ams.tj

Вохӯрӣ бо соҳибкорон – воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони орду гандум

Санаи 17 майи соли 2019 дар маҷлисгоҳи бинои Маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Одиназода Назар Санг, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яќубӣ, сардорони сохторҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, маќомоти саноат ва андоз дар вилояти Суғд бо иштироки васеи соҳибкорони истеҳсолкунанда ва воридкунандагони орду гандум дар вилояти Суғд, аз ҷумла ҶДММ “Ғаллаи Суғд”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҶДММ “Аҷр”, ҶДММ “Аркаим”, ҶДММ “Ғаллаи Суғд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҶДММ “Зернова компания”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа оид ба вазъи бозори истеҳсоли орд ва воридоти орд, гандум дар моҳҳои январ – апрели соли 2019 дар ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд маълумот доданд.

Инчунин, ба ҳозирин моҳияти ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018, №257 “Дар бораи Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиќи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халќ ва хизматрасониҳо” ва аз 31 майи соли 2018, №287 “Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ ќарор дода мешаванд” фаҳмонида шуд.

Ғайр аз ин, ба иттилои ҳозирин расонида шуд, ки тибќи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1604 “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркаршуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.

Дар ҷаласа ќайд карда шуд, ки вобаста бо ќабули ќонуни мазкур тибќи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид Хадамоти зидиинҳисорӣ вазифадор гардидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии беасоси болоравии нархи орд ва гандум, инчунин, баҳогузорӣ ва арзёбӣ аз рӯи дурустии ташакулёбии нархи фурӯши орди истеҳсоли ватанӣ бо соҳибкорони истеҳсолкунанда ва воридкунандагони орд ва гандум дар вилояти Суғд вохӯрӣ доир намояд.

Дар вохӯрии мазкур оид ба варидоти орд, гандум ва истеҳсоли орд дар вилоят, инчунин мушкилиҳои ҷойдошта дар истеҳсол ва фурӯши ин маҳсулотҳо, масъалаҳо вобаста ба таҷдиди назар кардани тарифҳои хизматрасонии роҳи оҳан дар ҳудуди вилоят ҳангоми интиќоли орд ва гандум, мушкилиҳои ҷойдошта оид ба пешниҳоди электронии ҳисобот ба маќомоти андоз бо соҳибкорон суҳбати ошкоро баргузор гардид.

Инчунин, барои тартиб додани калкулятсия арзиши як тонна орд ва гандум ва муайян намудани сатҳи болонархӣ, аз соҳибкорон хоҳиш карда шуд, ки маълумоти зарурӣ, аз ҷумла эъломияи гумрукӣ оид ба воридоти орд ва гандум, бо замимаҳояш, хароҷотҳо бо рамзкушоии моддаҳои хароҷотиро ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намоянд.