ams.tj

Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Федератсияи Россия), ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо дарназардошти робитаҳои таърихӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия;

бо таъкиди нақши муҳимми сиёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мусоидат ба рушди самараноки иқтисодии давлатҳои тарафайн;

бо инобати афзалияти кӯшиши якҷояи Тарафҳо дар ҳалли мушкилоти соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки таваҷҷуҳи тарафайнро инъикос менамояд;

бо нияти густариши ҳамкории Тарафҳо дар соҳаи сиёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

муҳиммияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро эътироф намуда;

бо мақсади мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими муносибатҳо байни Тарафҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон,

дар ин бора ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1.

Мақсади Ёддошти тафоҳуми мазкур аз густариш ва таҳкими ҳамкории байни Тарафҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иборат буда, мувофиқи талаботҳои умумии зерин ба роҳ монда мешавад:

– ҳамкорӣ дар асоси баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои тарафайн;

– ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими муносибати байни Тарафҳо, инчунин мақомоти зертобеи онҳо ва ташкилотҳои дахлдор дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

Моддаи 2.

Ҷиҳати рушди ҳамкории муштарак оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, Тарафҳо ният доранд:

2.1. ба роҳ мондани мубодилаи иттилоот:

дар бораи қонунгузории миллӣ, ки муносибатҳои соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро танзим менамояд;

– дар бораи таҷрибаи амалии ҳуқуқтатбиқкунии фаъолияти Тарафҳо, аз ҷумла таҷрибаи судӣ, бо мақсади таъмини мувофиқи ҳуқуқи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия;

– дар бораи таҷрибаи андӯхта дар самти баррасии парвандаҳои вайрон кардани қонунгузории ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;матнҳои Ёддошти тафоҳуми мазкур, афзалият ба матни русӣ дода мешавад.

– дар бораи чорабиниҳои байналмилалӣ (семинару конференсияҳо ва ғайра) вобаста ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳо гузаронида мешаванд;

– оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

Тарафҳо дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум иттилооти махфиро пешниҳод наменамоянд.

2.2. омӯзиши имконияти гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ бахшида ба сиёсат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои мутахассисони Тарафҳо, мақомот ва ташкилотҳои онҳо;

2.3. баррасии имконияти ташкили вохӯрӣ, боздид ва мубодилаи афкор байни коршиносони Тарафҳо, мақомоти онҳо ва ташкилоти дахлдор, инчунин конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳо оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

2.4. пешбурди мавқеи ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои нишондоди манфиатҳои тарафайн дар доираи иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалие, ки ба масъалаҳои сиёсат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон машғуланд, аз ҷумла Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, инчунин мубодилаи афкор доир ба масоили бисёрҷониба дар соҳаи мазкур;

2.5. ҳамкорӣ намудан вобаста ба дилхоҳ масъалаҳои дигари ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доранд, аз ҷумла дар доираи иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалие, ки ба масъалаҳои сиёсат дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон машғуланд, аз қабили Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд.

Моддаи 3.

Тарафҳо мақсад доранд, ки дар барқарор намудани робитаҳои ҳамкории мустақими байни ташкилотҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, ташкилот ва муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мусоидат намоянд.

Моддаи 4.

Тарафҳо хароҷоти вобаста ба иҷрои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мустақилона таъмин менамоянд, агар дар ҳар як ҳолатҳои мушаххас тартиби дигар мувофиқа нагардад.

Моддаи 5.

Бо розигии Тарафҳо дар мавриди зарурат ба Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонад тағйиру иловаҳо ворид карда шавад, ки он бо имзои намояндагони ваколатдори Тарафҳо дар шакли протоколи алоҳида ба расмият дароварда мешавад.

Моддаи 6.

Масъалаҳои баҳсноки байни Тарафҳо, ки вобаста ба тафсир ва татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба миён меоянд, Тарафҳо тавассути гузаронидани машварати якҷоя ва гуфтушунид ҳал менамоянд.

Моддаи 7.

Ёддошти тафоҳуми мазкур аз санаи ба имзо расидан ба муҳлати се сол мавриди амал қарор дода мешавад. Муҳлати Ёддошти тафоҳум бевосита ба давраи сесолаи минбаъда тамдид мегардад, агар ҳар яке аз Тарафҳо шаш моҳ қабл аз анҷоми муҳлати давраи муқарраргардида огоҳиномаи хаттии якдигарро оид ба нияти қатъ кардани амали Ёддошти тафоҳуми мазкур нагирифта бошанд.

Моддаи 8.

Ёддошти тафоҳуми мазкур шартномаи байналмилалӣ набуда, ҳуқуқу уҳдадориҳоеро, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим мегарданд, ба вуҷуд намеорад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри Москва «17» апрели соли 2019 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуда, ҳамаи матни нусхаҳо эътибори якхела доранд. Дар ҳолати ихтилофот байни матнҳои Ёддошти тафоҳуми мазкур, афзалият ба матни русӣ дода мешавад.

Аз Хадамоти зиддиинҳисории

назди ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Хадамоти федералӣ оид ба

назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи

истеъмолкунандагон ва беҳдошти

инсон (Федератсияи Россия)