ams.tj

110 рӯзи ободонӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон .

          Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ тибқи нақшаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба ифтихори таҷлили ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ кабудизоркунӣ тоза кардани гирду атрофи бинои мақомот, тоза намудани ҷӯйбору ҷойҳои одамгузар, ҳар рӯз баъди соати корӣ ва шанбегиҳо гузаронида мешавад.

Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ тибқи нақшаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба ифтихори таҷлили ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ кабудизоркунӣ тоза кардани гирду атрофи бинои мақомот ва тоза намудани ҷӯйбору ҷойҳои одамгузар рӯзҳои муқарраргардида шанбегиҳо мунтазам ба роҳ монда истодааст.

Ба ифтихори эълон гардидани 110 рӯзи ободонӣ    дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияҳо корҳои ободонӣ зери шиори «Соҳили пок» идома дошта, бо иштироки дастаҷамъонаи кормандони шуъба корҳои ободонию созандагӣ ва гулгуншукуфоӣ мунтазам идома дорад.

Амалиёти зери шиори «Соҳили пок» дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилоят дастгирии хуб ёфта аст.

          Дар шаҳри Хоруѓ барои корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ба шуъбаи Хадамот қитъаҳои алоҳида вобаст карда шуда, гулгашти майдони Исмоили Сомонӣ дар нашъу намо буда, дар майдончаи мазкур аз қабили шинонидани гулҳои рангоран тозаву озода нигоҳ кардани роҳравҳо мунтазам корҳои обони гузаронида мешавад.

          Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ барои хитирмон ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон тамоми чораҳои дахлдорро меандешад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *