ams.tj

Бахшида ба 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои  илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994  Пешвои муаззами миллати  мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, таҷлили  «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Аз ин рӯ, дар «Рӯзи Президент» беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

 

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нур аст.

Қадамаш хуррамию ободӣ,

Ватанаш нуру кишвараш нур аст.

Ба шаби тира дастболо шуд,

Офтобе, ки лашкараш нур аст.

Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,

Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.

Аммо барои расидан ба ин мақоми миллию таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии вайро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ ва чӣ арзише дорад, зеро имрӯз вақте дар бораи роҳи тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи пурпечутоби Истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, бешубҳа, симои ин шахсият пеши назар меояд. Маҳз ҳамин нигоҳи ҷомеъ ва маҳз таҳлили қадам ба қадам нишон медиҳад, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Пешвои дӯстдоштаи миллат аст ва чаро ин мақоми ӯ ҳолати табиӣ ва бисёр устувор дорад.

Албатта, комёбиҳои миллат ва кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳала кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ роҳеро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Ва низ бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллии худ дар чист.

 Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод,  зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали  Истиқлолияти давлатӣ ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд.

Эмомалӣ  Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон фақат як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эминии миллат аз парокандагию бадбахтӣ.

Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ва шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва пешвои миллии мардуми мо донистани Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад.

Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони  иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Имрӯз шоҳидем,  ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пас Пешвои миллат  будани Эмомалӣ Раҳмон фақат як мансаб ё як унвони ҳуқуқӣ нест, балки Пешвои миллат будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардааст.

Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ  аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз  як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ,  эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.

Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ Пешвои миллат будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *