ams.tj

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз ҳазору 200 номгӯй маводи доруворӣ ва тиббиро аз муомилот гирифт

Декабр 24, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми 11 моҳи соли равон зимни гузаронидани санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ  зиёда аз 1 ҳазору 200 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз муомилот бозпас гирифтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти мазкур хабар медаҳад.

Гуфта мешавад, ки ба он асосан номгӯи маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда ворид мебошад.

«Давоми 11 моҳ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи нақша корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фарматсевтӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ ва бақайдгириро идома дод», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем ки айни ҳол дар Тоҷикистон 2 ҳазору 528 муассисаи фарматсевтӣ, аз ҷумла 507 адад дар шаҳри Душанбе, 332 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 712 адад дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, 910 адад дар вилояти Суғд ва 67 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.

Акс аз бойгонӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *