ams.tj

Ваҳдат – пойдевори ассосии давлатдории миллати тоҷик

Ҳар сол санаи 27-уми июн дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад.

Ин санаи таърихи ва тақдирсози миллати тоҷик ҳамасола дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуда, вобаста ба хислатҳои таърихӣ  ва пос доштани ин неъмати бебаҳо ҷаласа ва мизҳои мудаввар гузаронида мешавад, ки моҳиятан чунин мавзуъҳоро дар бар мегирад.

Ваҳ дати миллӣ  ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ  гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ  ва ояндаи давлати соҳибистиқ лоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯ и даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеъу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯ зиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва ҳудогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем гуфтааст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».

Оре, роҳбарияти давлат пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои бунёдии миллату давлат ва дарки масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои аз бӯҳрони шадид баровардани ҷомеа талош карданд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз миллати тоҷик, ҳамаи афроди ватанпараст ва ҷонибдорони ваҳдату бақои миллат пуштибони сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат буданд. Ин давра дар ҳақиқат давраи таърихии оғози бунёди давлати нави миллии тоҷикон гардид. Бо гузашти айём, ҳақиқати таърихии барқарор шудани оромӣ, пояҳои давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳарчи бештар таъмин гардидани озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ба таври воқеӣ дастраси мардум ва наслҳои оянда гардад.

Аз он вақте ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифини онвақтаи худ ба музокирот оғоз карда буд, солҳо сипарӣ шуданд. Мо ба аҳли ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кишварҳои дӯст ва ҳаммарз исбот кардем, ки ба идеяи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот содиқ ҳастем ва манфиатҳои милливу давлатии худро ҳамеша дар мадди аввал қарор медиҳем. Ҳамчунин собит намудем, ки ҳадафи асосии мо эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои наслҳои оянда чунин давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеа, зиндагии бошарафона ва хушбахтонаи аҳолӣ мувофиқ бошад

«То имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намудем. Дар давоми қариб чор сол ҳашт даври музокирот, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом додем. Дар ин раванд ҳадафи асосии мо таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд. Инчунин барқарор кардани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол самтҳои асосии фаъолияти мо буданд. Хотирнишон бояд кард, ки дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд. Вале Ҳукумат сарфи назар аз ҳамаи фишору муқобилиятҳо роҳи пешгирифтаи худ, яъне роҳи музокирот ва сулҳу созишро тағйир надод.» иқтибос аз суханони Пешвои миллат муҳ тарам Эмомалӣ  Раҳ мон.

Маҳз аз самараи ин «дарахти ширинмева» мо насли даврони истиқ лол ба воя расида, дар фазои осоишта ва орӣ аз ҷангу ҷанҷол зиндагонии осоишта дорем ва шукргузорӣ  аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мекунем, ки дар ҳамбастагӣ  бо дигар қишрҳои фаъоли кишвар тавонистанд дар барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  нақши муассир гузошта бошанд.

Дар ин заминаи ба вуҷудомада мо мардуми кишвар худро руҳбаладу фориғбол эҳсос намуда, кӯшиш менамоем, ки дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ  ва рушду нумӯи кишвари азизамон саҳмгузор бошем!…

 

 

Далери Абдуғафор

мутахассиси пешбари

Шуъбаи корҳо

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *