ams.tj

Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 Муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назар Санг, ҳамчун муовини Роҳбари гурӯҳи корӣ санаи 19 июни соли ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суѓд сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои Нақшаи корҳои ободонию бунёдкории ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Муовини Роҳбари гурӯҳи корӣ, вобаста ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи масъулинро шунида, аз вазъӣ сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ огоҳ шуда, зикр намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад. 

Сипас, муовини  Роҳбари гурӯҳи корӣ ба сифат ва иҷрои корҳои сохтмонӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташуда шинос шуда, ба сохтмончиён хотирнишон намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода шавад. Ба масъулин хотиррасон намуданд, ки ҷиҳати ба стандартҳои амалкунанда ҷавобгӯ будани сохтмонҳои ҷашнӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Муовини Роҳбари гурӯҳи корӣ дар рафти сафар аз масъулини ноҳияи Шаҳристон миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки минбаъд низ бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ бо азму иродаи мустаҳкам корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ бо меҳнати софдилонаю суботкорона вусъат бахшида, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, бо ҷонибдории сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи нақшаву ниятҳои нек, пешрафту тараққиёти ноҳия ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *