ams.tj

Ваҳдат зи дуои модарон аст (андеша)

         Хеле рамзӣ ва самимиву хотирмон буд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Сангвор ба Пешвои азизи миллат акси ҷолиберо бо дасти дуои модари кулли фарзандони покдилу некбини кишвар тақдим намуданд.

         Бале, модари Пешво – модари ҳамаи мо, модари шарафманди тамоми миллат. Воқеан, кулли модарони олам аз азал муқаддаму азизанд ва тӯли таърихи инсоният маҳз модарони покдомону поктинату асил барои пешрафти рӯзгор, барои хушбахтии наслҳои инсон, барои ободиву шукуфоӣ, барои дастовардҳои азим, барои сулҳу субот ва ҳатто барои эҳёи табиат фарзандони солеҳ ба воя расонидаанд. Дар ин васила, хеле бамаврид аст фузӯдан, ки ин қабил модарон барои тамоми оламиёни имрӯзу оянда модари азизу муаззаму мукарраманд.

         Роҳбари муаззами тоҷикон пас аз назаре ба акси модари даст ба дуо лаҳзае сукут намуданд, симову тарзи гуфторашон гӯё тағйир ёфт ва яқин он лаҳзаҳои ҳассос, рӯзҳои хушнудиву мушкилоти рӯзгори анқариб сисолаи мардуми кишвар пеши назарашон ҷилвагар шуд. Охир, дасти дуои мустаҷоби ҳамон модарони некдилу некбину некандеш буд, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем, дасти дуои модар буд, ки Пешвои мӯътабар бо дили пур аз меҳру самимият ба назди гурезагони Афғонистон сафар намуда, онҳоро ба ватан баргардониданд, ҳамон дасти дуо буд, ки пас аз талошу заҳматҳои сангин сулҳи тоҷикон падид омад, ҳамон дасти дуо буд, ки кишвар бо вуҷуди монеаҳои сунъиэҷоди бадхоҳони миллат дар як муддати на чандон зиёд ба як мулки ваҳдатобод ва орому осудаву пешрафта мубаддал гардид.

         Аслан ва воқеан вожаи Ваҳдат ба исми мубораки Модар хеле тавъам аст. Зеро маҳз дили бараҳму майнаи пур аз орзуҳои неки модарон тавлидгару эҳёсозандаи Ваҳдати комил дониста мешавад. Кулли модарони асили олам ҷангу хунрезӣ ва ҷудоиву мушкилоти рӯзгорро намехоҳанд. Ин падидаҳои номақбул ба табиати модарони асил созгор нест, онҳо бештар зебоиву осудагӣ ва бунёдкориро хоҳонанд. Аксари модарон бар онанд, ки асоси ободиву осудагии кишвар аз дили обод аст ва дилҳои сиёҳу пуркина ҳеҷ вақт дар фикри ободию осудагӣ нестанд.

         Санаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола ба 27 июн – рӯзҳои гарму пурнури тобистон рост меояд, барои тоҷикистониён санаи саъду муборак аст. Ин фархундарӯзест, ки мардуми шарифи кишварро ба ҳам овард, ин ҷашнест, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт ва мардумони тамоми гӯшаҳои оламро бо мо пайваст.

         Имрӯз таҷрибаи Сулҳу Ваҳдати тоҷикон, ки яқин дар падид омадани он хизмати модарон ва дуоҳои мустаҷоби онҳо бебаҳсу бесобиқа арзёбӣ гардида, ҷаҳду талошҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои азизи мо Эмомалӣ Раҳмон рукни аслиро ташкил медиҳад, дар аксар кишварҳои олам ва доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди омӯзишу паҳнсозӣ қарор дорад. Ин нуктаи муҳим боиси ифтори тамоми мардуми Тоҷикистон ва дарси ватандорию ватанхоҳӣ арзёбӣ шудааст.

         Бо истифода аз ин фурсати муносиб, кулли мардуми шарифи кишварро бо ин санаи фархунда муборак мегӯем.

Бахши матбуоти

Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *