ams.tj

Тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд

Бо фармоиши Сардори

Хадамоти зиддиинҳисории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти  соли 2018, №27а

тасдиқ шудааст

 

Тартиби

ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки

 дар  бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд

                                                                                          

  1. Тартиби мазкур бо мақсади ташаккул, пешбурд ва танзими давлатии фаъолияти субъектони хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, таҳия гардидааст.
  2. Ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд  (минбаъд –Феҳрист) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳал (минбаъд-мақоми ваколатдор)амалӣ менамояд.
  3. Феҳрист аз маҷмуи маълумотҳо оид ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар  бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, иборат буда, шакли он ба Тартиби мазкур замима мегардад.
  4. Дохил кардани субъектҳои хоҷагидор ба Феҳрист ва хориҷ намудани онҳо аз Феҳрист (новобаста аз ҷойи бақайдгирии он) дар асоси фармоиши (қарор) мақоми ваколатдор ба расмият дароварда мешавад.

Агар ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор  дар маҷмӯъ меъёри муқаррар намудаи моддаи 4  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро (минбаъд –Қонун) ташкил диҳад пас он ҳамчун субъекти дорои мавқеи ҳукмфармо ҳисобида мешавад.

  1. Ҳангоми ташаккули Феҳрист аз тарафи мақомоти ваколатдор маълумоти зерини тасдиқкунанда оид ба мавҷуд будан ё набудани ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли муайян, ки Қонун муқаррар намудааст, истифода мешавад:

          – натиҷаҳои таҳлил ва баҳодиҳии вазъи муҳити рақобат дар бозорҳои мол, ки онро мақоми ваколатдор (сохторҳои он дар маҳал) гузаронидааст;

          – натиҷаҳои баррасии парвандаҳо аз тарафи мақоми ваколатдор, ки аз рӯи далелҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи рақобат ошкор гардидаанд, инчунин  дархостҳо, огоҳномаҳо ва маълумоте, ки ба мақоми ваколатдор (сохтори он дар маҳал) тибқи талаботи Қонун пешниҳод гардидааст;

           – ҳисоботии оморӣ, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро тавсиф менамоянд;

          – маълумоте, ки аз мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гирифта шудаанд;

– маълумоте, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣдар натиҷаи гузаронидани мониторинги бозори мол  дастрас шудааст;

– натиҷаҳои ташхиси молшиносӣ, хулосаҳои ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ҳамчунин мутахассисон ва коршиносон;

– маълумоти  идоравӣ, марказҳо ва хадамотҳои иттилоотии мустақил;

-маълумоти иттиҳодияҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон;

– иттилооти воситаҳои ахбори омма;

– маълумоти мақомоти зиддиинҳисории дигар давлатҳо;

– маълумоти маркетингӣ, тадқиқотҳои сотсиологӣ, пурсишҳои интихобӣ ва саволномадиҳии субъектҳои хоҷагидор, шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ;

– шароитҳои техникӣ.

          Маълумоти истифодашаванда  ҳангоми пешбурди  Феҳрист метавонанд ҳам ба нишондоди миқдорӣ ва ҳам арзишӣ ифода ёбанд.

  1. Феҳристи сохторҳои маҳаллии зиддиинҳисорӣ пас аз мувофиқаи пешакии рӯйхати субъектҳои хоҷагидор – инҳисорон бо воҳиди сотории дастгоҳи марказии мақоми ваколатдор давлатӣ, тасдиқ карда мешавад.

          Мақомоти ваколатдор  (мақомоти маҳаллии он) дар муҳлати панҷ рӯз пас аз тасдиқи  фармоиш, субъектҳои хоҷагидорро, ки нисбат ба он фармоиш бароварда шудааст, огоҳ менамояд.

          Субъектҳои хоҷагидор баъди даҳ рӯз аз вақти тасдиқи фармоиши дахлдор ба Феҳрист дохилшуда, шуморида мешаванд.

  1. Танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидори ба Феҳрист воридгашта мутобиқи талаботи Қонун амалӣ карда мешаванд.
  2. Дар давоми сол мақомоти ваколатдор метавонад ба Феҳрист бо аниқ намудани номгӯи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, таѓйирот ворид намояд. Таѓйирот бо фармоиши дахлдори мақомоти ваколатдор (сохторҳои он дар маҳал) ворид карда мешавад.
  3. Мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор, ки бо Қонун муқаррар гардидааст, набояд хусусияти кӯтоҳмуддат, аз ҷумла ҳолатҳои мавсимӣ дошта бошад.
  4. Феҳрист ошкор мебошад. Маълумоти дар Феҳрист мавҷудбуда бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда, пешниҳод мегарданд.
  5. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад қарори сохтори маҳаллиро доир ба ворид намудани субъектҳои хоҷагидор ба Феҳрист (хориҷ намудан аз Феҳрист), ки бо вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи рақобат ва ё суиистифода аз салоҳиятҳои худ қабул намудааст, бекор намояд.
  6. Субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо) ҳуқуқ доранд, ки нисбати қарори мақомоти ваколатдор (сохтори он дар маҳал) – ро оид ба ворид намудани субъекти хоҷагидор ба Феҳрист (хориҷ намудан аз Феҳрист) тибқи тартиби пешбининамудаи Қонун, шикоят намоянд.
  7. Барои хориҷ кардани субъектҳои хоҷагидор аз Феҳрист инҳо асос шуда метавонанд:

– коҳиш ёфтани ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои моли муайян, аз сиюпанҷ фоиз кам, ба истиснои ҳолатҳои дар поён, ки Қонун пешбинӣ шудааст;

– дар ҳолате, ки агар субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад;

– аз байн рафтани мақоми шахси ҳуқуқӣ;

– қатъ гардидани амали шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

– ба ҳукми қонун даромадани қарори суд ё суди иқтисодӣ оид ба аз Феҳрист хориҷ намудани субъекти хоҷагидор.

Қарор оид ба хориҷ намудани субъектҳои хоҷагидор аз Феҳрист бо фармоиши дахлдори мақоми ваколатдор (сохтори он дар маҳал) амалӣ гардида ва дар муҳлати панҷ рӯз аз вақти тасдиқи фармоиш ба маълумоти субъектҳои хоҷагидор расонида мешавад.

  1. Масъалаи хориҷ намудани субъектҳои хоҷагидор аз Феҳрист дар асоси аризаи асоноки ӯ ё бо ташаббуси мақоми ваколатдор (сохтори он дар маҳал) баррасӣ карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдор (сохтори он дар маҳал) вазифадор аст, ки оид ба хориҷ намудан субъектҳои хоҷагидор аз Феҳрист аз лаҳзаи бавуҷуд омадани ҳолатҳое, ки дар банди 13 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, қарор қабул намояд.
  3. Мақомоти ваколатдор ҳар сол Феҳристро ба ҳолати якуми апрел таҷдиди назар намуда, номгӯи субъектҳои хочагидорро дар сомонаи худ интишор менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                     Утверждён                                                                                                                                         распоряжением Начальника Антимонопольной службы

при Правительстве Республики Таджикистан 

от  1 марта  2018 года №27а

 

 

 

 

                                                            Порядок

формирования и ведения Реестра хозяйствующих

 субъектов, занимающих доминирующее положение на

товарных рынках

                                              

  1. Настоящий Порядок разработан с целью формирования, ведения и государственного регулирования хозяйствующих субъектов, которые занимают доминирующее положение на товарных рынках.
  2. Формирование и ведение Реестра хозяйствующих субъектов, занимающих доминирующее положение на товарных рынках (далее -Реестр) осуществляет Антимонопольная служба при Правительстве Республики Таджикистан и его местным органом (далее – уполномоченный орган).
  3. Реестр включает в себя свод данных о хозяйствующих субъектов, которые занимают доминирующее положение на товарных рынках, форма которого прилагается к настоящему Порядку.
  4. Включение в Реестр хозяйствующих субъектов и их исключение из Реестра (независимо от места их регистрации) осуществляются на основании распоряжения (постановления) уполномоченного органа.

 Если доля хозяйствующих субъектов в целом составляет установленную норму статьи 4 Закона Республики Таджикистан   «О конкуренции» (далее Закон) то субъект считается как занимающим доминирующее положения.

  1. При формировании Реестра уполномоченным органом используется следующая информация, подтверждающая наличие или отсутствие у хозяйствующего субъекта доли на рынке определённого товара, установленного Законом:

          – результаты анализа и оценки состояния конкурентной среды, на товарных рынках проводимого уполномоченным органом (его местным органом);

          – результаты рассмотрения уполномоченным органом дел, связанных с нарушением антимонопольного законодательства, а также ходатайств, уведомления и сведения, представляемые в уполномоченный орган (его местных органов) в соответствии с требованием Закона;

– статистическая отчётность, характеризующая деятельность хозяйствующих субъектов;

          – сведения, полученные от налоговых, таможенных органов и местных исполнительных органов государственной власти;

          – сведения, полученные от физических и юридических лиц, по полученным результатам проведения мониторинга товарных рынках;

          – результаты товароведческих экспертиз, заключения специализированных организаций, а также специалистов и экспертов;  

– данные ведомственных, центров и независимых информационных служб;

– данные объединений потребителей и производителей;

– сообщения средств массовой информации;

– данные антимонопольных органов других государств;

– данные маркетинговых, социологических исследований, выборочных опросов и анкетирования хозяйствующих субъектов, граждан, общественных организаций;

– технические условия.

Используемые данные  при формировании Реестра могут быть измерены как в натуральном, так и в стоимостном выражении.

  1. Реестр местных органов утверждается после предварительного согласования списка хозяйствующих субъектов-монополистов с структурным подразделением уполномоченного органа.

Уполномоченный орган (его местные органы) в пятидневный срок со дня издания распоряжения уведомляет хозяйствующего субъекта, в отношении которого издан распоряжение.

Хозяйствующий субъект считается включённым в Реестр через 10 дней со дня издания соответствующего распоряжения.

  1. Регулирование и контроль деятельности хозяйствующих субъектов, включённых в Реестр, осуществляется в соответствии с требованиями Закона.
  2. В течение года уполномоченный орган может вносить изменения в Реестр, уточняя перечень хозяйствующих субъектов, занимающих доминирующее положение на определённом товарном рынке. Изменение проводится соответствующим распоряжением уполномоченного органа (его местных органов).
  3. Наличие доминирующего положения хозяйствующего субъекта, установленного Законом, не должно носить краткосрочный характер, в том числе сезонные особенности.
  4. Реестр является открытым. Сведения, содержащиеся в Реестре, предоставляются по запросам физических и юридически лиц в установленном порядке.
  5. Уполномоченный орган вправе аннулировать распоряжение местных органов, о включении хозяйствующих субъектов в Реестр (исключении из Реестра), принятое им с нарушением нормативных правовых актов в сфере конкуренции или с превышением своих полномочий.
  6. Хозяйствующие субъекты (их руководители) имеют право обжаловать решение, уполномоченного органа (его местных органов) о включении хозяйствующего субъекта в Реестр (исключении из Реестра) в порядке, предусмотренном Законом.
  7. Основанием для исключения хозяйствующих субъектов из Реестра являются:

– уменьшение доли хозяйствующего субъекта на определенном товарном рынке ниже тридцати пяти процентов, за исключением ниже случаев, предусмотренных Законом:

          – в случае если хозяйствующий субъект, несмотря на высокую указанную величину, сможет доказать, что его положение на рынке не является доминирующим;

         – утраты им статуса юридического лица;

– прекращение действия свидетельства о государственной регистрации физического лица в качестве индивидуального предпринимателя;

– вступление в законную силу решение суда или экономического суда об/из Реестра исключить хозяйствующего субъекта.

Решение об исключении хозяйствующих субъектов из Реестра осуществляется соответствующим распоряжением уполномоченным органом (его местных органов) и в пятидневный срок со дня издания распоряжения доводится до сведения хозяйствующего субъекта.

  1. Вопрос об исключении хозяйствующих субъектов из Реестра рассматривается на основании его мотивированного заявления или по инициативе уполномоченного органа (его местных органов).
  2. Уполномоченный орган (его местные органы) обязан принять распоряжение об исключении хозяйствующих субъектов из Реестра с момента возникновения обстоятельств, указанных в пункте 13 настоящего Порядка.
  3. Уполномоченный орган ежегодно обновляет Реестр по состоянию на первое апреля и опубликует список хозяйствующих субъектов на своем сайте.

                 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *