ams.tj

«Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷамъомад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Муовини якуми сардори Хадамот Музаффарзода Дилшод Музаффар баромад намуда, аз дастовардҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро роҳнамоӣ карданд.

Ҳамзамон, дар ҷамъомад Абдуллозода Ҳабиб Рустам ҳамчун котиби ташкилоти ибтидоии «Рушди рақобат»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи таҷлили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои сиёсии дар соли 2020 ба нақша гирифташуда диққати кормандонро ҷалб намуд.

Дар охир Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамаи кормандонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Хадамот табрик намуда, ҳамаи онҳоро ҷиҳати пос доштани Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмӣ ва фахолияти софдилона дар мақомоти давлатӣ даъват намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *