ams.tj

Вохӯрӣ бо соҳибкорони истеҳсолӣ дар вилояти Суғд

 

Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии сунъии арзиши орд дар бозорҳои  мамлкат  Сардори  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид Мубин  бо иштироки васеи соҳибкорони истеҳсолӣ дар вилояти Суғд мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар мулоқот оид ба омилҳои кам коркард намудани гандум дар мамлкат ва истеҳсоли орду болоравии нархи он  дар миқиёси ҷумҳурӣ   гуфтугӯ сурат гирифт.

Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ воридоти гандум бо имтиёзҳои давлатии гумрукӣ ба ҳудуди вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта   то 25 дар сад зиёд буда, дар баробари ин воридоти орд низ вобаста ба талабот рӯ ба афзоиш аст.

Аммо болоравии арзиши ғалла дар кишварҳои истеҳсол ва содироткунандаи ин навъи маҳсулот то андозае ба гарон шудани нархи орд дар ҷумҳурии мо боис гардидааст.

Ҳамчунин дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии   вилояти Суғд низ иштирок ва суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки ҳоло ҷамъоварии гандум дар заминҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бо суръат идома дорад ва дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ соҳибкорони мо азм доранд, ки  воридоти гандумро бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣ бештар ба роҳмонда, бо истеҳсоли   орд  ва фаровонии он дар бозорҳои мамлкат ва ба ин васила дар самти пешгирӣ аз болоравии нархи сунъии орд саҳми назаррас гузоранд.

Дар вохӯрии мақсаднок гуфта шуд, ки аллакай байни субектҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ шартномаҳо ҷиҳати воридоти гандум ба кишвари мо баста шуда, бо ҷамъоварии ҳосили нав  давра ба давра ғалла ворид ва коркард карда мешавад.

Соҳибкорон иттилоъ доданд, ки захираи мавҷудаи  гандум дар анборҳои корхонаҳои истеҳсоли орд мақсаднок истифода шуда, рӯзҳои наздик бо ворид шудани ғалла аз ҳосили нав ба ҳудуди ҷумҳурӣ арзиши орд низ коҳиш хоҳад ёфт.

Дар фароварди вохӯрӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва имтиёзҳои ба ин соҳа муқарраршуда соҳибкорон ваъда доданд, ки воридоти гандумро ба мамлкат зиёд ва коркарди ордро афзоиш дода, бо ин васила фаровонии маҳсулоти ордиро дар бозорҳо бо нархҳои дастрас таъмин хоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *