ams.tj

Арчаи асосии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин арчаҳои солинавии ИДМ шомил шуд

Декабрь 24, 2019 11:55

ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Арчаи сабзу зебое, ки бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороишот дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зеб дода шудааст, ба рейтинги даҳгонаи баландтарин ва асоситарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Баландии арчаи асосии солинавии Тоҷикистон 29 метрро ташкил медиҳад.

Рейтингро коршиносони портали сайёҳии «ТурСтат» тартиб додаанд.

Ба даҳгонаи аввали баландтарин арчаи солинавии ИДМ арчаҳои шаҳрҳои Ашқобод (40 метр), Ереван (37 м), Тошканд (36 м), Боку (34 м), Минск (30 м), Душанбе (29 м), Москва ( 27 м), Бишкек (27 м), Нур-Султон (25 м) ва Кишинёв (20 м) шомил шудаанд.

«Рейтинг аз рӯи натиҷаи омӯзиши баландии арчаҳои асосии солинавӣ дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ тартиб дода шудааст»,-хабар медиҳад «ТурСтат».

Арчаи асосии солинавии Россия дар майдони назди Кремл бо баландии 27 метр ягона арчаи солинавии ҳақиқии сарсабз дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *