ams.tj

Вохӯрӣ бо донишҷуён ва омузгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Душанбе 

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷ лили «Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 марти соли 2020» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон санаи 4 март бо донишҷуён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор намуд.

Дар рафти вохӯриҳо аз ҷониби сардори Раёсати ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ ба иштирокчиён таърихи пайдоиш ва моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон – 15 март ва низоми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардошти маърифатнокии истеъмолкунандагон ва фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси Раёсати ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ ба иштирокчиён дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тариқи намоиш (презентатсия) баромад намуданд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва намояндагони дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба саволҳои донишҷуёну омӯзгорон  ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

           Инчунин, дар рафти вохӯриҳо ба иштироккунандагон маводҳои таблиѓотӣ дар намуди китобча, буклет  тақсим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *