ams.tj

Маълумотнома оид ба натиҷаи маниторинги бозори истеъмолӣ

Тибқи супориши Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати ичтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзми давлатӣ қарор дода мешаванд» вобаста ба муайян намудани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе, аз ҷумла корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Саховат», «Деҳқон», ҶДММ «Ворисони Сомон», ҶДММ «Сафариён», ҶДММ «Балеҷавон» ва ҶДММ «Меҳргон», инчунин нуқтаҳои гӯштфурӯши маҳаллаи 33-юми пойтахт санаи 1 июни соли 2019 аз ҷониби роҳбарияти Хадамот мониторинги бозори истеъмолӣ гузаронида шуд.

Муайян гардид, ки дар бозорҳои истеъмолии болозикри шаҳри Душанбе ба санаи 1 июни соли ҷорӣ нархи миёнаи фурӯши чаканаи маҳсулоти аввалиндараҷа, аз ҷумла як халта орди навъи 1 (истеҳсоли Казоқистон) бо вазни 50,0 кг аз 180,0 то 185,00 сомонӣ, орди навъи 1 (истеҳсоли ватанӣ) аз 165,0 то 180,0 сомонӣ, орди навъи 2 (истеҳсоли ватанӣ) аз 150,0 то 170,0 сомонӣ, биринҷ барои 1 кг аз 6,0 то 20,0 сомонӣ, картошка аз 2,0 то 3,0 сомонӣ, пиёз аз 2,0 то 4,0 сомонӣ, сабзӣ аз 2,50 то 5,0 сомонӣ, помидор аз 7,0 то 12,0 сомонӣ, бодиринг аз 2,50 то 3,30 сомонӣ, карам аз 2,50 то 3,50 сомонӣ, қаланфури булғорӣ 7,0-8,0 сомонӣ, шакар аз 6,2 то 7,5 сомонӣ, қанди сафед аз 7,0 то 8,0 сомонӣ, равғани растанӣ аз 10,0 то 13,0 сомонӣ, гушти мурғ аз 22,0 то 27,0 сомонӣ, 1 дона тухм аз 0,80 то 0,90 сомонӣ, 1 кг маҳсулоти макаронӣ аз 5,0 то 6,0 сомонӣ, нахуд аз 8,0 то 13,0 сомонӣ, наск аз 7,50 то 8,0 сомонӣ, марҷумак аз 7,0 то 7,50 сомонӣ ва ярмаи ҷав (переловка) аз 6,00 то 6,20 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар Корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Саховат» нархи як халта орди навъи 1 бо вазни 50,0 кг (истеҳсоли ватанӣ) аз 175,0 то 180,0 сомонӣ, орди навъи 2 (истеҳсоли ватанӣ) аз 165,0 то 170,0 сомонӣ, биринҷ аз 6,0 то 19,0 сомонӣ, картошка аз 2,0 то 3,0 сомонӣ, пиёз аз 2,30 то 3,0 сомонӣ, сабзӣ аз 3,00 то 3,50 сомонӣ, помидор 8,0 то 12,0 сомонӣ, бодиринг аз 2,50 то 3,30 сомонӣ, карам аз 3,0 то 3,50 сомонӣ, қаланфури булғорӣ 7,0- 8,0 сомонӣ, шакар аз 6,00 то 7,00 сомонӣ, қанди сафед аз 7,50 то 8,00 сомонӣ, равғани растанӣ аз 9,5 то 13,0 сомонӣ, биринҷ аз 6,0 то 19,0 сомонӣ, гушти мурғ аз 22,0 то 27,0 сомонӣ, тухм аз 0,80 то 0,90 сомонӣ, маҳсулоти макаронӣ аз 5,0 то 6,0 сомонӣ, нахуд аз 8,0 то 13,0 сомонӣ, наск аз 7,50 то 8,0 сомонӣ, марҷумак аз 7,0,0 то 7,50 сомонӣ ва ярмаи ҷав (переловка) аз 5,50 то 6,0 сомониро ташкил медиҳанд.