ams.tj

Маълумотнома оид ба натиҷаи мониторинги бозори истеъмолӣ дар вилояти Хатлон

Тибқи супориши Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» вобаста ба муайян намудани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Бохтар, аз ҷумла дар ҶДММ   бозори “Ҳоҷи Шариф» ва   ҶДММ «Фаровон”  санаи 12 июни соли 2019 мониторинги бозори истеъмолӣ гузаронида шуд.

Муайян гардид, ки дар бозорҳои истеъмолии болозикри шаҳри Бохтар ба санаи 1 июни соли ҷори нархи миёнаи фурӯши чаканаи маҳсулоти аввалиндараҷа, аз ҷумла як халта орди навъи 1  (истеҳсоли ватанӣ) аз 165,0 то 180,0 сомонӣ, орди навъи 2 (истеҳсоли ватанӣ) аз 150,0 то 170,0 сомонӣ, биринҷ барои 1 кг аз 6,0 то 18,0 сомонӣ, картошка аз 2,0 то 2,50 сомонӣ, пиёз аз 3,0 то 3,50 сомонӣ, сабзӣ аз 3,0 то 4,0 сомонӣ, помидор аз 2,0 то 6,00 сомонӣ, бодиринг аз 1,50 то 2,50 сомонӣ, карам аз 2,50 то 3,50 сомонӣ, қаланфури булғорӣ 5,0-7,0 сомонӣ, шакар аз 6,50 то 7,0 сомонӣ, қанди сафед аз 7,0 то 8,0 сомонӣ, равғани растанӣ аз 10,0 то 12,0 сомонӣ, гӯшти мурғ аз 21,0 то 22,0 сомонӣ, 1 дона тухм  аз 0,80 то 0,90 сомонӣ 1 кг маҳсулоти макаронӣ аз 5,0 то 6,0 сомонӣ, нахуд аз 7,0 то 13,0 сомонӣ, наск аз  7,50 то 8,0 сомонӣ, марҷумак аз 6,00 то 7,00 сомонӣ ва ярмаи чав (переловка) аз 6,00 то 6,20 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки нархи миёнаи аксарияти маҳсулоти ниёзи аввалия дар дигар бозорҳои болозикри шаҳри Бохтар (бо истиснои бозори яклухтфурӯшии ҶДММ «Ҳоҷи Шариф» бо нархи миёна дар   «Бозори Фаровон» дар як сатҳ қарор доранд.

 Таҳлилҳо  нишон дод, ки дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят  ҷамъоварии ҳосили картошка, бехпиёз, сабзи, помидор, бодиринг ва гандум оғоз шуда, тибқи  мушоҳидаҳо дар назар аст, ки нархи маҳсулотҳои  болозикр дар рӯзҳои  наздик боз ҳам арзонтар хоҳад шуд.

 Инчунин, аз љониби Агентии захирањои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон дар назди «Бозори Фаровон»-и шаҳри Бохтар ва Кулоб ҳамарӯза ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои ниёзи аввалия, аз қабили орд, равған, биринљ, бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузошта шудаанд.

 Ҳамзамон, мониторинги фурӯши яклухти мањсулоти истеъмолӣ дар ҶДММ бозори “Ҳоҷи Шариф” нишон дод, ки нархи фурӯши яклухти пиёз аз 2,50 то 2,80 сомонӣ ва пиёзи майда аз 1,30 то 1,50 сомонӣ, сабзии маҳаллӣ 2,80 то 330 сомонӣ, картошка аз 1,30 то 1,70 сомониро ташкил менамояд.

Дар бозори “Ҳоҷи Шариф”-и шаҳри Бохтар воридоти маҳсулотҳои номбурда, нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд шуда, ба коҳиш ёфтани нарх мусоидат намуда истодааст. 

 Ҷамъоварии ҳосили сабзавотњо аз ҷумла картошка, памидор, бодиринг ва мевагиҳо оғоз  гардида, нархи онҳо ба ҳамин давраи  соли гузашта коҳиш ёфта истодааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *