ams.tj

ИҚТИСОДИ ОЗОД ВА ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОН БА НАРХ ДАР БОЗОРИ МОЛ ВА КОРУ ХИЗМАТРАСОНӣ

Гузариш ба низоми иқтисоди бозоргонӣ, ки ҳанӯз аз авоили соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ба таври устуворонаву бебозгашт иқдоми ҷиддӣ сурат гирифт, натиҷаҳои самарабахш ба бор овард ва таи солҳои сипаригашта амалисозиву риояи усулҳои низоми мазкур бо тағйироту такмили қонунгузории марбута ҳамвор карда шуд.

Ба фарқ аз низоми иқтисоди барномарезишуда ва мутамарказ дар низоми иқтисоди бозоргонӣ, истифода аз захираҳои табиӣ, истеҳсол, пешниҳодоту талабот дар бозор ва нархи молу маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонӣ ба воситаи механизми худкори бозор муайян карда мешавад. Механизми бозор ҳамчун муайянкунандаи талаботу пешниҳодот натанҳо нархи молу маҳсулот ва кору хизматрасонӣ ҳамзамон ҳаҷми истеҳсолу ангезаи ташкили кору хизматрасонӣ, сифати мол, кору хизматрасонӣ ва рушди бахшҳои дигари фаъолиятҳои иқтисодиро танзим менамояд. Озодии нархҳо ба рушди истеҳсолот, тиҷорат, соҳибкорӣ ва ангезаи ташаббускорӣ дар соҳаҳои ба рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда кӯмаки мустақиму ғайримустақим менамоянд. Риояи усулҳо ва меъёрҳои иқтисоди озод ба раванди марҳила ба марҳила расидан ба худкифоии бахшҳои гуногун ва ҳатто рушду истифодабарии бозёфтҳои илмӣ ва донишҳои фаннӣ оварда мерасонад. Бартарияти иқтисоди бозоргонӣ бештар ба он асос меёбад, ки таҳаррук ва рақобатро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад ва беҳтарин меҳвари тавсиаёбиву тараққиёт аст. Маҳз ҳамин омили таҳаррук ва ба вуҷуд омадани рақобат дар бозор ба рушди тамоми зинаҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамиятдошта боис мегардад, зеро он ба омили аҳамият қоил шудан ба судовар будани фаъолияти соҳибкорон асос ёфтааст. Натиҷаи рушди рақобат барои ба сатҳи матлуб расидани нархҳо ва дар айни замон бо хароҷоти камтар ба беҳтарин сифат истеҳсол шудани молу маҳсулот боис мешавад. Яке аз омилҳои асосии номуназзамӣ ва воқеӣ набудани асоснокии нархҳо ба таври кофӣ рушд наёфтани рақобат дар бозор вобаста мебошад. Барои ба даст овардани фоидаи бештару ҳамзамон бо роҳи солим рақобатпазир будан дар бозор, доштани потенсиали баланди фикриву ҷисмонӣ ва соҳиби маҳорати хуби барномарезии дурнамо дар қонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон зарур мебошад.

Асосгузори низоми иқтисоди бозоргонӣ Адам Смит дар хусуси таърифи шахси иқтисодӣ ва фалсафаи аслии фаъолият дар низоми иқтисоди бозоргонӣ таъкид менамояд, ки шахси иқтисодӣ касе ҳаст ки ба шиддат манфиатталаб бошад ва билофосила ишора низ менамояд, ки бояд манфиатталабӣ бо талаботи қонунгузорӣ ҳамоҳанг ва мутобиқ бошад. Яъне, озод будани нархҳо ва мустақилона муайян намудани нархи молу маҳсулот ва кору хизматрасонӣ ҳеҷ гоҳ ба он маъно нест, ки манфиатҳои ҳуқуқии дигарон поймол гардад ва дар муносибат бо ӯҳдадориҳояш дар нишон додани шаффофияти корӣ мухолифат намояд.

Озод гузоштани фаъолияти бозор ва дастгириҳои нисбии давлат дар бахши соҳибкорӣ ба фаровонии молу маҳсулот ва аз байн рафтани камчинӣ дар бозорро бо роҳҳои гуногун таъмин менамояд. Мисолҳои зиёдро дар низоми иқтисоди мутамарказу барномарезишудаи даврони шуравӣ, ки асри сипаригардида пушти сар гузаронидем ва ҳолатҳои камчинии молро зуд зуд мушоҳида менамудем, овардан мумкин аст. Бо гузариш ба низоми иқтисоди озод, новобаста аз мушкилоти муайяни сифатнокии маҳсулот ва ҳанӯз ҳам ноил нагардидан ба рақобати воқеӣ дар бозори мол, ҳолатҳои камчинӣ ва ба пуррагӣ қонеъ нагардидани талаботи истеъмолкунандагон бартараф гардидааст.

Мавҷудияту истифода аз технологияҳои муосир ва бакоргирии донишу навовариҳои техникӣ аз хусусиятҳои ибратомӯзу муваффақи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Аз инрӯ аст, ки кишварҳои дар ҳоли рушд ба монанди кишвари мо ва шумораи зиёде аз кишварҳои олам вобастаи маҳсулоти тавлидшуда дар кишварҳои пешрафта мебошанд. Ин вобастагии шадид натанҳо ба технология ва донишҳои навоварона, балки бештар ба маҳсулоти истеъмолӣ ё воситаҳои истеҳсолии техникӣ, маводи аввалия ва дигар омилҳои муҳимми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию ғайрикишоварзӣ мебошад. Маҳсулотеро пайдо карда наметавонем, ки дар дар истеҳсоли дохилиамон ба маҳсулоти аввалия ё технологияи истеҳсолии воридшаванда, пойбанд набошем.

Дар истеҳсоли гандум, картошка, пиёз, тухми мурғ, помидор, бодиринг, гушт, биринҷ, равған, орд, нахуд, мевагиҳо то садҳо маҳсулоти дигари коркардшаванда вобастаи маводи аввалия ё технологияи замонавии кишварҳои дигар мебошем. Ҳатто барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба тухмиҳои баландсифати хориҷӣ, нерӯҳои минералии воридотӣ ва дигар технологияҳои истеҳсолот пойбанд мебошем ва ҳамаи ин ба арзиши аслии маҳсулот ва номуназзамӣ дар нархҳо ва сатҳи истеҳсолоти ватанӣ таъсир мерасонад.

Азбаски асоси иқтисоди озод ё бозоргониро ба даст овардани фоида ташкил медиҳад ва муҳаррики рушду пешрафт низ ба судоварии бештар робитаи мустақим дорад, дахолатҳои носанҷида ба низоми бозоргонӣ раванди рақобат дар истеҳсолот, афзоиши истеҳсолот ва сифатро халалдор месозад. Рушди рақобат дар истеҳсоли технологияҳои истеҳсолии босифат бо хароҷоти камтар, болобарии боздеҳии истеҳсолот, коркарди механизмҳои илмии афзунгардонии истеҳсолот, донишҳои нави коркарди замину тухмӣ ва даҳҳо ҷанбаҳои илмии бе осебҳои табиию ғайритабиӣ баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз аҳамияти хосса бархурдор мебошад ва ин омилҳо сабаби рушди иқтисодиёту сифати пешрафта будани кишварҳои тараққикарда мебошад.

Бо инроҳ кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ ҳамеша кушиш менамоянд, қудрату пештозии худро дар соҳаҳои иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу иҷтимоиёт бо нигоҳ доштани вобастагии кишварҳои дар ҳоли тавсиа ҳифз намоянд.

Аз дастрас намудани технологияҳои пешрафта ва донишҳои муосир ба кишварҳои дар ҳоли рушд худдорӣ менамоянд, то нуфузу фоидаоварии иқтисодиёти кишварашонро дар низоми тиҷорати байналмилалӣ ҳифз намоянд. Тиҷорат ва муомилот байни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли пешрафт ҳамеша ба манфиати кишварҳои пешрафта ҷамбаст мешавад.

Бобати ба ҳаддиаққал расонидани вобастагӣ ба кишварҳои пешрафта, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва кам намудани воридоти онҳо зарур аст, ки бо рушди маҳорату донишҳои фаннӣ ва ба таври васеъ ба роҳ мондани воридоти технологияи муосир, махсусан дар қадами аввал дар бахши кишоварзӣ иқдом намоем. Зеро нишондиҳандаҳои оморӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки мо натанҳо ба ворид намудани молҳои аз маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсолшаванда пойбанд гаштаем, балки маҳсулоти кишоварзие, ки шароити хуби истеҳсоли онҳоро дар кишварамон дорем, бо берун шудани маблағҳои зиёд бо асъори хориҷӣ ворид менамоем.

Мавзуи паст рафтани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварамон, ки омили асосии зиёдшавии ҳаҷми воридот ва номуназзамӣ дар нархо мебошад, таҳқиқоти алоҳидаро талаб менамояд. Зеро бе тардид сабабҳои зиёдеро аз қабили барои бархе маҳсулот набудани тухмии босифат, мушкили обёриву таъминоти об ҳангоми нашъунамои зироат, болоравии нархи нерӯҳои минералӣ ва сузишворӣ, кофӣ набудани дастгириҳои воқеии соҳавӣ ва молиявию моддӣ ба кишоварзонро ном бурдан мумкин аст.

Кишварҳое, ки молу маҳсулоташон бо суръат вориди бозорҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мешаванд, маҳз бо сабаби муваффақ буданашон дар ватанӣ будани технологияву таҷҳизоти ёрирасон ва маводҳои истифодашаванда дар истеҳсолот ва аз ин тариқ кам гаштани сарфи унсурҳои таъсиррасон дар таркиби хароҷоти истеҳсоли моли алоҳида асос ёфтааст. Дар ин росто, ҳарчи қадар миқдори молҳои воридотӣ бештар мегардад, ба ҳамон мизон то ба истеъмолкунанда расидани маҳсулот тавассути воситаҳову миёнаравҳо бештар гашта, ба ғайривокеӣ будани нархҳо ва баланд будани он оварда мерасонад.

Азбаски нархи маҳсулот ба омили истеҳсолу пешниҳоди он ба бозор робитаи мустақим дорад, бояд ба омилҳои таъсиррасон ба истеҳсолоти бештар ва қонеъ гардонидани талабот аҳамияти ҷиддӣ ва ояндабинона дода шавад. Дар сурати мавҷудияти монеаҳои сунъӣ, санҷишҳои беасос, хурдагириҳои ҷузъӣ, саривақт ташвиқу дастгирӣ накардани истеҳсолгарон ва ҳатто таъмин накардани кафолати фоидаоварии истеҳсолгарон масъалаи қонеъгардонии талаботи бозор ва рушди иқтисодиёт бо мушкилот рубарӯ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила баҳри бартараф намудани мушкилоти мазкур тадбирҳои ҷиддӣ андешида, динамикаи худкифоӣ ва таъмини амнияти иқтисодиву озуқавории кишвар бо барномаҳои дурнаморо тарҳрезӣ намудааст.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 баён гардид, барои рушди иқтисодиёту истеҳсолот тадбирҳоро аз қабили маҳдудият дар санҷишҳои такрориву беасос, аз пардохтҳои андозӣ озод намудани соҳибкорони истеҳсолии касбу ҳунарҳои хонагӣ, аз пардохтҳои гумрукиву андоз озод намудани воридоти технологияи истеҳсолӣ, осону бо фоизҳои муносиб дастрас намудани қарзҳои бонкӣ ва дигар тадбирҳои муҳиму саривақтӣ дастур доданд, ки ҳамагӣ барои рушди истеҳсолот ва шукуфоии иқтисодиёт, инчунин рушди рақобат мусоидати воқеӣ менамояд.