ams.tj

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои водии Рашт

        24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва вохурию суҳбатҳо бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

        Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оѓоз ёфт, ки дар ин ҷо нахуст майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар мактаб 450 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудааст ва онҳо аз надоштани майдончаи муосири обутоби бадан то ба имрўз танқисӣ мекашиданд.

       Солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат як варзишгоҳи калони муосир бо 4 ҳазор ҷои нишаст ва ду толори варзишии наздимактабӣ сохта шудаанд. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор деҳоти ноҳия бунёди 4 майдончаи нави варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

      Дар маркази ноҳия Пешвои муаззами миллат ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оѓози расмӣ бахшиданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тарҳи бинои ҳизб иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси диёр сохта мешавад. Бинои нави сеошёнаи шуъбаи маориф бошад, бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ сохта шуда, аз 12 ҳуҷраи корӣ ва толори барҳавои маҷлис барои 90 нафар иборат хоҳад буд.   

       Сарвари давлат дар ин зимн ба масъулон ва сохтмончиён барои сари вақт анҷом додани корҳо ва таваҷҷуҳи бештар додан ба интихоби масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.

       Сафари навбатии кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияҳои водии Рашт чун тамоми мардуми кишвар кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ гарм истиқбол мекунанд, зеро дар натиҷаи он корҳои созандагию ободкорӣ дар водӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш тақвият меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *