ams.tj

Давраи омӯзишӣ оид ба муносибат бо шахсони имконияташон маҳдуд дар самти хизмати давлатӣ ҷараён дорад

Декабрь 24, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Муносибат бо шахсони имконияташон маҳдуд дар самти хизмати давлатӣ» — таҳти чунин унвон дирӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – тренинги омӯзишӣ оғоз гардид.

Ба иттилои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семинар 30 нафар устодону кормандон ва донишҷӯёне, ки имконияташон маҳдуд аст, ширкат менамоянд. Дар тӯли ду рӯз ба онҳо устоди Донишгоҳи Трансилванияи Руминия, тренери дараҷаи байналмилалӣ Миҳаи Барсан дарс мегӯяд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни ифтитоҳи он иброз дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дастгирӣ, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қишри осебпазири ҷомеа, бахусус, маъюбон, бепарасторон, шахсони дорои имконияти маҳдуд мавқеи махсус ишғол менамоянд.

Таъкид гашт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню — Йорки ИМА Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расид, ки ин худ шаҳодати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки семинар — тренинг дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар заминаи Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ гузаронида мешавад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *