ams.tj

Варзиш сафири сулҳ!

        Санаи 2 июли соли 2019 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушд намудани шоҳмот дар кишвар, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш ва нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид.

       Ҷаласаи мазкур бо иштироки бевоситаи Сардори Хадамот Вализода Икромиддин Сироҷиддин, муовинони Сардори Хадамот, кормандон ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, суханронии Сардори Хадамот оид ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавигардонии ин намуди варзиш, густариши тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари кормандон ва ҷавонон ба намудҳои гунонгуни варзиш шунида шуд.

        Сипас, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кормандон, дар самти бозиҳои гуногуни варзишӣ суханронӣ намуд.

        Ҳамзамон, дар макони омодагардида ҷиҳати гузаронидани бозии шоҳмот кормандон байни ҳам рақобат намуда, шахсони ѓолиб ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

        Дар интиҳои ҷаласа Сардори Хадамот миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории пайваста бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва иқдомҳои пешгирифтаи варзишӣ расонида, ҷиҳати густариши муносибатҳо дар амалигардонии сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат умедворӣ намуд.

          Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо дар асоси Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравии Хадамот гузаронидани як қатор бозиҳои дигари варзишӣ ба нақша гирифта шудааст ва боварӣ дорем, ки кормандони Хадамот дар оянда барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳанд кард, чунки «варзиш гарави саломатӣ аст»!!!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *