ams.tj

Низомномаоид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо

Замимаи №1

 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии

 Тоҷикистон

 аз “__”______ соли 2017 №__

 тасдиқ шудааст  

                                             

Низомнома

оид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва

 хизматрасониҳо

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низомномаи мазкур фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машѓуланд, фаро мегирад.
  2. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ аз тарафи истеҳсолкунандагон мустақилона ё дар асоси шартнома бо истеъмолкунандагони маҳсулот (хизматрасонӣ) муқаррар карда мешавад ва ҳангоми ҳисоббаробаркунии истеҳсолкунандагон бо кулли истеъмолкунандагон, ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ (ѓайр аз аҳолӣ), аз он ҷумла бо миёнаравҳо (бо иштироки корхонаю ташкилотҳои таъминотию фурӯшанда, хариду фурӯш ва дигарҳо) бо назардошти андозҳои амалкунанда татбиқ мегардад.
  3. Нархҳои озод (фурӯш) ба молҳои ниёзи мардум аз ҷониби истеҳсолкунандагони молҳо бо назардошти андозҳои амалкунанда мустақилона ё дар асоси шартнома бо мувофиқаи субъектҳои хоҷагидор ё миёнаравҳое, ки молҳоро ба аҳолӣ ё истеъмолкунандагони ѓайрибозорӣ мефурӯшанд, муқаррар карда мешаванд.
  4. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ва нархҳои озоди фурӯш бо назардошти вазъи бозор, талабот ва пешниҳодоти вуҷуддошта, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот (хизматрасонӣ) ва молҳо бо шарти ирсоли франкию истгоҳӣ (бандар), муайян гардида дар ҳолати дар як шаҳр фурӯхтан франко – анбори корхонаи таҳвилгар муайян карда мешавад. Бо мувофиқаи тарафҳо ҷоиз аст шартҳои дигари таҳвили молҳо, маҳсулот (хизматрасонӣ) қабул карда шавад.
  5. Бо мақсади маҳдуд ва пешгирӣ намудани фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона, ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои самарабахшии бозорҳои молӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз болоравии беасоси нархҳо (тарифҳо) ба молҳои (хизматрасониҳои) аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, танзими давлатии нарх ва тарифҳо татбиқ карда мешавад.
  6. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) нисбати Номгӯи мол, маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки ба онҳо танзими давлатии нарх ва тарифҳо амалӣ мегардад, ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ба Номгӯи мазкур таѓйирот ворид карда мешавад.
  7. Дар таркиби нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ ва нархҳои озоди фурӯш ба молҳои ниёзи мардум арзиши аслӣ, даромаднокӣ ва андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳое, ки аз фоида пардохт мегарданд) ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба нархҳои озоди фурӯши молҳои ниёзи мардум, ки пардохти андози аксизӣ муқаррар шудааст, маблаѓи меъёри муқарраргардидаи андози аксизӣ низ ҳамроҳ карда мешавад.

Фоида (зарар) аз фурӯши молҳо ва хизматрасониҳо тибқи нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ҳамчун фарқияти байни маблаѓи фурӯш (бе андозҳои амалкунанда ва аксиз) ва хароҷот, ки ба арзиши аслии маҳсулот, молҳо ва хизматрасониҳо дохил мешаванд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шуда, бо назардошти хусусиятҳои хоси соҳаҳо муайян карда мешавад.

  1. Дар асноди ҳисоббаробаркунии маҳсулоти фурӯхташаванда (молҳо ва хизматрасониҳо) маблаѓи андозҳои амалкунанда дар сатри алоҳида нишон дода мешавад.
  2. Нархи маҳсулот ва молҳое, ки ба воситаи миёнаравҳо (ташкилот ва корхонаҳои хариду фурӯш, таъминотию фурӯшанда) таҳвил мегардад, бо назардошти нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ва иловапулии таъминотию фурӯш муайян карда мешавад.
  3. Дар таркиби иловапулии таъминотию фурӯш хароҷоти муомилот, фоида ва андозҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба назар гирифта мешаванд.
  4. Нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ба маҳсулоти (молҳои) воридотӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулот (молҳо)-ро аз таҳвилкунандагони хориҷӣ харидорӣ мекунанд, бо назардошти ваъзи бозор, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот (молҳо) муқаррар карда мешавад. Дар таркиби ин нархҳо бояд арзиши воридотӣ (арзиши молнома), ки дар ҳисобномаи таҳвилкунанда нишон дода шудааст, бо ҳисоб кардан ба асъори миллӣ – сомонӣ тибқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт, бо иловаи тамоми хароҷот оид ба расонидани маҳсулот (молҳо), инчунин андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳои, ки аз фоида пардохт мегарданд), пардохтҳои гумрукӣ ва подоши ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва дигарҳо, ки хариди маҳсулот (молҳо) – ро анҷом додаанд, ба назар гирифта мешавад. Мутобиқи замимаи №1 Низомномаи мазкур, намунаи муайян намудани нарх ва андозҳои амалкунанда ба молҳои воридотӣ муқаррар карда шудааст.
  5. Мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати пешгирии болоравии беасоси нархҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ ба мол, маҳсулот (хизматрасониҳо) – и аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, танзими давлатии нарх ва тарифҳо ҷорӣ карда мешавад.

 

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ НАРХҲОИ ОЗОДИ ЧАКАНА БА МОЛҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ ВА ВОРИДОТИИ НИЁЗИ МАРДУМ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

 

  1. Нархҳои озоди чакана ба молҳои ватанӣ ва воридотии молҳои ниёзи мардум дар асоси нархҳои озоди фурӯш (бо назардошти андозҳои амалкунанда) ва иловапулии савдо ташаккул меёбанд.
  2. Ҳангоми ба аҳолӣ фурӯхтани маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, нархҳои озоди чакана дар асоси нархҳои озоди фурӯш ва иловапулии савдо ташаккул меёбанд.
  3. Нархҳои озоди чакана аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, ки фурӯши чаканаи молҳоро ба аҳолӣ амалӣ мекунанд, мутобиқи банди 13 Низомномаи мазкур, ба истиснои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, ки ба онҳо танзими давлатии нарх амалӣ мегардад, муайян карда мешавад.
  4. Ҳангоми ба воситаи миёнаравҳо таҳвил намудани мол ё маҳсулот ба фурӯшанда, нархи озоди чакана аз нархи харид, ки мутобиқи банди 9 Низомномаи мазкур ва иловапулии савдо муайян шудааст, ташаккул меёбад.
  5. Иловапулии савдо аз ҷониби фурӯшанда дар асоси ваъзи бозор муайян карда мешавад. Ба иловапулии савдо хароҷоти муомилот, фоидаи ташкилоту корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, инчунин андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳои, ки аз фоида пардохт мегарданд) дохил карда мешаванд.
  6. Ҳангоми аз тарафи корхонаҳои савдои яклухт ба корхонаҳои савдои чакана фурӯхтани молҳои ватанӣ ва воридотӣ, ҳисоббаробаркунӣ ба молҳои фурӯхташуда бо нархҳои озоди фурӯш (бо назардошти андозҳои амалкунанда) ва ба он изофа кардани иловапулии яклухт, ки аз ҷониби корхонаҳои савдои яклухт бо мувофиқаи корхонаҳои савдои чакана ва ѓайра, инчунин соҳибкорони инфиродие, ки молро ба аҳолӣ мефӯрушанд, муайян карда шудааст, анҷом дода мешавад.
  7. Арзиши мавод ва қисмҳои эҳтиётие, ки субъектҳои хоҷагидори бо нархҳои озоди фурӯш ба аҳолӣ хизматрасонанда мегиранд, аз тарафи фармоишгарон ҳангоми иҷрои фармоиш барои тайёр ва таъмири маснуот бо ин нархҳо ва бо изофа намудани иловапулии савдо, ки мутобиқи банди 17 Низомномаи мазкур муайян гардидааст, пардохт карда мешавад.
  8. Бо ҳамин тартиб нархҳои озоди чакана ба маҳсулоте, ки аз тарафи субъектҳои хоҷагидори ба аҳолӣ хизматрасонанда фурӯхта мешавад, муайян карда мешавад.
  9. Тарифҳои озод ба хизматрасониҳо барои аҳолӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки ин гуна хизмат мерасонанд, дар асоси ваъзи бозоре, ки дар минтақаи мазкур ба вуҷуд омадааст, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии хизматрасонии пешниҳодшаванда ташаккул меёбад.
  10. Дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, нархи иловагӣ ба нархҳои озоди (хариди) чакана ба ҳамон тартибе, ки дар корхонаҳои савдои чакана мутобиқи банди 13 Низомнома ташаккул ёфтаанд, истифода мешавад.

 

 

БОБИ 3. УСУЛҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ

НАРХҲО (ТАРИФҲО)

 

  1. Танзими давлатии нархҳои (тарифҳои) маҳсулот молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо бо чунин усулҳо амалӣ карда мешаванд:

– муқаррар намудани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

          – муқаррар намудани сатҳи ниҳоии нархи фурӯши чакана;

– муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ;

Мёрҳои танзимкунанда барои маҳсулот, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо, аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, аз рӯи натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муқаррар карда мешаванд.

  1. Танзими давлатии нарх (тариф) бо муқаррар намудани маҳдудияти иловапулии савдо ба нархи озоди яклухти фурӯш, сатҳи ниҳоии нархи чакана (тариф) ё сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба муҳлати муайян татбиқ карда мешавад.

Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои маҳсулот, мол ва хизматрасониҳо дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар болоравии нархҳо (тарифҳо) дар давоми як моҳ 20 фоиз ва зиёда аз онро ташкил диҳад. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои маҳсулот, молҳои ниёзи мардум ва хизматрасониҳо муваққатан ҷорӣ карда шуда, хусусияти доимамалкунда надорад. 

 

БОБИ 4. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ АСНОД

  1. Нархҳои (тарифҳои) озоди фурӯш ва яклухт дар Протоколи мувофиқати нарх сабт мегардад, ки он аз тарафи роҳбарони (соҳибмулки) корхонаҳои истеҳсолкунанда ва корхонаҳои истеъмолкунанда имзо мегардад. Намудҳои протоколҳои мувофиқат дар замимаҳои №2 ва №3 Низомномаи мазкур оварда шудааст. Мумкин аст, ки нархҳои (тарифҳои) муайянкардашудаи мазкур дар шартномаҳо оид ба таҳвили мол, маҳсулот (хизматрасонӣ) зикр гардад. Шартномаҳо бо ашхоси алоҳидаи ҳуқуқӣ (истеҳсолкунандагон ё истеъмолкунандагон) тибқи қонунгузории гражданӣ ба расмият дароварда шаванд.
  2. Аломати нархҳои озоди чакана дар нархҳои молҳо ё нархномаҳо, ки дар маѓозаҳо гузошта мешаванд, аз тарафи субъектҳои хоҷагидори савдои чакана ҷорӣ карда мешавад.
  3. Аломати нархҳои озоди чакана мустақиман дар маҳсулот, тамѓаю борбандҳои молҳо, тамѓақоѓазҳо ва шиносномаҳои техникӣ (ба молҳои таъиноти маданию маишӣ ва хоҷагӣ, ки бо шиносномаи техникӣ истеҳсол мешаванд), инчунин дар тасмаҳои назоратӣ барои корхонаҳои истеҳсолкунанда, ҳатмӣ нест.

 

БОБИ 5. ТАЃЙИРИ НАРХҲО ВА ТАРИФҲОИ ОЗОД (БОЗОРӢ)

  1. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ва фурӯшро ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ (хизматрасонӣ) ва молҳои ниёзи мардум бо мувофиқаи байни истеҳсолкунанда (таҳвилкунанда) ва ниёзманд (истеъмолкунанда) вобаста ба болоравии (пастшавии) нарх ба ашёи хом, мавод, дигар омилҳое, ки ба таѓйир ёфтани хароҷот ба истеҳсол ва фурӯши молҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳо таъсир мерасонанд, таѓйир додан мумкин аст.
  2. Тартиби таѓйир додани нархҳоро дар шартномаи таҳвили молҳо муқаррар намудан мумкин аст.
  3. Дар ҳолати таѓйир ёфтани талабот ва пешниҳодот ба молҳои ниёзи мардум, нархҳои озоди чакана метавонанд аз тарафи фурӯшанда вобаста ба ваъзи бозор таѓйир дода шавад. Дар ин маврид паст кардани нархҳои озоди чакана аз ҳисоби фурӯшанда амалӣ мегардад.
  4. Нархҳои нави озоди чакана аз ҷониби фурӯшанда таѓйир дода мешаванд.

 

БОБИ 6. НАЗОРАТ АЗ РӮИ РИОЯИ ТАРТИБИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ АЗ РӮИ РИОЯИ ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА ТАТБИҚИ НАРХУ ТАРИФҲОИ ОЗОД БА МАҲСУЛОТИ ТЕХНИКӢ, МОЛҲОИ НИЁЗИ МАРДУМ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

 

  1. Назорат аз рӯи дурустии муайянкунӣ ва татбиқи нархҳои (тарифҳо) танзимшаванда барои молу маҳсулоти ниёзи мардум ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои омор, гумрук ва кишоварзӣ маълумоти дахлдорро оид ба содирот, воридот ва истеҳсоли маҳсулот ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод намуда, барои дастрас намудани иттилооти зарурӣ мусоидат менамоянд.

 

 

БОБИ 7. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ НИЗОМНОМАИ МАЗКУР

  1. Ба вайронкунии тартиби ташаккул ва татбиқи нархҳо (тарифҳо), чунин амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дохил карда мешаванд:

– риоя накардани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

– риоя накардани сатҳи ниҳоии нархҳои (тарифҳои) фурӯши мол, маҳсулот ва хизматрасониҳо;

– риоя накардани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Низомномаи мазкур мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                                                               Замимаи №1

                                                                                        ба Низомномаи тартиби ташаккул ва

                                                                                     татбиқи нарху  тарифҳои озод ба

                                                                                  маҳсулоти  таъиноти истеҳсолию

                                                                                     техникӣ, молҳои ниёзи мардум

                                                                                     ва хизматрасониҳо

 

Намунаи

муайян намудани нархҳо ба молҳои воридотӣ аз

мамлакатҳои хориҷии наздик ва дур

 

  1. Арзиши қарордодии молҳо, ки аз ширкатҳои хориҷӣ харида мешаванд, бо шумули хароҷоти расонидан то сарҳад, ки бо асъори миллӣ тибқи қурби муқарраргардида ҳисоб карда мешавад;
  2. Хароҷоти нақлиётӣ оид ба расонидани молҳо аз сарҳад то истгоҳи муайяншуда;
  3. Пардохтҳои гумрукӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (аз ҷумла маблаѓи аксиз барои молҳои зераксизӣ);
  4. Хароҷоти муомилот,

аз он ҷумла:

а) музди меҳнат ва пардохтҳои иҷтимоӣ;

б) хароҷоти нақлиёт;

в) пардохтҳои суѓуртавӣ;

г) фоизҳои қарз;

д) хароҷоти нигоҳдорӣ;

е) корҳои борбардорию борфурорӣ;

ж) хароҷоти фурӯш;

з) подоши комиссионӣ;

и) пардохти барасмиятдарории гумрукӣ;

к) дараҷаи фоиданокӣ.

Таносуби хароҷотҳои муомилот нисбати нархи хариди озод фоизи иловапулии савдоро ташкил медиҳад (б.5/б.1+б.2+б.3+б.4)

  1. маблаѓи андозҳо

(б.4х меъёри андозҳо)

  1. Нархи озоди ҳадди ақал

(б.1+б.2+б.3 + б.4+ б.5)

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи №2

                                                                                        ба Низомномаи тартиби ташаккул ва

                                                                                     татбиқи нарху  тарифҳои  озод ба

                                                                                  маҳсулоти  таъиноти истеҳсолию

                                                                                     техникӣ, молҳои ниёзи мардум

                                                                                     ва хизматрасониҳо

 

Роҳбари __________                                                     Роҳбари ______________

__________________                                                      ______________________

__________________                                                      ______________________

корхонаи (иттиҳодияи)                                                корхонаи (иттиҳодияи)                             

истеъмолкунанда                                                          истеҳсолкунанда

(фармоишдиҳанда)                                                       (таъминкунанда)

Имзо ________________                                               Имзо ________________

                  (ном ва насаб)                                                                              (ном ва насаб)

«___»_________соли 20_                                               «__»_________соли 20_

 

Ҷ. М.                                                                                 Ҷ. М.

 

ПРОТОКОЛИ

мувофиқати нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ байни ___________________

____________________________________________________________________ номи субъекти хоҷагидори истеҳсолкунанда, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақам аз Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ    

                                              

ва__________________________________________________________________

    номи субъекти хоҷагидори истеъмолкунанда, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақам аз Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ                                                   

 

оид ба ҳамлу нақли (хизматрасонии)___________________________________

____________________________________________________________________

номгӯи маҳсулот (хизматрасонӣ)

 

№ т/р

Номгӯи

 маҳсулот (хизматрасонӣ), тамѓа, намуд ва ѓайра

Тавсифи мухтасари техникӣ

Ҳуҷҷатҳои техникӣ, аз ҷониби кӣ ва кай тасдиқ шудааст

Воҳиди ченак

Нархи (тарифи) озоди яклухт, сомонӣ, бо андозҳои амалкунанда

Иловапулии таъминотию фурӯшӣ

1

2

3

4

5

6

7

 

Эзоҳ: сутуни 7 дар мавриди харидани маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ тавассути ташкилотҳои таъминкунанда ва фурӯшанда пур карда мешавад.

                                                                                                                  Замимаи №3

                                                                                        ба Низомномаи тартиби ташаккул

                                                                                        ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба

                                                                                       маҳсулоти таъиноти истеҳсолию

                                                                                     техникӣ, молҳои ниёзи мардум

                                                                                     ва хизматрасониҳо

 

 

ПРОТОКОЛИ №____

 

мувофиқати нархҳои озоди фурӯш ба молҳои ниёзи мардум,

ки фурӯхта мешаванд бо нархҳои озоди чакана байни

_______________________________________________________________

истеҳсолкунанда, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақам аз Феҳристи савдо ва хизматрасониии маишӣ                                              

 

ва________________________________________________________________________________________

     фурӯшанда, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақам аз Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ                                               

 

оид ба ҳамлу нақли________________________________________________

                                                           номи гурӯҳи молҳо

 

 

№ т/р

Номгӯй

 ва тавсифи мухтасари мол

Артикул, тамѓа, намуд, навъ

Ҳаҷми

як миқдори мол

Нархи

озоди фурӯш ба воҳиди маҳсулот бо андозҳои амалкунанда

Иловапулии таъминотӣ ва фурӯшии миёнарав

Иловапулии яклухти ташкилотҳои савдои яклухт

1

2

3

4

5

6

7

 

Истеҳсолкунанда (таҳвилкунанда)                                      Фурӯшанда

 

Ҷ.М.       Имзо                                                                     Ҷ. М.       Имзо

         сана                                                                                       сана                                                                           

 

 Эзоҳ: сутунҳои 6 ва 7 дар мавриди хариди маводи мавриди ниёзи мардум тавассути миёнаравҳо ё ташкилотҳои савдои яклухт пур карда мешаванд.  

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *