ams.tj

Сафар ба ноҳияи Шаҳристони Вилояти Суғд

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Икромиддин Вализода, ҳамчун Роҳбари гурӯҳи корӣ санаи 29 майи соли ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристони Вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, аз рафти Нақшаи корҳои ободонию бунёдкории ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия амалишаванда, дидан карданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дода, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҳар як масъулини ноҳияро шунида, аз вазъӣ воқеии сокинон, соҳибкорон ва сохтмончиёни иншоотҳои ҷашнӣ бо хабар шуда қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва хотирмон пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Баъдан, Роҳбари гурӯҳи корӣ аз рафти иҷроиши сохтмонҳои бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташуда шинос шуда, ба сохтмончиён хотиррасон намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати махсус дода шавад. махсусан, аз масъулини ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани сохтмонҳои ҷашнӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамзамон, Роҳбари гуруҳи корӣ, аз аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шаҳристон даъват ба амал оварданд, ки дар арафаи иду ҷашнҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд аҳамияти махсус дода шавад.

Дар фарҷоми сафар, Роҳбари гуруҳи корӣ ба сокинони заҳматпешаи ноҳия муроҷиат намуда қайд карданд, ки аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоли хеш дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои созандагиро минбаъд низ тавсеа бахшида, бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи худ барои таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ва боло рафтани обрӯву эътибори он азму талош менамоянд.