ams.tj

-Мо ва Ҷомеа-

III

Нархи маҳсулот Рисолати савдо Фарҳанги бозор

(мусоҳиба)

         Тибқи нақшаи гузоришҳои рубрикаи “Мо ва Ҷомеа” имрӯз тасмим гирифтем дар мавзӯҳои хеле муҳими омилҳои болоравии нархи маҳсулоти бозор, танзими нарх, рисолати савдо ва фарҳанги бозордорӣ, ки аз муҳимтарин рукнҳои ҳаётии ҷомеа маҳсуб меёбанд, бо яке аз донишмандони соҳа, номзади илмҳои иқтисодӣ, Ноиби ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба робитахои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров чанд пурсишу посухе анҷом диҳем. Инак, фишурдаи ин мусоҳибаи илмию назариявиро пешкаши алоқамандони сомона мегардонем:         
       Ба андешаи Шумо дар шароити кунунӣ кадом омилҳо ба болоравии нархи молу маҳсулот таъсир мегузоранд ва оё ин равандро, ки бештар аз таъсири омилҳои беруна бармеояд, танзим намудан имкон дорад?
        Нарх унсури муҳимтарини механизми бозорӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи назария ба нарх омилҳои гуногун таъсир мерасонанд, ки аз майлу рағбати истеъмолкунанда оғоз гардида то ба омилҳои глобалӣ рафта мерасанд. Аз ин рӯ, зимни баррасии таъсири омилҳои гуногун ба нарх мо бояд пеш аз ҳама сохтори бозор, навъи молу хадамот ва ҳолати ҷойдоштаро баррасӣ намоем. Зеро ба гурӯҳи алоҳидаи молҳо омилҳои алоҳида тасир мерасонанд.
        Агар мо бозори истеъмолии кишвари худро таҳлил намоем метавонем якчанд сабаби асосиро матраҳ созем:
– Воридоти ҳаҷми назарраси молу маҳсулоти истеъмоли аз хориҷи кишвар. Масалан, тибқи омори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ҳаҷми воридот 3 144 360 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, содирот ҳамагӣ 34,15% воридотро ташкил медиҳад. Яъне, вобастагии калони бозори истеъмолии дохили аз молу маҳсулоте, ки дар хориҷи кишвар истеҳсол мешаванд, яке аз сабабҳои тағйир ёфтани нархҳои истеъмолӣ ба ҳисоб меравад.
– Вобастагии нархҳои истеъмолӣ ба тағйир ёфтани қурби асъор ва вазъи иқтисодиёти шарикони стратегӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба иқтисодиёти миллии кишварҳои алоҳида омилҳое низ таъсир мерасонанд, ки бештар ба гурӯҳи омилҳои ғайримустақим шомил мешаванд. Дар мисоли мо ин тағйирёбии қурби рубли русӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ниҳоят тавассути коҳиш ёфтани қобилияти харидории аҳолӣ, коҳиши талабот ва пасту баланд шудани нархи маҳсулот таъсир мерасонанд.
– Номукаммалии механизми ҳамоҳангсозии талаботи бозорӣ ва воридоту содироти молу маҳсулот низ аз ҷумлаи омилҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки ба нархи маҳсулот таъсиргузор аст. Вобаста ба ин такмили низоми банақшагирии сохтори соҳавии иқтисодиёт, истеҳсолу пешниҳоди молу маҳсулот, танзими нархҳои истеъмолӣ бо истифода аз усулҳои иқтисодӣ ва мониторинги татбиқи консепсия, стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, ки ба афзоиши истеҳсолоти дохилӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумлаи афзалиятҳо дар самти танзими нарх ба ҳисоб меравад.
        Ногуфта намонад, ки дар баробари омилҳои номбаршуда омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунии зиёде вуҷуд доранд, ки дар пасманзари густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ ба дараҷаи нархҳо таъсири мустақим ва ғайримустақим мерасонанд.
       Қобили қайд аст, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мушкилоти соҳавию сохторие мавҷуданд, ки ба болоравии нархҳои таъсир мерасонанд. Яке аз ин омилњо то ба имрӯз мавҷуд намбудани сохторҳои интегриронидашудаи хоҷагидор мебошанд, ки бояд тамоми занҷираи истеҳсолу фурӯши маҳсулотро назорат кунанд. Мавҷудияти миёнаравони зиёд ва «дасиса»-и нархӣ аз ҷумлаи омилҳои сунъие ба ҳисоб меравад, ки ба баландшавии нарҳои истеъмолӣ, махсусан нархи маҳсулоти кишоварзӣ замина мегузорад.
       Албатта танизими таъсири омилҳо ба сатҳи нархҳо имконпазир аст, гарчанде дар шароити бозор вазифаи душвор ба ҳисоб меравад. Фикр мекунам, агар ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои корӣ дар самти бартарафсозии камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта талош кунанд дастаҷамъона кушиш намоянд имкони муваффақ шудан вуҷуд дорад. Умед дорам татбиқи ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръат, ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда метавонад дар ояндаи наздик ба сатҳи нархҳо таъсири мусбӣ расонад. 
         Айни замон мафҳуми “Рисолати савдо”-ро, ки хоси фарҳанги миллию таърихии мо мебошад, ҳар кас ба таври худ шарҳу тавзеҳ медиҳад. Дар ин васила Шумо чи андешаву пешниҳод доред?
       Рисолати савдо дар давраҳои алоҳидаи таърихӣ мазмуни худро тағйир надиҳад ҳам, вале бо унсурҳои гуногун такмил меёбад. Он рисолате, ки хоси фарҳанги миллии мо буд имрӯз дар шакли асл вуҷуд надорад. Ҷаҳонишавӣ ва рақобати бозори рисолати имрӯзаи савдо ва савдогарро куллан тағйир дода, ҳадаф ва мазмуни онро дигаргун сохтааст. Вобаста ба ин дар кишвари мо ташаккули маданияти соҳибкорӣ ва фарҳанги корӣ дар пасманзари таъсири фарҳанги кишварҳои пешрафтаи саноатӣ шакл мегирад.
       Интегратсияи фарҳангӣ соҳибкории Ғарбу Шарқ бо назардошти менталитет ва фаъолияти институтҳои давлативу ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масоили мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Мутаассифона симои соҳибкори миллӣ имрӯз дар шакле ташаккул ёфтааст, ки пур аз унсурҳои ғайри қобили қабул аст. Ибораҳои «наҳоҳӣ нахар», «ин автомобили шахсии ман аст, чи коре хоҳам анҷом медиҳам», «хоҳам арзон мефурӯшам нахоҳам не», ки мунтазам садо медиҳанд далели заифӣ дар дарки рисолати савдо ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин дидаву дониста фурӯхтани маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта, воридоти маҳсулоти пастсифат, истифодаи ашёи хом ва нимсохтҳои бесифат ва мамнӯъ дар истеҳсоли молу маҳсулот, махсусан маҳсулоти хӯрокворӣ низ аз набудани рисолати савдо дарак медиҳанд. Дар ин маврид истифодаи аҳкому унсурҳои динӣ низ дар татбиқи рисолати савдо гоҳо ноҷо ва ба хори риё истифода карда мешавад.
       Вобаста ба ин дар ин самт низ бояд корҳои муайян ва муассир анҷом дода шавад, ки дар инҷо нақши илм ва воситаҳои ахбори умум хеле калон аст. Таҳияи дастурҳои махсус оид ба тиҷорат, одоби тиҷорат, фарҳангӣ соҳибкорӣ ва маданияти корӣ, маърифати молиявӣ, барномаҳои махсуси радиоӣ ва телевизионӣ, нашри маводи муфид ва ғайра метавонад дар ташаккул ва дарки «Рисолати савдо» таъсири мусбӣ расонад.
         Аз лиҳози назариявӣ имрӯз қаробати фарҳанги бозору рисолати савдо бояд чи гуна бошад?
       Фарҳанги бозорӣ мафҳуми васеътар буда, рисолати савдо яке аз унсурҳои муҳими он ба ҳисоб меравад. Албатта назарияҳои классикӣ ва муосири бозорӣ ба мавҷудияти фарҳанги бозорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Қариб дар ҳама назарияҳо, махсусан дар назарияҳои мактабӣ олмонӣ ва австриягӣ ба нақши бузурги фарҳанги бозорӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Масалан, М. Вебер ва В.Зомбарт ба баромади иҷтимоии соҳибкор ва фарҳангу маданияти он диққати махсус зоҳир намуда, муваффақият ва сатҳи балоғати муносибатҳои бозориро ба унсурҳои фарҳангӣ алоқаманд медонанд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи муосир мо бояд ба ҳамин унсурҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем.
       Хушбахтона солҳои охир дар кишвар марказҳои мусоири тиҷорату савдо, корхонаҳои саноатӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар объекту инфрасохторҳои бозорӣ бунёд шуда истодаанд, ки дар ташаккули фарҳанги бозорӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд. Агар фарҳанги бозорӣ ташаккул ёбад, унсурҳои он ба арзишҳо табдил ёбанд, пас дар ин замина рисолати савдо низ сарҳадоти худро муайян намуда, ба омили марказии ташаккули соҳибкории миллии мутамаддин табдил меёбад.
         Маврид ба ёдоварист, ки дар самти ташаккул ва рушди соҳибкорӣ ва бозори миллӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд. Ин аст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ мақоми хос дошта, ҳамасола мавқеи худро тағйир медиҳад. Ҳамаи далели афзалияти бозор ва рушди соҳибкории миллӣ дар сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
         Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтавою самимӣ.
Суҳбаторо:
Далери Абдуғаффор,
мутахассиси пешбари Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Бисёр мавзуи заруриву саривакти. Умедворем, ки Рохбарияти Хадамоти зиддиинхисори хам дар самти танзими нарххои бозор, хам дар фахмонидани рисолати савдову фарханги хазорсолаи бозордори ба точирону савдогарон ва умуман ба чомеаи кишвар дасти ёри дароз мекунад.

  2. Рости чунин ташаббусхои Хадамоти зиддиинхисории назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки рузхои охир пайваста рохандози мегарданд, гумон мекунам ба манфиати рушди чомеа ва фарханги бозордории мо мусоидат менамоянд. Вокеан ин пешниходу амалхои Хадамот бамавриданду кобили дастгири.

  3. Тахлили вокеи. Ташаккур ба рохбари макомот барои ташкили чунин мусохибахо бо чалби олимон ва тахлили илмии соха

  4. Чунин мусохибаю маколахои илми зиёдтар шавад, бо манфиат аст. ОФАРИН!!!!!!!!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *