ams.tj

Ободони ба истиқболи Ваҳдати миллӣ

25 июни соли ҷорӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Икромиддин Сирочиддин ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари хизматӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд рафт.

Дар доираи он Вализода Икромиддин Сирочиддин дар мавриди ба истифода додани якчанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла маѓозаҳои нав дар деҳаҳои Гулистон ва Чашмасор, ки бо ташаббуси ватандустонаи соҳибкорон Анвар Ҳотамов ва Санҷар Ортиқбоев бунёд ёфтанд, иштирок намуд. Дар деҳаи Фирдавсӣ  бошад, бо ибтикори боз як соҳибкори баору номус Набиҷон Пулодов нуқтаи такягоҳи занбурпарварӣ ва ошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд, ки барои сохтмони онҳо 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ масраф гашт.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Вализода Икромиддин Сирочиддин, ҳамчун Роҳбари гурӯҳи корӣ ҳамзамон, бо рафти сохтмони чанд иншооти дигари ҷашнӣ огаҳ гашта, бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд. Зимни вохӯриҳо Икромиддин Вализода зарурати вусъатдиҳии корҳои ободониро ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуд, ки ба ин васила торафт ободу зебо гаштани ҳар як гӯшаи кишвар, шоистатар шудани рӯзгори мардуми шарифи тоҷик таъмин мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *