ams.tj

Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» _____ с.2017 №____

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи

тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низомномаи мазкур тибқи талаботи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳия гардида, тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, баррасии дархост оид ба ёрирасонӣ, назорати истифодаи он, бекор кардани қарори қонеъгардонии дархост оид ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин баргардонидани онро бинобар дар қонунҳои амалкунанда ва қонунгузории буҷет аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзим нагардидани масъалаҳои мазкур, муқаррар менамояд.
  2. Низомномаи мазкур ҷиҳати пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона, аз он ҷумла дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити рақобатпазирӣ байни субъектҳои хоҷагидор ва қабули санадҳои маъмурӣ ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ мусоидат менамояд.
  3. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

– ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ – дастгирии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, тариқи ҷудо ва тақсим намудани маблаѓҳои давлатӣ ё маҳаллӣ, захираҳо, фароҳам овардани имтиёзҳои инфиродӣ ва бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор;

– донор – мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида, ки ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор кӯмак мерасонанд;

– субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷиён, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ѓайритиҷоратие, ки фаъолияти онҳо барои ба даст овардани фоида равона шудааст, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;  

– фаъолияти инҳисорӣ – суиистифода кардани субъекти хоҷагидор (субъекти бозор), гурӯҳи шахсон аз мавқеи ҳукмфармоӣ, созиш ё иҷрои амалҳои мувофиқашудаи худ, ки бо қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;

          – рақобат – мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки дар он амали мустақилонаи ҳар яки онҳо, имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) – и дахлдор самаранок маҳдуд менамояд;

– рақобати бевиҷдонона – ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба дигар субъектҳои хоҷагидор – рақибон зарар расонидааст ё метавонад расонад ва ё ба обрӯи кории онҳо зиён расонидааст ё метавонад расонад;

– захираҳо – пасандоз ва воситаҳои мавҷудбуда, ки ҳангоми зарурат метавонанд истифода гарданд;

– мақоми ваколатдор – мақоми давлатӣ ва сохторҳои минтақавии он, ки пешбарандаи сиёсати зиддиинҳисорӣ мебошанд.

  1. Фаъолияти зерин ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад:

– додани (ҷудо, тақсим намудан) маблаѓҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) афзалият) ба шахси алоҳида вобаста ба натиҷаҳои савдо (озмун) ва (ё) мутобиқи дигар расмиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– додани (ҷудо, тақсим намудани) маблаѓҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, молу мулк) ба шахсони алоҳида бо мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ, садама, фалокат ва ҳолатҳои фавқулодда, оқибати амалиёти низомӣ ва амалиёти зиддитеррористӣ аз ҳисоби фондҳои эҳтиётии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ.

  1. Ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ дар ҳолате расонида мешавад, ки агар вай рақобатро бартараф насозад ё ба он роҳ надиҳад ва ба категорияҳои зерин мансуб бошад:

– бо мақсади гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман мақсади истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ва ё равандҳои мавҷудаи технологӣ нигаронида нашуда бошад;

– бо мақсади ҳимояи муҳити зист;

– барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ;

– барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

– барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ;

– барои ҳифзи меҳнат;

– ба субъектҳои хурду миёнаи соҳибкорӣ.

 

2.    ТАРТИБИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

 

  1. Ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ба истиснои ёрии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати қаблии мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад расонида шавад.
  2. Расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ё бо дархости субъекти хоҷагидор ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор амалӣ мегардад.
  3. Ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида Комиссия оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таъсис медиҳанд.
  4. Комиссия оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо қарори мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешавад.
  5. Комиссия оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз 3 ё 5 нафар иборат мебошад, ки ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда таъсис дода мешавад.
  6. Комиссия дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба дурустии онҳо ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот хулосаи расмӣ пешниҳод менамояд.
  7. Раванди баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо Протокол ба расмият дароварда мешавад.
  8. Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссия бо Низомномаи он, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида тасдиқ гардидаанд, ба танзим дароварда мешавад.
  9. Ҳамчунин, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ аз субъекти хоҷагидор, ки дархост дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро пешниҳод намудааст, ҳуқуқ дорад тамоми иттилооти тибқи Номгӯи иттилооти ба дархост ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ замимашавандаро талаб намоянд.
  10. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида маълумоти тибқи Номгӯи иттилооти ба дархост ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ замимашавандаро ҷиҳати қабули қарори дахлдор дар хусуси додани иҷозат ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод менамоянд.
  11. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, дар бораи расонидани ёрии давлатӣ ва ё маҳаллӣ қарор қабул менамоянд.
  12. Қарор дар бораи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:

– номи санади ҳуқуқии- маъмурӣ;

– номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмуриро қабул кардааст;

– мақсади қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ва расонидани ёрии    давлатӣ ва маҳаллӣ;

– насаб, ном, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри мақомоти маъмурӣ ва шахси мансабдори он тасдиқ карда шудааст;

– вақт ва маҳалли қабули санад;

– рақами бақайдгирии санади ҳуқуқии маъмурӣ, ки мақомот қабул кардааст.

Лоиҳаи қарор дар бораи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ низ ба дархост замима ва пешниҳод карда мешавад.

  1. Ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида бо мақсади расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ қабули санад ё анҷомдиҳии амале, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозад, шароити табйизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ё амал боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ мебошад.
  2. Ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ анҷом додани амалҳои зерин манъ карда мешаванд:

– беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин манъ кардан ё маҳдудкунӣ ба иҷро гардидани намудҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

– манъ ё маҳдудкунии интиқоли озоди мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

– ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе дарназардошти афзалиятҳое, ки қонунгузорӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

– беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;

          – муқаррар кардани маҳдудият барои харидорони молҳо (кор, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки молро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиркунии молҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

  1. Аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои тибқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ муқарраргардида иттилооти ба дархост дар хусуси додани иҷозат ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ замимагардида мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

3. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТ ОИД БА РАСОНИДАНИ

ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

  1. Дархост дар хусуси додани иҷозат ва иттилооти пешбининамудаи банди 15 Низомномаи мазкур ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва воҳидҳои сохтории минтақавии он ҷиҳати додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо мактуби ирсолӣ, имзо ва мӯҳр пешниҳод карда мешаванд.
  2. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми ворид гардидани дархост дар хусуси додани иҷозат ва иттилооти ба он замимагардида, онро ба қайд гирифта, дар мӯҳлати ду моҳи тақвимӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
  3. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар рафти баррасии дархост дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ метавонад ҳангоми зарурат ҷиҳати пурра баррасӣ намудани дархост аз мақоми ваколатдор ё субъекти хоҷагидор маълумоти иловагиро талаб намояд.
  4. Ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти иловагӣ мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад баррасии дархостро ба мӯҳлати як моҳи дигар тамдид намуда, дар ин хусус дархосткунандаро хаттӣ огоҳ менамояд ва дар сурати дастрас намудани маълумоти иловагии зарурӣ қарори ниҳоӣ қабул мекунад.
  5. Агар ҳангоми баррасии дархости зикргардида ва ё иттилоот муайян гардад, ки ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба шартҳои пешбининамудаи банди 5 – и Низомномаи мазкур мутобиқат надорад, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи воридшавии дархост қарори асоснок оиди ба талаботи Низомномаи мазкур мутобиқ набудани дархост дар хусуси расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ва иттилооти ба он замимагардида қабул менамояд.
  6. Доир ба қабул гардидани қарор оид ба мутобиқат накардани дархост дар хусуси расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ва иттилооти ба он замимагардида, ба дархосткунанда расман хабар дода, нусхаи қарори қабулгардида тибқи мактуби ирсолӣ бо мӯҳри мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ фиристода мешавад.
  7. Дархости пешниҳодгардида бояд дорои маълумотҳои зерин бошад:

– мақсади дастрас намудани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

– тартиби истифодаи ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

– ҳаҷми маблаѓҳое, ки бо мақсади расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ҷудо ва ё тақсим мешаванд.

Дар сурате, ки агар дархости иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба талаботи пешбининамудаи банди мазкур мутобиқ набошад, он ҷиҳати такмил ба шахси дархосткунанда баргардонида мешавад.

  1. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар натиҷаи баррасии дархост дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тибқи мукаррароти қисми сеюми моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва банди 5-и Низомномаи мазкур яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

– дар бораи иҷозат додан барои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, агар ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашаванда ба бартараф ва маҳдудкунии рақобат оварда нарасонад;

– дар бораи тамдид намудани мӯҳлати баррасии дархост, агар ҳангоми баррасии он мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба хулоса ояд, ки ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашаванда метавонад ба бартараф ва маҳдудкунии рақобат оварда расонад;

– дар бораи рад намудани расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, агар ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашаванда метавонад ба бартараф ва маҳдудкунии рақобат оварда расонад;

– дар бораи додани иҷозат ва муқаррар намудани маҳдудият нисбат ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ.

  1. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ қарори худро дар шакли фармоиш қабул менамояд.
  2. Қарор (фармоиш) оид ба қонеъгардонии дархост ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ метавонад дорои қоидаҳое (дастуре) бошад, ки дар он барои дархосткунандаи иҷозат талаботи зарурӣ ҷиҳати ба банди 5 Низомномаи мазкур мутобиқат кардани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ муқаррар гардидааст.
  3. Иҷрои дастурҳо ҳангоми расонидани ёрӣ ҳатмӣ мебошад.

4.    ТАРТИБИ НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ ЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ ВА БЕКОР НАМУДАНИ ҚАРОРИ ҚОНЕЪГАРДОНИИ ДАРХОСТ ОИД БА РАСОНИДАНИ ЁРӢ

  1. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ тартиби риояи мақсаднок ва шартҳои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро, ки дар дархости иҷозати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ номбар шудааст, назорат менамояд.
  2. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин истифодаи он ба тариқи зайл сурат мегирад:

– пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани рақобати бевиҷдонона ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ;

– пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани сӯиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозор ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

– фароҳам овардани рақобати солим байни субъектҳои хоҷагидор;

– гузаронидани санҷиш оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисорӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

– таҳлили асоснок оид ба мақсаднок истифода бурдани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ;

– талаби ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба истифода бурдани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ.

  1. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои зерин қарори қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро бекор кунад, ё ҷиҳати баргардонидани он амрнома диҳад, агар:

– қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба иттилооти нодурусте асос ёбад, ки барои қабули қарор аҳамият дошта бошад;

– аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳалле, ки бо моддаи мазкур пешбинӣ шудааст;

– ёрии давлатӣ ва маҳалӣ ба мақсад ва шартҳои пешбинишудаи дархост оид ба иҷозати расонидани ёрӣ номутобиқатӣ дошта бошад;

– ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳалӣ тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳиомияи рақобат» вайрон шуда бошад.

  1. Ҳамчунин, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида ҷиҳати баргардонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ амрнома медиҳад.
  2. Ёрии давлатӣ ва маҳаллии расонидашуда бинобар дар қонунҳои амалкунанда ва қонунгузории буҷет аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзим нагардиданаш, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ баргардонида мешавад.

5.    МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Санадҳои (қарор, амрнома, фармоиш, дастури хаттӣ) мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамояд, инчунин ташкилотҳои давлатии ѓайрибуҷетӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор афзалият ва (ё) имтиёз медиҳад, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
  2. Барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *