ams.tj

Ифтихор (чанд андеша дар ҳошияи Саммити баргузоргардидаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО))

        Он рӯзҳои саъду муборак, яъне санаҳои 14-15 июн барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон иди воқеӣ буд. Пойтахти кишвар – Душанбеи гулобод аз ҳарвақта бештар ороиш ёфта, даҳҳо нафар роҳбарони олимақоми давлатҳо, сафирон, ҳазорон нафар коршиносону дипломатҳо, хабарнигорон, таҳлилгарон ва дигар намояндагони хориҷи кишварро ба меҳмонӣ пазируфт. Дар таърихи на он қадар тӯлонии Истиқлолияти давлатӣ меҳмондории сатҳи олию гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ борҳо ба вуқӯъ пайваста бошанд ҳам, ин тариқи пазироиву машварат бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос бори аввал баргузор гардид. Зеро маҳз дар он санаҳои таърихӣ таваҷҷуҳи миллионҳо нафар мардумони сайёра ба Душанбе нигаронида шуда, садҳо намояндагону рӯзноманигорони Васоити ахбори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла “Синхуа”, ССТВ, ИТАР ТАСС, “Ал- Ҷазира”, “Евронюс”, ББС, “Мир” ва даҳҳо расонаҳои дигар раванди кори машварат ва манзараҳои нотакрору зебои моро ба оламиён гузоришу намоиш медоданд.

         Ба андешаи мо, маҳз дар ҳамин давраи печидагиҳои мухталифи сиёсию иқтисодии сатҳи глобалӣ раёсати МҲТБО-ро ба душ гирифтани Тоҷикистон кори саҳлу андак набуда, ҳамзамон боиси ифтихори наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст. Зеро чунин ӯҳдадорию масъулияти Тоҷикистон далели қатъии он дониста мешавад, ки нуфӯзу манзалати Тоҷикистонро на танҳо дар байни давлатҳои Осиё, балки дар тамоми ҷаҳон рӯзафзун густариш меёбад.

         Мубориза бо терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ, кумаку дастгирии байниҳамдигарии давлатҳо аз муҳимтарин мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни машварат аз тарафи роҳбарону сафирон ва намояндагони давлатҳои иштирокдори саммит мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин росто, аз ҷумла Раиси ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронӣ оид ба сулҳу субот ва ҳамоҳангии байни давлатҳо андешаронӣ карда, барои тақвияти гуфтаҳояш як шоҳбайти поягузори шеъру адаб устод Абӯабдулло Рӯдакиро иқтибос овард, ки боиси ифтохори дучанди миллати тоҷик буд:

                   Ҳама ниюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,

                   Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

         Ба андешаи роҳбари Чин, кишварҳоро зарур аст, ки амнияту суботро дар ҳамоҳангӣ эҷод намоянд, соҳибҳуқуқӣ, соҳибихтиёрӣ ва демократияро пайваста эҳтиром гузоранд ва ҳамзамон барои интихоби роҳи сиёсӣ имконоти бемаҳдуд фароҳам созанд.

         “Бунёди Осиёи Марказии бехатар ҳадафи умумии мо мебошад. Мо ҷонибдори муколама бар ивази муқовиматҳоем”, — таъкид намуд роҳбари Чин.

         Мунсифона ва дар сатҳи адолату амалҳои ҳамидаи инсонӣ, агар ҳамагӣ як лаҳзаи ин машварати сатҳи олиро бо бист соли пеши ҳаёти кишвар муқоиса намоем, бе ҳеҷ ғаразу олоише хоҳем дарёфт, ки Тоҷикистони азизи мо бемуҳобо дар байни кишварҳои мутараққию пешрафтаи олам нуфӯзу эътибори рӯзафзун дорад. Ба андешаи мо, эътироф кардану пайваста ва дар ҳама ҳолат ҳифз намудани чунин рӯйдоду дастовардҳои азими таърихӣ барои ҳар як меросбар, барои кулли сокинони кишвар ҳам қарзу ҳам фарзи инсонӣ аст. Дар ин васила, мо бояд ба қадри ин обу хоки аз азал муқаддас, ба қадри сулҳу суботи комил, ба қадри пешрафту тараққиёт, ба қадри заҳматҳои мардуми шарафманди Тоҷикистону фарзандони фарзонаи ин сарзамин ва ба қадри ҷаҳду талошҳои пайвастаи Роҳбари меҳрубону муаззами кишварамон бирасем. Ана, ҳамин аст фазилати аслии инсонӣ, ҳамин аст ватандориву ватанхоҳӣ, ҳамин аст инсондӯстию некандешӣ.

Бахши матбуоти

Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      

  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *