ams.tj

Қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

Бо фармоиши Сардори Хадамоти

зиддиинҳисории назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “___” _______с. 2018 № ____

тасдиқ шудааст

 

 

Қоидаҳои

ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

I.Қоидаҳои умумӣ

  1. Қоидаҳои мазкур оиди ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ (минбаъд Қоидаҳо) дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» таҳия шудааст.

     Ҳуҷҷати мазкур қоидаҳои тартиб додан ва ҷорӣ намудани Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ (минбаъд Феҳрист)-ро муайян менамояд.

  1. Ба Феҳрист субъектҳои инҳисороти табиӣ (шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият), ки дар доираи хизматрасонии субъектҳои инҳисороти табиӣ фаъолият доранд ва фаъолияти онҳо (аз ҷумла тарифҳо ва нархномаҳояшон) аз тарафи мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ (минбаъд – мақомоти ваколатдор) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» (минбаъд Қонун) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим (муқаррар) мегарданд, дохил карда мешаванд.
  2. Феҳрист, ин номгӯи субъектҳои инҳисороти табиӣ буда, маълумотҳоро оиди онҳо бо сабти рӯи қоѓаз ва дар шакли электронӣ дар бар мегирад.
  3. Феҳристро мақомоти ваколатдор тартиб медиҳад ва ҷорӣ менамояд.

 

  1. Тартиби ба Феҳрист дохил намудани субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

  1. Шартҳои зарурӣ барои қабул намудани фармоиш оид ба Феҳрист дохил намудани субъектҳои инҳисороти табиӣ инҳо мебошанд:

      – мавҷуд будани иҷозатнома барои хизматрасони мутобиқи қонунгузории амалкунанда;

     – маълумотҳои таҳлилии фаъолияти субъектҳо дар бозори моли дахлдор.

  1. Дар вақти қабул намудани фармоиш оиди ворид намудани субъектҳои инҳисороти табиӣ ба Феҳрист ахбороти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои минтақавӣ, омор, андоз, гумрук ташкилотҳои тиҷоратию ѓайритиҷоратӣ (иттифоқҳо ва ё ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, муштариён ва дигар сарчашмаҳо ба инобат гирифта мешаванд.

     Ахбороти номбурда бевосита аз тарафи мақомоти ваколатдор ва ё мақоми минтақавии он аз рӯи макони хизматрасонӣ ва ё ҷои ба қайди давлатӣ гирифташудаи субъекти инҳисори табиӣ ҷамъ оварда шуда, таҳлил карда мешавад.

     Ахбороти дорои махдудияти паҳншавӣ бо роҳҳои дахлдори пӯшида фиристода мешавад.

  1. Бо мақсади муайян намудани шартҳои дар банди 5 Қоидаҳои мазкур нишондодашуда бо истифодаи ахбороти дар банди 6 Қоидаҳои зикршуда, мақомоти ваколатдор ва мақомоти минтақавии он ба
    унвони субъектҳои инҳисороти табиӣ анкетаро дар намуди муқарраршуда барои пур кардан мефиристонад.

Намуди анкета дар замимаи №1 Қоидаҳои мазкур оварда шудааст.

     Анкетаи пуркардашуда бо имзои роҳбари (Муовини роҳбар), субъекти хоҷагидор бо мӯҳр тасдиқ карда шуда, дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ, аз рӯзи гирифташуда ба мақомоти ваколатдор ё мақомоти минтақавии он фиристода мешавад.

  1. Субъекти инҳисори табиӣ бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор ба Феҳрист ворид карда мешавад.
  2. Намояндагони субъектҳои инҳисороти табиӣ дар вақти баррасии масъала оиди ворид намудани субъекти мазкури инҳисори табиӣ, ҳуқуқи дар ҷаласаи мақомоти ваколатдор иштирок карданро доранд. Оиди рӯзи баррасии ин масъала субъекти инҳисори табиӣ бояд қаблан огоҳ карда шавад. Дар ҳолати розӣ набудан субъекти инҳисори табиӣ, ҳуқуқ дорад оиди фармоиши мазкур бо тартиби муқаррарнамуда, ба суд эътироз баён намояд.
  3. Баъди қабули фармоиш оиди ворид намудан ба Феҳрист, маълумотҳо дар бораи субъекти инҳисори табиӣ дар қисми дахлдори Феҳрист сабт карда шуда, дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ ба субъект огоҳнома (намуди огоҳнома оиди ворид намудан ба Феҳрист дар замимаи №2 Қоидаҳо оварда шудааст) ва нусхаи фармоиши мақомоти ваколатдор фиристода мешаванд.

 

 

   III. Тартиби аз Феҳрист хориҷ кардани субъекти инҳисори табиӣ

 

  1. Масъалаи аз Феҳрист хориҷ намудани субъектҳои инҳисороти табиӣ ба ҷаласаи мақомоти ваколатдор, дар асоси аризаи (муроҷиати) хаттӣ ба мақомоти ваколатдор аз тарафи субъекти инҳисори табиӣ, ки ба Феҳрист ворид карда шудааст, бо пешниҳоди маводҳои асосноки дар ариза овардашуда бароварда мешавад.
  2. Асоси аз Феҳрист хориҷ кардан ин ахборот дар бораи фаъолияти субъекти мазкури инҳисороти табиӣ мебошад, ки мақомоти минтақавии ваколатдор, инчунин дигар шахсони дахлдор пешниҳод намудаанд.
  3. Фармоиш оиди хориҷ намудани субъектҳои инҳисори табиӣ аз Феҳрист аз тарафи мақомоти ваколатдор дар мавриди мавҷуд будани асосҳои зерин қабул карда мешавад:

     – аз даст додани ваколати шахси ҳуқуқӣ будани субъекти инҳисори табиӣ, ки ба Феҳрист ворид карда шудааст;

     – бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ шудани қатъшавии фаъолияти
хизматрасонӣ дар шароити инҳисори табиӣ;

     – натиҷаҳои таҳлили бозори молҳои дахлдор, ки дар он вуҷуд надоштани шароити инҳисороти табииро тасдиқ мекунанд.

  1. Намояндаи субъекти инҳисороти табиӣ ҳукуқ дорад, дар ҷаласаи мақомоти ваколатдор, ки масъалаи хориҷ намудани субъекти мазкури инҳисори табииро аз Феҳрист баррасӣ менамояд, иштирок намояд. Оиди санаи баррасии ин масъала бояд қаблан огоҳонида шавад.
  2. Субъекти инҳисори табиӣ бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор аз Феҳрист хориҷ карда мешавад.
  3. Баъди қабули фармоиши мақомоти ваколатдор оиди аз Феҳрист хориҷ намудани субъекти инҳисори табиӣ дар муддати 10 рӯзи корӣ ба субъект огоҳнома (намуди огоҳнома оиди аз Феҳрист хориҷ намудан дар замимаи №3 Қоидаҳо оварда шудааст) ва нусхаи фармоиши мақомоти ваколатдор фиристода мешавад.
  4. Нусхаи фармоиши мақомоти ваколатдор оиди аз Феҳрист хориҷ намудани субъекти инҳисороти табиӣ инчунин ба:

     – мақоми идораи ҷумхуриявии субъекти хоҷагидор;

     – мақомоти омор;

     – мақомоти минтақавии ваколатдор, ки дар онҷо хизмат расонида мешавад, фиристода мешавад.

 

  1. IV. Қоидаи тартиб додан ва ҷорӣ намудани Феҳрист
  2. Феҳрист дар бахшҳои зерин тартиб ва ҷорӣ карда мешавад:

     – хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои магистралӣ;

     –  хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва гармӣ;

     – хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, харид, ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкунанда ва қубурҳои газгузаронии ба онҳо вобаста;

     –  хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои оҳан;

     – хизматрасонии терминалҳои нақлиётӣ, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва аэронавигатсия;

     – хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;

     –  хизматрасонии хоҷагии об ва системаи фозилоб (канализатсия);

     – хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ.

     Намунаи Феҳрист дар замимаи №4 Қоидаҳо оварда шудааст.

  1. Ба субъекти инҳисори табиӣ, ки ба Феҳрист ворид карда шудааст, рақами бақайдгирӣ дода мешавад. Баъд аз хориҷ кардани субъекти инҳисори табиӣ аз Феҳрист рақами бақайдгирӣ минбаъд истифода бурда намешавад.
  2. Субъекти инҳисори табиӣ дар ҳолати таѓйир ёфтани ном, макон ва рақамҳои телефони ӯ, ки ба Феҳрист ворид карда шудааст, вазифадор аст, дар ин бора дар муддати 10 рӯзи корӣ аз вақти таѓйирёбӣ ба мақомоти ваколатдор хабар диҳад.
  3. Шахсони манфиатдори ҳуқуқӣ ва инфиродӣ дар асоси муроҷиати хаттӣ ба мақомоти ваколатдор метавонанд аз Феҳрист нисбати субъектҳои инҳисороти табиии бақайдгирифташуда, иқтибос гиранд.

     Намуди иқтибос дар замимаи №5 Қоидаҳо оварда шудааст.

  1. Мақомоти ваколатдор тибқи тартиби муқарраршуда тариқи воситаҳои ахбори умум роҷеъ ба ворид намудани субъектҳои инҳисороти табиӣ ба Феҳрист ва ё хориҷ намудани онҳо аз Феҳрист иттилоъ медиҳад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи №1 ба Қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

 

Анкета

 

 

  1. Номи пурра ва мухтасари субъект;
  2. Макони ҷойгиршавӣ, телефон, факс, почтаи электронӣ;
  3. Ному насаби Роҳбар;
  4. Рақами идентификатсионии андозсупорӣ;
  5. Маълумот оиди таркиби сармояи оинномавӣ бо нишондоди иштирокчиёне, ки зиёда аз 10%-и овозҳои умӯмиро доранд ва суроѓаи почтавии онҳо;
  6. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар соли пеш аз ҳисоботӣ ва ё давраи ҳисоботӣ;
  7. Нусхаҳои намудҳои дахлдори ҳисоботҳои оморӣ;
  8. Минтақае, ки дар он хизмат расонида мешавад;
  9. Нусхаи иҷозатнома ва замима ба он.

 

 

 

 

 

Роҳбари субъекти хоҷагидор ________________________ номи падар

(имзо)

 

Ҷ.М.

 

 

 

 

 

Аз тарафи субъекти хоҷагидор пур карда шуда, ба унвони мақомоти ваколатдор ва ё мақомоти минтақавии он фиристонида мешавад.

 

 

 

 

 

 

Замимаи №2 ба Қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

 

Дар варақаи унвонии мақомоти ваколатдор

 

 

Огоҳнома

оиди ба Феҳрист ворид намудани субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

          Мақомоти ваколатдордар ҷаласаи худ масъалаи ворид намудани субъекти Шуморо ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ баррасӣ намуда, фармоиши аз “___” ___________ соли 201__   №___ қабул намуда, огоҳ менамояд, ки __________________________________________________________________

(номгӯи субъекти хоҷагидор)

ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ таҳти рақами бакайдгирии _______ ворид карда шуд.

____________________________________________________________________________________________________________________________________

(номгӯи субъекти хоҷагидор)

ва субъекти инҳисороти табиӣ буда, фаъолиятро дар соҳаи __________________________________________________________________ __________________________________________________________ ро амалӣ мегардонад,                           (хизматрасонӣ)

ки ба он муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ ” татбиқ мегардад.

 

Замима: Нусхаи фармони мақомоти ваколатдор дар ______ саҳифа.

                Нусхаи қарори мақомоти ваколатдор дар ______ саҳифа.

 

 

 

                               

  Роҳбар                                                      _________________номи падар

(Муовин)                                                                        (имзо)

 

 

 

 

 

 

 

Замима №3 ба Қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

 

Дар варақаи унвонии мақомоти ваколатдор

 

 

Огоҳнома

оиди хориҷкунӣ аз Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

          Мақомоти ваколатдордар ҷаласаи худ масъалаи ворид намудани субъекти Шуморо ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ баррасӣ намуда, фармоиши аз “___” ___________ соли 201__   №___ қабул намуда, огоҳ менамояд, ки

__________________________________________________________________

(номгӯи субъекти хоҷагидор)

аз Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ хориҷ карда шуд.

 

 

Замима: Нусхаи фармони мақомоти ваколатдор дар ______ саҳифа.

                Нусхаи қарори мақомоти ваколатдор дар ______ саҳифа.

 

 

 

                               

  Роҳбар                                                       _________________номи падар

(Муовин)                                                                        (имзо)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замима №4 ба Қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

 

Феҳристи

Субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

маълумотҳо ба _____________

ӯз, моҳ, сол)

 

№ Бақайд

гирӣ

Номи пурра ва мухтасари субъекти инҳисори табиӣ

Макони ҷойгиршавии субъект, ному насаби Роҳбар, телефон, факс, почтаи электронӣ

Намудҳои фаъолият (хизматрасонӣ)

Санаи ворид намудан ба Феҳрист, рақами фармоиши мақоми ваколатдор

Эзоҳ (рақам, санаи додан, муҳлати иҷозатнома, мақоми иҷозатномадода)

Хизматрасони дар мавриди истеҳсол, ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои магистралӣ;

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти қувваи барқ ва гармӣ;

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, харид, ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкунанда ва қубурҳои газгузарони ба онҳо вобаста;

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои оҳан;

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонии терминалҳои нақлиётӣ, фурӯдгоҳҳои ҳавоӣ ва аэронавигатсия;

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонии хоҷагии об ва системаи фозилоб (канализатсия);

 

 

 

 

 

 

Хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замима №5 ба Қоидаҳои ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

 

 

Иқтибоси № ____

аз Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ

 

  1. Иқтибос ба санаи _________________________ тартиб дода шудааст.

(сана)

  1. Номи субъекти инҳисори табиӣ __________________________________
  2. Макони ҷойгиршавии субъекти инҳисори табиӣ __________________________________________________________________

__________________________________________________________________

 

  1. Рақами бақайдгирӣ дар Феҳрист

 

  1. Намудҳои фаъолияти хизматрасонӣ, ки ба инҳисороти табиӣ таалуқ дорад ______________________________________________________________

 

  1. Сана ва рақами фармоиши

 мақомоти ваколатдор оиди ворид ва ё хориҷ кардан ба (аз) Феҳрист.

 

 

 

 

                               

  Роҳбар                                                      _________________номи падар

(Муовин)                                                                        (имзо)

 

 

 

 

          Иқтибос ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабтҳо дар Феҳрист, нисбат ба субъекти инҳисори табиӣ мебошад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *