ams.tj

Мизи мудаввар бахшиба ба Рӯзи ҷавонон

22 майи соли ҷорӣ дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҷавонон бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Шоҳзод ва намояндаи Иттифоқи ҷавонон Раҳимзода Умед мизи мудаввар гузаронида шуд.

Муовини якуми Сардори Хадамот Одиназода Назар Санг сухани ифтитоҳиро оѓоз намуда чавонони Хадамотро ба рузи ҷавонон табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати махсус додааст.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Сухани навбатиро ба Сардори раёсати ҷавонони Кумита Раҳимов Шоҳзод дода, зикр намуданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон шароити муносиб фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме, ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомӯз дар хориҷи кишвар мебошад. Тавре Пешвои миллат қайд менамояд, ҷавононе, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ бар ин, масъалаҳо пайдо мешаванд. Робита ва ҳамкорӣ бо ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҳукумат маҳсуб мешавад. Таъсис додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, ташкили стипендияҳои президентӣ, ташкили ҷоизаҳои махсус барои олимону ихтироъкорони ҷавон далели муътамади ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Дар охири ҷаласа ҷавонони фаъоли Хадамот бо сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.