ams.tj

Сафари расмии Пешвои миллат ба Федератсияи Россия

16 -17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом доданд.

    Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт – зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот карданд.

    17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дармулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас бо иштироки ҳайтаҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуд. Зери Изҳоротии муштараки Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд. Дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:
– Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамотифедералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (ФедератсияиРоссия) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

    Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба дар таҳкими минбаъдаи дустӣ ва шарикии стратегии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.