ams.tj

Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи соли 2019

Рӯзи 10 октябри соли 2019 дар Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, Дастгоҳи марказӣ ва кормандон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.

Ҷаласаро Абдулмаҷид Муминзод – сардори Хадамот рохбарӣ намуд.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовини якуми Сардори Хадамот Музаффарзода Дилшод Музаффар оид ба фаъолияти Хадамот дар нуҳ моҳи соли 2019 шунида шуд. Аз ҷумла, диққати махсус ба вазъи бозорҳои ҷумҳурӣ, болоравии нархи маҳсулотҳои ниёзи аввалия дода шуд.

Ҳамзамон, роҳбарони раёсатҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ гузориш пешниҳод намуданд.

Дар охири ҷаласа Сардори Хадамот ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Хадамот дар самти сиёсати зиддиинҳисорӣ, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ дар семоҳаи чоруми соли 2019 вазифагузорӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *