ams.tj

Ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дар бозори моли муайян доро мебошанд, шомил гардидани контент провайдерҳо

            Аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши интихобии фаъолияти 3-субъектҳои хоҷагидор контент-провайдерҳое, ки дар самти хизматрасонии мазкур дар соли 2018 фаъолият намуданд, вобаста ба ҳолати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ гузаронида шуд.

           Дар асоси моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар доираи ваколат, ҳуқуқ ва вазифаҳои худ нархи мол, маҳсулот (кору хизматрасонӣ)-и пулакии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидории ба доираи идоракунии онҳо дохилбуда, инчунин нарх (тариф)-ҳои хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дар бозори моли муайян доро мебошанд ба мувофиқа мерасонад.

            Дар рафти санҷиш, мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи операторони алоқаи мобилӣ муайян гардид, ки дар соли 2018 ҶДММ «Юнифан», ҶДММ «Интернет ва технологияи мобилӣ», ҶДММ «Интерсолер-Т» зиёда аз 74 % ва боқимонда 25,5% ба дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқ дорад.

          Аз ин рӯ, дар асоси маълумотҳои расмии операторони мобилӣ барои ҷамъбасти соли 2018 аз рӯи хизматрасонии контент-провайдерӣ ҶДММ «Юнифан», ҶДММ «Интернет ва технологияи мобилӣ» ва ҶДММ «Интерсолер-Т», ки дар маҷмӯъ ҳиссаи молии онҳо зиёда аз 74,3%-и бозори молии мазкурро ташкил медиҳад, дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 10 июни соли 2019 №75 ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошад, шомил карда шуда, минбаъд тарифҳои хизматрасонии онҳо дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *