ams.tj

Тартиби гузаронидани муҳокимаи оммавии лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (кору хизмарасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ

Бо фармоиши Сардори Хадамоти

                                                      зиддиинҳисории назди Ҳукумати

                                   Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                        аз «___»_________соли 2018, №___

                     тасдиқ шудаст

 

 

Тартиби

гузаронидани муҳокимаи оммавии лоиҳаҳои тарифҳои молҳои

(кору хизмарасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ

                  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Тартиби мазкур мутобиқи талаботҳои моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ” таҳия гардида, тартиби гузаронидани муҳокимаи оммавии лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (кору хизмарасониҳои) субъектҳои инҳисороти табииро муайян менамояд.     
  2. Тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Мақсади гузаронидани муҳокимаи оммавӣ таъмини фаъолияти шаффофи субъектҳое, ки бо истеҳсоли молҳо, корҳо ва (ё) пешниҳоди хизматрасонӣ дар шароити инҳисори табиӣ барои истеъмолкунандагон машѓуланд, иборат мебошад.
  4. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:

  а) муҳокимаи оммавӣ – расмиёти муҳокимаи лоиҳаҳои тарифҳо ё сатҳи ниҳоии онҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъекти инҳисори табиӣ бо даъвати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, истеъмолкунандагон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо, воситаҳои ахбори омма ва субъектҳои инҳисороти табиӣ;

б) субъекти инҳисори табиӣ – субъекти хоҷагидор (шахси ҳуқуқӣ), ки ба истеҳсоли (фурӯши) молҳо, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон дар шароити инҳисори табиӣ машѓул аст;

 в) тариф (нарх) – ифодаи пулии арзиши танзимшавандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор тасдиқ гардидааст;

  г) мақоми ваколатдор – мақомоти давлатие, ки фаъолияти соҳаҳои инҳисороти табииро назорат ва танзим менамояд.

  1. Принсипҳои баргузории муҳокимаи оммавӣ:

          а) ошкорбаёнӣ;

б) шаффофият;

в) риояи мувозинаи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъектҳои инҳисороти табиӣ.

  1. Зарурати гузаронидани муҳокимаи оммавӣ ҳангоми баррасӣ, тасдиқ ва ё таѓйири тарифҳои (нархҳои) субъектҳое, ки бо истеҳсоли молҳо, корҳо ва (ё) пешниҳоди хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон дар шароити инҳисороти табиӣ машѓуланд аз ҷониби мақомоти ваколатдор муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми баргузории муҳокимаи оммавӣ, мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки на дертар аз се рӯзи пеш аз баргузории муҳокима дар нашрияҳои чопӣ маълумоти зеринро ба табъ расонад:

а) ном ва маҳали ҷойгиршавии ташкилкунандаи муҳокима;

б) сана, маҳал ва вақти баргузории муҳокима;

в) номи субъекти инҳисори табиӣ ва намуди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ки барои тасдиқ ё таѓйири тарифҳо (нархҳо) ба муҳокима пешниҳод шудаанд;

г) рақамҳои тамос барои гирифтани маълумот бо мақомоти ваколатдор ва субъектҳои инҳисороти табиӣ.

  1. Муҳокимаи оммавӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи пеш аз санаи қабули қарори ниҳоӣ оид ба тасдиқи тарифҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ гузаронида мешавад.
  2. Маълумоте, ки дорои сирри тиҷоратӣ ва дигар сирри бо қонун ҳимояшаванда мебошад, дар муҳокимаи оммавӣ бе иҷозати субъекти инҳисори табиӣ фош карда намешавад.

2. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МУҲОКИМАИ ОММАВӢ

  1. Муҳокима бо таъмини дастрасии бемонеа дар биное, ки мақоми ваколатдор муайян намудааст, гузаронида мешавад.
  2. Барои гузаронидани муҳокимаи оммавӣ бо фармоиши Сардори мақоми ваколатдор аз ҳисоби роҳбарияти мақомоти ваколатдор раиси муҳокимаи оммавӣ (минбаъд – раис) таъин карда мешавад. Раис котиби муҳокимаи оммавиро аз ҳисоби кормандони мақомоти ваколатдор таъин мекунад, ки ӯ протоколи муҳокимаро мебарад.
  3. Протокол дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад.
  4. Раис регламентро барои ҳар як муҳокимаи оммавӣ мақаррар менамояд.
  5. Раис дар вақти муайяншуда муҳокимаи оммавиро оѓоз намуда, мақсад ва рӯзномаи онро эълон менамояд. Раис иштирокчиёнро бо регламенти баргузории муҳокимаи оммавӣ шинос менамояд.
  6. Субъекте, ки бо истеҳсоли молҳо, корҳо ва (ё) пешниҳоди хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон машғул мебошад, бояд дар баромади худ шарҳи муфассал ва асоснокии таѓйир ёфтан ва сатҳи тарифи (нархи) молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаашро ба истеъмолкунандагон баён намояд.
  7. Раис ба баромадкунандагоне, ки дар муҳокимаи оммавӣ суханронӣ мекунанд, саволҳо медиҳад, мавқеи худро оид ба масъалаҳои баррасишаванда иброз менамояд, баромади иштирокчиёнеро, ки регламентро вайрон мекунанд, инчунин баромадҳоеро, ки ба мавзӯи муҳокимаи оммавӣ алоқамандӣ надорад, қатъ менамояд.
  8. Иштирокчиёни муҳокимаи оммавӣ ҳуқуқ доранд, ки дар раванди муҳокимаи оммавии лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ оид ба масъалаи баррасишаванда озодона ибрози назар намоянд ва ба баромадкунандагон саволҳо диҳанд, инчунин ҳангоми баромад аз маводи ёрирасон, аз ҷумла плокатҳо, ҷадвалҳо ва ғайраҳо истифода намуда, нусхаи хаттии баромадҳои худро ба протоколи муҳокимаи оммавӣ замима намоянд.
  9. Раис натиҷаҳои муҳокимаро ҷамъбаст намуда, муҳокимаи оммавиро пӯшида эълон менамояд.
  10. Фикрҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни муҳокимаи оммавӣ баён карда шудаанд, хусусияти тавсиявӣ дошта, ҳангоми қабули қарор дар сурати асоснок будан ба инобат гирифта мешаванд.
  11. Дар раванди гузаронидани муҳокимаи оммавӣ протокол (Пайнавишт) бурда мешавад, ки дар он иттилооти дар банди 6 Тартиби мазкур зикргардида, инчунин маълумот оид ба вақти оѓоз ва анҷоми муҳокимаи оммавӣ, ному насаби баромадкунандагон, баёни мухтассари моҳияти баромад ва натиҷаҳои муҳокима дарҷ мегарданд. Протоколҳо рақамгузорӣ карда шуда, ба лоиҳаи тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) баррасишавандаи субъекти инҳисори табиӣ замима мегардид.
  12. Протоколи муҳокимаи оммавӣ дар бойгонии мақоми ваколатдор нигоҳ дошта шуда, нусхаи он ба субъектҳое, ки бо пешниҳоди хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон машѓуланд равон карда мешавад.
  13. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Баъд аз баргузории муҳокимаи оммавӣ, қарор оид ба тасдиқи тарифҳо бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамин соҳа, инчунин пешниҳодҳои асосноки иштирокчиён қабул карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдор бояд қарори ниҳоиро оид ба тасдиқи тарифҳо барои молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) на дертар аз 30 рӯз то лаҳзаи мавриди амал қарор додани онҳо қабул намояд.
  3. Субъекти хизматрасон вазифадор аст ба таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагон маълумотро оид ба иваз намудани тарифҳо на дертар аз 20 рӯз то лаҳзаи мавриди амал қарор додани онҳо пешниҳод намояд.

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *