ams.tj

Ҳафт ташаббуси глобалии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти об

Норасоии оби нушокӣ дар ояндаи наздик метавонад теша ба решаи бақои инсоният гардад. Ва ин хулосаи талх, мутаассифона, на бофтаи хаёл, на ангезаи нави сиёсатбозиҳо, балки натиҷаи омӯзишу тадқиқоти тӯлонию сершумори олимону коршиносони соири кишварҳост. Тибқи омор, ҳаҷми умумии об дар Замин тақрибан 1400 миллион километри мукаабро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ 2,5 дарсадаш, яъне қариб 35 миллион километри мукаабаш оби ошомиданист. Айни замон 1,2 миллиард одам ба оби бехавфи нушокӣ дастрасӣ надорад, 2,4 миллиарди дигар бошад, ба васоити зарурии санитарӣ. Ҳамасола аз бемориҳои истифодаи оби ифлос ангехта беш аз 3 миллион нафар ба ҳалокат мерасад.
Даҳшат, гузашта аз ин, фоҷиаи инсоният аз ин бештар мешавад?! Эҳтимоли воқеӣ дорад, агар сари вақт тадбирҳои глобалии пешгирӣ андешида нашаванд, мегуянд олимону коршиносон ва далели зиёде меоранд, ки чун намуна ду далелро зикр кардан кофист. Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2050 аҳолии сайёра ба 10 миллиард нафар мерасад. Тибқи пешгуиҳо, то соли мазкур ҳарорати глобалӣ метавонад аз 1,6 дараҷа то 6 дараҷа гармтар шавад ва бо ҳар як дараҷаи гармшавӣ ҳафт дарсади аҳолии дунё аз 20 дарсади захираи барқароршавандаи об маҳрум мегардад. Дар маҷмуъ, аз чор се ҳиссаи одамон метавонанд бе оби тоза монанд!
Аммо бояд гуфт, ки камии об на раванди табиӣ, балки натиҷаи амали инсон аст. Вазъияти буҳронии мавҷуда сабабҳои зиёд дорад, лекин асосиҳояш инҳоянд:

  • Манбаъҳои асосии оби нушокӣ дарёю кулу ботлоқҳоянд. Аммо тақсимоти ин неъмати ҳастисоз дар қаламрави сайёра нобаробар аст. Масалан, ба Аврупо, ки 20 дарсади аҳолии мардуми дунё ба сар мебарад, ҳамагӣ 7 дарсади захираҳои об рост меояд.
  • Шумори одамон дар Замин, ҳамчунин эҳтиёҷи онҳо рўз аз рўз меафзояд. Яъне агар алъон афзоиши солона 84 миллион нафарро ташкил диҳад, пас зиёдшавии захираҳои об бояд ҳадди ақал 60 миллион метри мукааб бошад.
  • Истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ боиси масрафи босуръати онҳо мегарданд (обҳои зеризаминӣ ниҳоят суст, соле ҳамагӣ 1 дарсад бақарор мешаванд). Масъалаи мазкурро ифлоссозии манбаъҳои об душвортар мегардонад (партовҳои саноатӣ, заҳрдоруҳои киштзор). Барои мисол, дар Амрико 37 дарсади дарёю кулҳо ба дараҷае ифлос карда шудаанд, ки ҳатто оббозӣ кардан имкон надорад.

Ин нобаробарӣ аз ибтидо кишварҳоро дар шароити гуногун гузошт. Бо назардошти ин ва дараҷаи рушди иқтисодии худ ҳар давлат мушкили мазкурро ба қадри тавон ҳал мекунад. Албатта, дасти давлатҳои иқтисодашон пешрафта барои таъмини аҳолии хеш бо оби нушокӣ “ба гиребони орзу мерасад”.
МАСАЛАН, дар Миср лоиҳаи гаронарзишеро бо номи «Водии нав» роҳандозӣ карданд, ки тавассути он 10 дарсади оби дарозтарин дарёи дунё – Нилро ба минтақаҳои ѓарбии мамлакат равона месозанд ва масоҳати замини қобили зист дар Миср 25 дарсад меафзояд. Гузашта аз ин, 2,8 миллион ҷои нави кор фароҳам омада, беш аз 16 миллион нафар ба шаҳрҳои нави бунёдшаванда кӯчонда мешаванд.
Ҳолланд ва Ҷопон, ки низ иқтисоди рушдкарда доранд, барои ҷуброни каср бо роҳи дигар рафтанд. Сарфи назар аз хароҷоти калони интиқол онҳо оби тозаро аз Норвегия харида, дар мағозаҳои худ ба фуруш мебароранд.
Ё худ мисоли дигар. Кишварҳои халиҷи Форс дар натиҷаи қиматшавии бесобиқаи нафт дар миёнаи асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 маблағи ҳангуфт ба даст оварданд ва имкони хуб пайдо карданд барои бартарафсозии буҳрони об. Пеш аз ҳама, бунёди корхонаҳои ширинкунии оби шўр авҷ гирифт. Айни замон Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб натанҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ҳаҷми калонтарини оби шӯрро ширин мекунанд. Соли 2014 дар Арабистони Саудӣ бузургтарин дар дунё корхона ифтитоҳ ёфт, ки ҳар шабонарўз 1 миллион метри мукааб об ва 2,6 ҳазор МВт неруи барқ истеҳсол месозад.
Дар панҷ соли наздиктарин мамлакатҳои Халиҷ барои таъмини боз ҳам беҳтари аҳолии худ бо оби нушокӣ қариб 100 миллиард доллар маблағ харҷ карданиянд. Аз ҷумла, Қатар барои сохтмони иншооти нигоҳдорандаи захираи ҳафтрӯзаи об 900 миллион доллар ҷудо намуд. Ғайр аз ин, мамлакатҳои мазкур лоиҳаи нодир бунёди лӯлаи оби тӯлаш қариб 2000 километр бо арзиши 10,5 миллиард долларро пиёда месозанд. Тибқи лоиҳа аз ҷумла дар Уммон бунёди ду корхонаи обполо бо иқтидори 500 миллион мукаабметр об дар назар аст, ки он тавассути лӯла ба маҳалҳои аз оби нушокӣ танқисидошта интиқол меёбад.
Дар сурати ҳамин ҳоло аз оби нушокӣ танқисӣ кашидани сеяки аҳолии кураи Замин мисолҳои боло ба масал аз ҷумлаи ҳамон як гулест, ки қудрати баҳор овардан надорад. Зеро соири кишварҳои дунё на ба дараҷае руш ёфтаанд, ки барои рафъи камчинии об садҳо миллион доллар сарф кунанд. Гузашта аз ин, кам нестанд давлатҳо, хоса дар Африқо, ки на об доранду на пул, яъне қашшоқанд ва ба танҳоӣ дар ҳалли ин масъалаи ҳаётӣ оҷизанд. Дар маҳалли будубоши як қабилаи африкоӣ ғайр аз камобӣ, чун сухта болои намакоб, хушксолӣ ҳам бисёр руй медиҳад. Дар чунин вазъияти тоқатфарсо занҳои ин қабила рӯзи дароз заминро мекобанд, то ки ба қабати қуми нам расида, об ҷамъ оранд. Онҳо бо қошуқ рӯзе буду шуд то 2 литр об мегиранд! Барои тамоми қабила!! Ва чунин мисолҳо, ки натанҳо аз диданашон, ҳатто аз шуниданашон, ба таъбири халқ “муи бадан рост мехезад”, лак андар лаканд.

ТАМАДДУНИ инсонӣ, ки барояш фатҳи кайҳону қаъри замин амали муқаррарӣ шудааст, ин фоҷиаро метавонад ором таҳаммул кунад? Бешубҳа, на. Моҳи сентябри соли 2000 дар Ҳамоиши ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифта шуд, ки то соли 2015 теъдоди мардуми бо оби нушокии бехавф дастнадошта ду баробар коҳиш дода шавад. Ва маҳз ҳамин сол ба арсаи ҷаҳонии мубориза бо ин мушкили глобалӣ Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам ниҳод. 23 декабри соли 2000 Маҷмаи умумии СММ бори аввал бо ташаббуси Ӯ қатъномаи “Соли байналмилалии оби тоза. 2003”ро қабул намуд. Ин барои Тоҷикистони соҳибихтиёр ва Сарвари ҷавонаш, ки нав аз даҳшати ҷанг халос хурда, захмҳои ҷонкоҳи онро дар пайкари давлату миллат даво мекард, нишони эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Баъдан Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба оби тоза, ки бо тасмими Созмони Милали Муттаҳид 29 август – 1 сентябр дар Душанбе доир гашт, нишон дод, ки Тоҷикистон дар ин ҷода собитқадам аст. Инро ҳар иштирокчии он аз суханронии Пешвои миллат баръало эҳсос кард, аз ҷумла баъди ин суханҳо: “Кишвари мо ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рўбарў ҳастем. Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд.
Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нўшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо – мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем.

Аз ин рў, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таавҷҷўҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода аз танзими оқилонаи онҳо мебошад”.
Ҳадафи асосии ин қатънома ҷомеаи ҷаҳонро аз мушкилоти оби тоза, ҳамчунин зарурати ҳалли таъҷилии онҳо бештар воқиф сохтан маҳсуб меёфт. Соли 2013 соири кишварҳо ва созмонҳои дунё мебоист аз муколама, барномарезӣ ва эъломи ўҳдадориҳо ба пиёдасозии нақшаҳо ва лоиҳаҳо мегузаштанд. Яъне кори амалӣ шуруъ мешуд. Зеро фурсати таъхир набуд.
РАСО пас аз се сол, 23 декабри соли 2003 дар ҷаласаи 58уми Маҷмаи умумии СММ ташаббуси нави Тоҷикистонро пазируфта, солҳои 2005 2015 – ро даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт” эълом дошт. Муҳтавои асосии даҳсола мусоидат ба талошҳо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои дар сатҳи байналмилалӣ гирифтаи давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз дар масъалаи об буд. Дар ин иртибот муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Анварул К. Чоудхури дар номаи табрикии хеш ба унвони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2003 навишта буд: “Ифтихорманду қаноатмандам, ки ба Шумо табрикоти самимии худро ба муносибати Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бомуваффақият қабул намудани Резолютсияи Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005 – 2015 мефиристам. Ниҳоят зиёд пайдо шудани ҷонибдорони ин қатънома аз дастгирии ҳаматарафаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид гувоҳӣ медиҳанд.
Сарчашмаи ин ташаббуси наҷибона пешниҳодҳое мебошанд, ки Шумо дар баромадҳои худ аввал дар Киото, Ҷопон дар Ҳамоиши сеюми умумиҷаҳонӣ, баъд дар Душанбе, дар Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба оби тоза карда будед, ки шахсан ман аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан ҳузур доштам.
Шумо дарро барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи захираҳои об васеъ кушодед, ки чун василаи қувваи ҳаракатдиҳандаву рушди устувор баҳри рафъи қашшоқӣ хизмат мекунад. Ин барои мамлакатҳои сусттараққиёбанда, ҳамчунин давлатҳои мутараққие, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд ва давлатҳои тарққиёбандаи дар ҷазираҳо мавқеъ гирифта ягона имкониятест, ки аз ин барномаи «даҳсолаи об» ба манфиати рушду нумўи хеш самаранок истифода намоянд”.

Аммо афзоиши босуръати аҳолии сайёра, тағйирёбии иқлими он, намегузоштанд, ки тадбирҳои даҳсола натиҷаҳои матлуб ба бор оранд ва масъалаи таъминот бо об печидатар мешуд. Аз ин рӯ, бо дарки зарурати такони ҷиддӣ додан ба ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт Сарвари давлат анҷомёбии даҳсолаи “Об барои ҳаёт”ро интизор нашуда, иқдоми нав зоҳир карданд. Чун натиҷа, Маҷмаи умумии СММ бо пуштибонӣ аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард. Воқеан, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар таъмини амният, мубориза бо қашшоқӣ, муваффақшавӣ ба адолати иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад. Чуноне дар таъбири нишонраси халқӣ омадааст, “қувваи мушт дар ҷамъи ангушт”.
ДАР тули қариб бист соли охир Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути Сарвари худ ҳафт ташаббуси глобалӣ дар масъалаи мушкилоти об манзур кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории мутлақ ёфт. Охирини он Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” мебошад, ки айни замон дар ҷараёни пиёдасозист. Он идомаи мантиқии ибтикороти пешинаи Пешвои миллат аст. Зимнан, 20 июни соли равон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар Душанбе шуда гузашт, ҳамин нуктаро таъкид карда, умедвориҳои худро аз барномаи нави густурда чунин ироа доштанд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳаммияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.
Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад. Махсусан мо тавонистем, ки тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», корҳои зиёдеро ба сомон расонем.
Ҳамаи ин талошҳо барои таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамоянд, асоси мустаҳкаме гузоштанд.
Хусусияти барномаи нави рушди устувор ин аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд. Гуфтан мумкин аст, ки ноил шудан ба рушди устувор бе татбиқи мудирият ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ғайриимкон мебошад. Мо умедворем, ки Даҳсола ва механизми иҷрову назорати он барои ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои андешидашуда ва қадамҳо дар роҳи расидан ба идоракунии якҷояи захираҳои об заминаи муносибе ба вуҷуд хоҳад овард”.
Замоне Сарвари давлат барои миллати тоҷик сулҳ оварданд. Ҳоло бошад, бист сол боз дар талоши шикастани ташнагии миллиардҳо мардуми сайёраанд. Халқи хирадманди тоҷик обдиҳиро аз савобтарин амалҳои инсонӣ меҳисобад. Ва дар мавриди нафароне, ки мушкили оби мардум ҳал мекунад, дасти дуо бардошта “Умри об диҳад” мегуяд. Бешубҳа, барои Пешвои муаззами мо миллионҳо сокинони сайёра чунин дасти дуо мебардоранд.

Шамсиддин НАСРИДДИНОВ,
корманди Хадамоти зиддиинҳисорӣ