ams.tj

Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти қалбакӣ

Тибқи Ёддошти Кумитаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Россия расмиёти дохилиидоравиро нисбат ба «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба истеҳсол ва паҳнкунии маҳсулоти қалбакӣ», ки 25 майи соли 2017 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ба имзо расидааст, ба анҷом расонид.

Дар ин робита ҷиҳати гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо намудани санади зикршуда, тибқи супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти қалбакӣ» таҳия намуда, ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Мутобиқи моддаи 13 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019, №180 «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти қалбакӣ» қабул гардид.