуда, ҳамчунин нақшаҳои минбаъда маълумот дод.

         Сипас саволу ҷавобҳо шуруъ шуданд, ки паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, масоили муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтанд. Икромиддин Вализода, ҳамчунин дигар ашхоси масъули хадамот ба саволҳои хабарнигорон аз ҷумла доир ба баланд шудани нархи обу гармӣ, вазъи бозори сузишворӣ, маҳсулоти ниёзи аввалия, хизматрасонии терминалои пардохтӣ, ҳалли мушкилоти шаҳрвандоне, ки ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ тавассути телефони боварӣ, Марказҳои машваратӣ ва сомонаи ниҳод муроҷиат намудаанд, инчунин масъалаи нархи хизматрасонии муассисаҳои таълимӣ ҷавобҳои мушаххас гардонданд.

       Нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар муҳити эҳтиром ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо сурат гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *