ams.tj

Эктремизм ва терроризм падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир

Санаи 5 декабри соли 2019 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Экстремизм ва терроризм хатарҳои торафт вусъаиёбандаи ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Ҳамидҷон, Роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Маҷидзода Ҳ. бо шукргузории тинҷиву амонии кишвар маќсад аз баргузории нишасти имрўзаро бедор намудани ҳушёриву зиракии сиёсӣ баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории мутташакили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриќонунии маводи мухадир ва дигар қонуншиканиҳо номиданд. Инчунин, вобаста ба пайдоиш ва сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию эктремистӣ ба кормандор мавзўъ ироъа гашта, аз дастовардҳои даврони истиқлолияд ёддоварӣ карда шуд. Баъди фаҳмонидани муҳтавои ин падидаи номатлуб, ки бештар шаҳрвандони гумроҳу таърихношиносро ба доми худ мекашад, роҳбарият ҷиҳати дар руҳияи баланди ахлоқӣ, ватандўстӣ тарбият намуданӣ ҷавонон, ки қишри осебпазир ба ҳисоб меравнд сухан гуфтанд. Чаласаи мазкур бо умеди ободиву пешрафти ҷомеа, сулҳу субот ва осоиштагиву саодати рўзгори мардум ба итмом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *