ams.tj

– Мо ва ҷомеа –

    Инак, ба таваҷҷуҳи алоқамандони сомонаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ мавзӯи навбатӣ пешниҳод мегардад. Дар ин васила, мутасаддиёни сомона саволу дархост ва пешниҳодҳои хонандагони муҳтарамро ба назар гирифта, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳанд.

 II Ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон

     Истеъмолкунандагони гиромӣ!

Қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои Шуморо ҳифз намуда, самтҳои татбиқи ин муҳофизатро муайян месозанд. Донистани ҳуқуқҳои асосии худ дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои Шумо аз тарафи шахсони алоҳида, ки мутаассифона мо тез-тез ба он дучор мегардем, ба Шумо кумак мерасонанд, то дар чунин шароит рафтору муомилаи дуруст намоед.

    Истеъмолкунанда нисбат ба талаботи зерин ҳуқуқу манфиатдор аст:

  • ба сифати маҳсулот;
  • ба бехатарии молу маҳсулот;
  • ба маълумот оиди молу маҳсулот;
  • ба ҷуброни зарар

    Ҳуқуку манфиат ба сифати маҳсулот дар он зоҳир мегардад, ки фурӯшанда бояд ба истеъмолкунанда маҳсулоти босифатро пешкаш намояд ва дар ин раванд хизматгузор низ бо сифати баланд кори худро ба сомон расонад.

    Ҳуқуқ ба бехатарии молу маҳсулот нишондиҳандаи он аст, ки истеъмолкунанда ба харидории маҳсулоти (кору хизматрасонии) бехатар нисбат ба саломатӣ, дороӣ ва муҳити зист манфиатдор аст. Талаботе ки бояд ин омилро таъмин намоянд, ҳатмӣ ба ҳисоб рафта, бо тартиби муайяннамудаи қонун (Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон») муқаррар карда мешавад.

    Дар доираи ҳуқуқ ба маълумотнокӣ оиди молу маҳсулот истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки маълумоти зарурӣ ва дастрасро оиди маҳсулоти фурӯхташаванда, шахси фурӯшанда, истеҳсолкунанда ва мӯҳлати истифода талаб намояд. Дар асоси ин маълумот истеъмолкунанда бояд пешниҳоди дақиқро дар бораи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) барои дар ҳолати зарурӣ муроҷиат намудан ба ӯ нисбат ба талаботи мутобиқат ва оиди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) барои интихоби дуруст, ба даст оварда тавонад.

    Ҳуқуқ ба товони зарар дар он зуҳур меёбад, ки барои вайрон кардани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) мувофиқи шартнома ё қонун (Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон») ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Агар дар шартнома ҷавобгарӣ дар ҳаҷми нисбатан калон ё носозии аз меъёр зиёд нисбат ба нишондоди қонун пешбинигардида дарҷ гардида бошад, он вақт шарти шартнома қабул ҳисобида мешавад.

    Муҳлати истифода, истеъмол ва муҳлати кафалатнок – ифодакунандаи масъулияти истеҳсолкунанда ва фурӯшанда маҳсуб меёбад. Ҳар як навъи молу маҳсулот (доираи хизматгузориҳо) бояд дорои муҳлати истифода, истеъмол ва муҳлати кафолатнок бошад. Дар сурати гузаштани муҳлатҳои номбаршудаи молу маҳсулот истеъмолкунанда метавонад ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) даъво карда, товони зарари худро талаб намояд.

    Номгӯи молу маҳсулоте (амалҳо, хизматгузориҳое) низ вуҷуд доранд, ки муҳлати истифода ва ё истеъмоли онҳо бояд бо тартиби ҳатмӣ муқаррар гардида бошад. Агар дар тамғаи молии молу маҳсулот (корҳо, хизматгузориҳо) муҳлати истифода, истеъмол ё муҳлати кафолатнок муқаррар нагардида бошад, он вақт қонун пешбинӣ менамояд, ки истеъмолкунанда метавонад дар муддати истифодабарии маҳсулот нисбат ба молу маҳсулоти (амалҳо, хизматгузориҳои) муҳлаташон муқаррарнагардида талабот пешниҳод намоед. Ҳамзамон, агар шартҳои шартнома ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро маҳдуд созанд, онҳо беэътибор дониста мешаванд. Илова бар ин, агар дар натиҷаи иҷроиши ин шартнома ба истеъмолкунанда зараре расад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) бояд мувофиқи қонун товони зарарро ҷуброн намояд.

    Вобаста ба ин гузориш дархосту пешниҳод ва пурсишҳои Шуморо интизорем.

Бахши матбуоти

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *